Доварон 8:1-35
8 Сипас мардони Эфроим ба вай гуфтанд: «Ин чӣ корест, ки бо мо кардӣ? Барои чӣ, вақте ки бар зидди Мидён баромадӣ, моро хабар накардӣ?»+ Онҳо бо ӯ сахт ҷанҷол карданд.+
2 Аммо ӯ ба онҳо гуфт: «Кори кардаи ман дар пеши корнамоии шумо чист? Магар хӯшаҳои охирине, ки Эфроим+ чидааст, аз ҳосили ангуре, ки Абиозер ҷамъ овард, беҳтар нест?+
3 Охир, Худо мирони Мидён, Ӯриб ва Заибро,+ ба дасти шумо супорид. Магар кори ман ба ин кори шумо баробар шуда метавонад?» Вақте ки ӯ ин гапро гуфт, онҳо ором шуданд.
4 Баъд аз ин Ҷидъӯн сӯйи Урдун омада, аз он гузашт. Ӯ ва 300 марде, ки ҳамроҳаш буданд, монда бошанд ҳам, аз пайи душман сур мекарданд.
5 Аз ин рӯ ӯ ба мардуми Суккӯт гуфт: «Илтимос, ба одамоне, ки аз паси ман меоянд, нон диҳед, чунки онҳо хастаю лакот шудаанд ва ман аз паси Забаҳ ва Салмуно, подшоҳони Мидён, сур карда истодаам».
6 Вале мирони Суккӯт гуфтанд: «Магар ту Забаҳ ва Салмуноро аллакай дастгир кардӣ ки, мо ба лашкари ту нон диҳем?»
7 Ҷидъӯн дар ҷавоб гуфт: «Ана барои ҳамин гапатон, вақте ки Яҳува Забаҳ ва Салмуноро ба дасти ман супорад, бадани шуморо бо хорҳои биёбон ва янтоқ зада майда-майда мекунам».+
8 Ӯ аз он ҷо баромада, ба Фануил рафт ва ба мардони он ҷо низ ҳамон суханонро гуфт, аммо онҳо низ мисли мардони Суккӯт ҷавоб доданд.
9 Он гоҳ ӯ ба мардони Фануил низ гуфт: «Сиҳату саломат ки баргаштам, ин бурҷро* вайрон мекунам».+
10 Забаҳ ва Салмуно ҳамроҳи лашкарҳояшон, ки тахминан 15 000 сарбоз доштанд, дар Қарқӯр буданд. Аз тамоми лашкари мардуми шарқ фақат онҳо боқӣ монданд,+ зеро ки 120 000 марди шамшербадаст кушта шуда буд.
11 Ҷидъӯн бо роҳи хайманишинон то шарқи Нӯбаҳ ва Ёҷбеҳо+ расид ва ба урду, ки омода набуд, ҳамла овард.
12 Вақте Забаҳ ва Салмуно рӯ ба гурез оварданд, ӯ аз паси онҳо сур кард ва ин ду подшоҳи Мидён, Забаҳ ва Салмуноро, дастгир кард ва тамоми урду ба ваҳму воҳима афтод.
13 Пас аз ин Ҷидъӯни писари Юош бо роҳе, ки сӯйи Ҳорас боло меравад, аз ҷанг баргашт.
14 Дар роҳ ӯ ҷавонеро, ки аз Суккӯт буд, дастгир карда, пурсуков намуд. Он ҷавон ба ӯ номи 77 нафарро, ки мирон ва пирони Суккӯт буданд, навишта дод.
15 Он гоҳ ӯ назди мардони Суккӯт омада, гуфт: «Ана Забаҳ ва Салмуное, ки аз барои онҳо маро таъна зада гуфтед: “Магар ту Забаҳ ва Салмуноро аллакай дастгир кардӣ ки, мо ба одамони хастаи ту нон диҳем?”»+
16 Сипас ӯ пирони шаҳрро бо хорҳои биёбон ва янтоқ зада адаби ин мардони Суккӯтро дод.+
17 Ӯ ҳамчунин бурҷи Фануилро вайрон кард+ ва мардони ин шаҳрро кушт.
18 Ӯ аз Забаҳ ва Салмуно пурсид: «Мардоне, ки шумо дар Тобӯр куштед, чӣ гуна буданд?» Онҳо ҷавоб доданд: «Онҳо мисли ту буданд ва ҳар яке намуди шоҳзодаро дошт».
19 Ӯ ба онҳо гуфт: «Онҳо бародарони ман, писарони модари ман, буданд. Ба номи Яҳува, Худои зинда, қасам ки, агар шумо онҳоро зинда мемондед, ман шуморо намекуштам».
20 Баъд аз ин суханон ӯ ба писари калонии худ, Етер, гуфт: «Бархез ва онҳоро бикуш». Лекин вай шамшер накашид, чунки ҷавон буду тарсид.
21 Забаҳ ва Салмуно гуфтанд: «Худат хеста, моро бикуш, зеро мардро аз рӯйи қувваташ баҳо медиҳанд*». Ҷидъӯн хеста, Забаҳу Салмуноро+ кушт ва ороишоти ҳилолшаклеро, ки бар гардани шутурҳояшон буд, гирифт.
22 Пас аз ин исроилиён ба Ҷидъӯн гуфтанд: «Бар мо ҳукмронӣ кун, худат, писарат ва писари писарат, зеро ту моро аз дасти Мидён халос кардӣ».+
23 Аммо Ҷидъӯн ба онҳо гуфт: «На ман ва на писарам бар шумо ҳукмронӣ нахоҳем кард, балки Яҳува бар шумо ҳукмронӣ хоҳад кард».+
24 Ҷидъӯн давом дода гуфт: «Аз шумо фақат як хоҳиш дорам, ки ҳар яке аз ғанимати худ ба ман яктогӣ ҳалқаи бинӣ диҳад». Бояд гуфт, ки душманонашон дар бинӣ ҳалқаи тиллоӣ доштанд, зеро исмоилӣ+ буданд.
25 Онҳо дар ҷавоб гуфтанд: «Албатта медиҳем». Сипас шолро паҳн карда, ҳар яке ба он аз ғанимати худ ҳалқаи бинӣ партофт.
26 Вазни ҳалқаҳои тиллоие, ки ӯ талабид, ғайр аз ороишоти ҳилолшакл, овезаҳо, либосҳои пашмини бунафшранге, ки подшоҳони Мидён мепӯшиданд, ва гарданбандҳои шутурон, 1700 сиқл* тилло буд.+
27 Ҷидъӯн аз онҳо пешбанди тиллоие сохта,+ онро дар шаҳраш Офро+ гузошт ва тамоми Исроил хиёнаткорона пешбандро дар он ҷо парастиш намуд*.+ Ин пешбанд барои Ҷидъӯн ва хонадонаш доме шуд.+
28 Ҳамин тавр аҳли Мидён+ пеши Исроил мағлуб шуд ва дигар сар набардошт. Замин дар рӯзҳои Ҷидъӯн 40 сол осоиш ёфт.+
29 Ерубаали+ писари Юош ба хонаи худ баргашт ва дар он ҷо зист.
30 Ҷидъӯн соҳиби 70 писар шуд, зеро ӯ занони зиёде дошт.
31 Суррияе, ки ӯ дар Шакем дошт, ҳамчунин барояш писаре зоид ва ӯ ин писарро Абималик номид.+
32 Ҷидъӯни писари Юош умри дарозу бобарака дида аз олам чашм пӯшид ва дар қабри падараш Юош дар Офрои абиозериён гӯронда шуд.+
33 Баъди марги Ҷидъӯн исроилиён боз хиёнаткорона Баалҳоро парастиш карданд*+ ва Баал-Баритро худои худ донистанд.+
34 Исроилиён Худои худ, Яҳуваро, ки онҳоро аз дасти ҳамаи душманони гирду атрофашон халос карда буд,+ ба ёд наоварданд.+
35 Онҳо дар ивази тамоми некие, ки Ерубаал, яъне Ҷидъӯн, ба Исроил карда буд, ба хонадони ӯ меҳру вафо нанамуданд.+
Поварақҳо
^ Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.
^ Ё «мард чи хеле бошад, қувваташ ҳамон қадар аст».
^ Як сиқл ба 11,4 г баробар аст. Ниг. ба Замимаи Б14.