Дониёл 10:1-21

  • Хабаррасони Худо назди Дониёл меояд (1–21)

    • Микоил ба фаришта кумак мекунад (13)

10  Дар соли сеюми подшоҳи Форс, Куруш,+ ба Дониёл, ки Балтшасар+ номида мешуд, паёме ошкор гашт. Он паём рост буду дар бораи ҷанги бузург буд. Ӯ маънои ин хабарро фаҳмид ва ба вай фаҳмиш ато шуд, то ба чизҳои дидааш сарфаҳм равад.  Дар он рӯзҳо ман, Дониёл, расо се ҳафта мотам доштам.+  То даме ки он се ҳафта нагузашт, ман на хӯроки болаззат хӯрдам, на гӯшту шароб ба даҳон гирифтам ва на равғане ба баданам молидам.  Дар рӯзи 24-уми моҳи якум, вақте дар соҳили дарёи бузург, Даҷла*,+ меистодам,  чашмонамро бардошта, мардеро дидам, ки ҷомаи катон+ дар тан ва камарбанде аз тиллои Уфоз дар миён дошт.  Бадани ӯ мисли забарҷад,+ рӯяш монанди дурахши барқ, чашмонаш мисли шуълаҳои оташ, дасту пояш монанди миси сайқалдор+ ва овозаш мисли садои мардуми сершумор буд.  Танҳо ман, Дониёл, ин рӯъёро дидам, одамоне, ки бо ман буданд, онро надиданд.+ Лекин онҳо ба тарсу ҳарос афтоданд ва гурехта, пинҳон шуданд.  Сипас ман танҳо мондам. Вақте ин рӯъёи бузургро дидам, мадорам намонду ҳайбату салобатам гум шуд ва ман тамоман беқувват гаштам.+  Он вақт ман овози ӯро шунидам ва рӯ ба замин ниҳода, ба хоби сахте рафтам,+ 10  лекин дасте ба ман расида,+ маро бедор кардан гирифт ва ман бар кафи даст ва зонуҳоям бархестам. 11  Ӯ ба ман гуфт: «Эй Дониёл, эй шахси хеле гаронқадр*,+ ба суханоне, ки ба ту мегӯям, диққат деҳ ва бархоста, дар ҷоят ист, зеро ман сӯйи ту фиристода шудаам». Вақте ӯ ин суханонро ба ман гуфт, ман ларзон бархостам. 12  Ӯ ба ман гуфт: «Натарс,+ эй Дониёл, зеро аз рӯзи аввале, ки дили худро барои фаҳмиш моил намудӣ ва худро дар пеши Худо хоксор гардондӣ, суханони ту шунида шуданд ва ман ба хотири суханони ту омадам.+ 13  Аммо мири+ подшоҳии Форс 21 рӯз ба ман муқобилат кард. Он гоҳ Микоил*,+ яке аз мирони аввалин*, ба кумаки ман омад ва ман он ҷо, назди подшоҳони Форс, мондам. 14  Ман омадам, то ту бифаҳмӣ, ки дар айёми охир бо халқи ту чӣ рӯй медиҳад,+ зеро ин рӯъё ба оянда дахл дорад».+ 15  Вақте ӯ ин суханонро ба ман мегуфт, ман рӯ ба замин ниҳодам ва аз гап мондам. 16  Он гоҳ касе монанди одамизод, ба лабонам даст расонд+ ва ман даҳон кушода, ба гап даромадам ва ба касе, ки дар пешам меистод, гуфтам: «Эй хоҷаам, аз дидани рӯъё ба ларза омадаам ва тамоман беқувват шудаам.+ 17  Пас, эй хоҷаам, чӣ тавр бандаат метавонад бо ту гап занад?+ Охир, ман қуввате надорам ва дар ман тобу тавоне* намондааст».+ 18  Касе, ки монанди одамизод буд, боз ба ман даст расонд ва маро қувват бахшид.+ 19  Сипас ӯ гуфт: «Натарс,+ эй шахси хеле гаронқадр*.+ Осоиштагӣ бо ту бод!+ Қавӣ бош, қавӣ бош!». Вақте ӯ бо ман гап мезад, ман қувват гирифтам ва гуфтам: «Эй хоҷаам, гап зан, зеро ту маро қувват бахшидӣ». 20  Он гоҳ ӯ гуфт: «Оё медонӣ, ки чаро пеши ту омадам? Ҳоло ман бармегардам, то бо мири Форс биҷангам.+ Вақте меравам, мири Юнон меояд. 21  Лекин ман ба ту он чиро, ки дар китоби ҳақиқат навишта шудааст, мегӯям. Касе нест, ки маро дар ин корҳо дастгирӣ кунад, ғайр аз Микоил,+ мири шумо.+

Поварақҳо

Ё «Ҳиддақил».
Ё «шахси хеле азизу гиромӣ».
Ё «мирони олимақом».
Маънояш «Кист мисли Худо?».
Ё «рамақе; нафасе».
Ё «шахси хеле азизу гиромӣ».