Доварон 5:1-31

  • Суруди ғалабаи Дебӯро ва Бороқ (1–31)

    • Ситораҳо бо Сисро меҷанганд (20)

    • Селоби Қишӯн (21)

    • Дӯстдорони Яҳува мисли офтобанд (31)

5  Дар он рӯз Дебӯро+ ҳамроҳи Бороқи+ писари Абинӯам чунин суруд хонд:+   «Барои он ки ҷанговарон дар Исроил мӯйҳои худро сар доданд,Барои он ки мардум бо ихтиёри худ баромад,+Яҳуваро ҳамд гӯед!   Бишнавед, эй подшоҳон! Гӯш диҳед, эй ҳокимон! Ба Яҳува хоҳам сароид,Дар васфи Яҳува, Худои Исроил,+ суруд хоҳам хонд*.+   Эй Яҳува, вақте ки ту аз Сеир+ берун омадӣ,Вақте аз замини Адӯм ба ҷанг баромадӣ,Замин ба ларза омад ва аз осмон борон борид,Аз абрҳо об ҷорӣ шуд.   Кӯҳҳо аз ҳузури Яҳува об шуданд*,+Ҳатто кӯҳи Сино аз ҳузури Яҳува, Худои Исроил,+ гудохта шуд.+   Дар рӯзҳои Шамҷари писари Анот,+Дар рӯзҳои Ёил,+ роҳҳо беодам гаштандВа роҳгузарон бо пайраҳаҳо равона буданд.   Дар деҳоти Исроил кас намонд,Касе дар он ҷо набуд, то даме ки ман, Дебӯро,+ бархестам,То даме ки чун модар дар Исроил бархестам.+   Онҳо худоёни навро ихтиёр карданд+Ва назди дарвозаҳо ҷанг сар зад.+ Дар байни 40 000 марди ИсроилНа сипар дида мешуду на найза.   Дили ман бо фармондеҳони Исроил аст,+Бо касоне, ки бо ихтиёри худ ҳамроҳи мардум рафтанд.+ Яҳуваро ҳамд гӯед! 10  Эй касоне, ки бар харони малла саворед,Касоне, ки бар қолинҳои қиматбаҳо нишастаед,Ва касоне, ки дар роҳ равонаед,Андеша кунед! 11  Овози онҳое, ки об медиҳанд, назди обхӯраҳо шунида мешуд. Дар он ҷо онҳо корҳои одилонаи Яҳуваро,Корҳои одилонаи деҳотиёнашро, ки дар Исроиланд, зикр менамуданд. Он гоҳ халқи Яҳува сӯйи дарвозаҳо фаромад. 12  Бедор шав, бедор шав, эй Дебӯро!+ Бедор шав, бедор шав, суруд бисаро!+ Бархез, эй Бороқ!+ Асирони худро бибар, эй писари Абинӯам! 13  Он гоҳ бақияи мардум пеши мирон поён омад,Халқи Яҳува сӯйи ман фаромад, то бо баҳодурон биҷангад. 14  Асли онҳое, ки дар водианд, аз Эфроим аст,Онҳо аз пайи ту, эй Бинёмин, дар миёни мардуми ту равонаанд. Аз Мокир+ фармондеҳон фуруд омадандВа аз Забулун асобадастоне, ки сарбозонро номнавис мекунанд*. 15  Мирони Иссокор бо Дебӯро буданд,Иссокор бо ӯ буд ва Бороқ низ.+ Ӯро пойи пиёда ба водӣ фиристоданд.+ Дар қабилаи Реубен андешаҳои дил бисёр буд. 16  Чаро ту байни ду хӯрҷин нишаста,Садои найҳои рамабононро гӯш мекардӣ?+ Дар қабилаи Реубен андешаҳои дил бисёр буд. 17  Ҷилъод дар он тарафи Урдун мондааст.+ Чаро Дон назди киштиҳо истод?+ Ошер дар лаби баҳр бекор нишастаастВа дар назди бандарҳои худ мондааст.+ 18  Мардуми Забулун ҳаёташро дар хатар гузошт,Нафтолӣ низ+ дар талу теппа ҷонбозӣ кард.+ 19  Подшоҳон омада, ҷангиданд. Он вақт подшоҳони КанъонДар Таънок, назди обҳои Маҷиддӯ,+ ҷангиданд,+Аммо ҳеҷ нуқрае ба даст наоварданд.+ 20  Аз осмон ситораҳо ҷанг карданд,Аз мадори худ бо Сисро ҷангиданд. 21  Селоби Қишӯн онҳоро шуста бурд,+Дарёи қадимист дарёи Қишӯн. Ту зӯрмандонро поймол кардӣ, эй ҷони* ман! 22  Он вақт суми аспҳо заминро кӯфт,Бодпоёнаш тирвор давиданд.+ 23  “Мерӯзро лаънат кунед,— гуфт фариштаи Яҳува,—Сокинони онро дуои бад кунед,Зеро онҳо ба мадади Яҳува наомаданд,Бо паҳлавонон ба мадади Яҳува нашитофтанд”. 24  Ёил+ бештар аз ҳамаи занон баракат ёфтааст,Ёили зани Ҳабари қенӣ.+ Ӯ бештар аз ҳамаи занони хайманишин муътабар гаштааст. 25  Ӯ об пурсид, вай шир дод,Дар шоҳкосаи мирон шири серравған* овард.+ 26  Дасти худро ба мехи хайма дароз кард,Дасти рости худро ба путки коргарон. Ӯ Сисроро зарба зад, сари вайро кӯфт,Чаккаҳояшро шикаста, мехкӯб кард.+ 27  Ӯ пеши пойҳояш фурӯ ғалтид, ӯ афтид ва ноҷунбон хобид,Пеши пойҳояш фурӯ ғалтид ва афтид,Дар ҷойи афтидааш ҷон дод. 28  Зане аз тиреза нигоҳ мекард,Модари Сисро аз панҷара назар медӯхт: “Чаро аробаи ӯ то ҳол наомадааст? Чаро садои суми аспонаш то ҳол ба гӯш намерасад?”+ 29  Хотунҳои донояш ба вай ҷавоб медоданд,Худаш низ чунин суханонро такрор мекард: 30  “Аз афташ, онҳо ғаниматро ба даст оварданду онро тақсим мекунанд: Як духтарӣ, ду духтарӣ ба ҳар як ҷанговар,Либоси ранга барои Сисро, бале, либоси ранга,Куртаи гулдӯзӣ, либоси ранга, ду куртаи гулдӯзӣБар гардани касоне, ки соҳиби ғанимат шудаанд”. 31  Бигзор тамоми душманонат, эй Яҳува, нобуд шаванд,+Аммо дӯстдоронат мисли офтобе бошанд, ки торафт дурахшон мегардад». Пас аз ин замин 40 сол осоиш ёфт.+

Поварақҳо

Ё «хоҳам навохт».
Ё, эҳтимол, «ба ларза омаданд».
Ё, эҳтимол, «онҳое, ки лавозимоти котибро дар даст доранд».
Ҷон — ниг. ба луғат.
Ё «қаймоқ».