Дониёл 11:1-45

  • Подшоҳи Форсу Юнон (1–4)

  • Подшоҳи ҷанубу шимол (5–45)

    • Ситонандае бармехезад (20)

    • Пешвои аҳд шикаст мехӯрад (22)

    • Худои қалъаҳо ҷалол меёбад (38)

    • Подшоҳи ҷануб бо подшоҳи шимол шохзанӣ мекунад (40)

    • Хабарҳои ташвишангез аз шарқу шимол (44)

11  Дар соли якуми Дориюши+ мод ман бархостам, то ӯро қувват бахшам ва дастгирӣ кунам.  Он чӣ ман ба ту ҳозир мегӯям, ҳақ асту рост: Инак, боз се подшоҳ дар Форс бармехезанд ва чорумаш аз ҳамаи дигарон дида боигарии бештар ҷамъ меорад. Вақте ӯ аз сабаби боигарияш пурқувват мешавад, ҳамаро ба муқобили подшоҳии Юнон+ бармехезонад.  Подшоҳи пурзӯре бармехезад, ки бо қудрати зиёду* ихтиёри худ ҳукмронӣ мекунад.+  Аммо, вақте ӯ бархезад, подшоҳияш шикаст мехӯрад ва сӯйи чор боди осмон тақсим мешавад,+ вале ба наслаш дода намешавад ва қудрати минбаъдаи подшоҳияш мисли замони ҳукмронии ӯ намешавад, зеро подшоҳияш решакан мегардад ва ба дигарон дода мешавад.  Подшоҳи ҷануб, яъне яке аз миронаш, пурқудрат мешавад, аммо дигаре аз ӯ пурзӯртар мегардад ва бо қудрати аз ӯ зиёдтар, бо қудрати хеле зиёд, ҳукмронӣ мекунад.  Баъд аз якчанд сол онҳо бо якдигар паймон мебанданд ва духтари подшоҳи ҷануб назди подшоҳи шимол меояд, то аҳд банданд. Аммо он духтар қуввати бозуяшро нигаҳ намедорад ва подшоҳ низ устувор намемонад ва қувваи бозуяш низ. Духтари подшоҳ ба дасти дигарон дода мешавад, ҳам ӯ, ҳам касоне, ки ӯро овардаанд, ҳам касе, ки ӯро ба дунё овардааст, ва ҳам касе, ки дар он вақтҳо ба ӯ қувват мебахшид.  Навдае, ки аз решаи ӯст, ба ҷойи ӯ бармехезад ва сӯйи лашкар меояд ва бар зидди қалъаи подшоҳи шимол мебарояд ва муқобили онҳо бархоста, дастболо мешавад.  Ӯ худоёни онҳо, бутҳои рехтаашон, колои гаронбаҳои нуқрагин ва тиллоии онҳо ва асиронро гирифта, ба Миср меояд. Ӯ дар муддати якчанд сол аз подшоҳи шимол дур меистад.  Подшоҳи шимол бошад, бар зидди мамлакати подшоҳи ҷануб меояд, вале баъд ба замини худ бармегардад. 10  Писарони ӯ ба ҷанг тайёрӣ мебинанд ва лашкари сершумору бузурге ҷамъ меоранд. Яке аз онҳо* ба пеш ҳаракат карда, мисли селобе зер карда мегузарад, аммо ӯ бармегардад ва то ба қалъаи худ расидан ҷанг кардан мегирад. 11  Подшоҳи ҷануб дарғазаб шуда, бар зидди ӯ мебарояд ва бо ӯ, яъне бо подшоҳи шимол, меҷангад. Ӯ* мардуми зиёдеро ҷамъ меорад, вале онҳо ба дасти дигарӣ* супурда мешаванду 12  вай онҳоро мебарад. Дили он подшоҳ мағрур мегардад ва ӯ даҳҳо ҳазорро нобуд месозад, аммо аз бартарияш истифода намекунад. 13  Подшоҳи шимол бармегардад ва аз аввала дида лашкари бузургтаре ҷамъ меорад. Дар охири он замонҳо, баъди якчанд сол, ӯ бо лашкари сершуморе меояд, ки бо ҳама чиз таъмин аст. 14  Дар он замонҳо бисёриҳо бар зидди подшоҳи ҷануб бармехезанд. Авбошони халқи ту бошанд, рӯъёро амалӣ гардонданӣ мешаванд, аммо ба мақсад намерасанд*. 15  Подшоҳи шимол омада, хокрез* мебардорад ва шаҳри ҳисордорро муҳосира карда, забт менамояд. Лашкарҳои ҷануб ва сипоҳи яккачини ӯ истодагӣ карда наметавонанд. Онҳо барои истодагӣ кардан қуввате нахоҳанд дошт. 16  Он касе, ки бар зидди ӯ мебарояд, аз рӯйи хости худ амал менамояд ва ҳеҷ кас бар зидди ӯ баромада наметавонад. Ӯ дар Зеби замин+ меистад ва қуввати нест кардан дар дасташ мешавад. 17  Ӯ рӯ меорад, то бо тамоми қуввати подшоҳияш биёяд, ва бо вай созишнома баста мешавад ва вай комёб мегардад. Ба ӯ иҷозат дода мешавад, ки духтари занонро нобуд созад. Духтари занон истодагӣ карда наметавонад ва бо ӯ намемонад. 18  Ӯ сӯйи соҳилҳо рӯй оварда, бисёр ҷойҳоро забт мекунад. Сарваре, ки аз дасти ӯ нангин шудааст, худро аз нанг озод мекунад, ба тавре ки дигар нангин набошад ва худи ӯро гирифтори нанг месозад. 19  Сипас ӯ сӯйи қалъаҳои замини худаш рӯ меорад ва пешпо хӯрда, меафтад ва дигар ӯро намеёбанд. 20  Ба ҷойи вай шахсе бармехезад, ки ситонандаро* мефиристад, то саросари подшоҳии пуршукӯҳро гардад, аммо пас аз чанд рӯз ӯ шикаст мехӯрад, вале на аз сабаби хашму ғазаб ё ҷанг. 21  Ба ҷойи ӯ шахси нафратангезе бармехезад, вале иззату эҳтироми шоҳонаро ба ӯ намедиҳанд. Ӯ дар вақти осоиштагӣ* меояд ва бо суханони дилфиреб подшоҳиро ба даст меорад. 22  Ӯ лашкарҳои селобро мағлуб мекунад ва онҳо шикаст мехӯранд; Пешвои+ аҳд+ низ шикаст мехӯрад. 23  Азбаски бо ӯ аҳду паймон кардаанд, бо макру фиреб амал мекунад ва бархоста, бо ёрии мардуми камшумор пурзӯр мешавад. 24  Ӯ дар вақти осоиштагӣ* ба ҷойҳои пурсарвати вилоят омада, кореро мекунад, ки падарону бобоёнаш накардаанд. Ӯ ғанимат, чизҳои тороҷшуда ва сарватро дар байни онҳо тақсим мекунад ва бар зидди қалъаҳо ҳилаву тадбир меандешад, аммо фақат ба муддате. 25  Ӯ тамоми қуввату ғайраташро ҷамъ оварда, бо лашкари бузурге бар зидди подшоҳи ҷануб мебарояд. Подшоҳи ҷануб барои ҷанг бо лашкари бениҳоят калону пурзӯр тайёр мешавад. Вале ӯ истодагӣ нахоҳад кард, зеро бар зидди ӯ ҳилаҳо меандешанд. 26  Касоне, ки нозу неъмати ӯро мехӯранд, ӯро шикаст медиҳанд. Лашкараш бошад, мағлуб мегардад* ва бисёриҳо кушта мешаванд. 27  Ин ду подшоҳ бошанд, дар дил нияти бад хоҳанд дошт. Онҳо дар сари як миз нишаста, ба якдигар дурӯғ хоҳанд гуфт, вале корашон барор намегирад, зеро анҷом дар вақти муқарраршуда меояд.+ 28  Ӯ* бо сарвати хеле зиёде ба замини худ бармегардад ва дилаш ба аҳди муқаддас зид хоҳад буд. Ӯ комёб гашта, ба замини худ бармегардад. 29  Дар вақти муқарраршуда ӯ бармегардад ва бар зидди ҷануб мебарояд. Аммо ин дафъа мисли пештар нахоҳад буд, 30  зеро киштиҳои Киттим+ бар зидди ӯ мебароянд ва ӯ сарпаст мегардад. Ӯ бармегардад ва хашму ғазабашро ба аҳди муқаддас фурӯ мерезад+ ва комёб мешавад. Ӯ бармегардад ва ба касоне, ки аҳди муқаддасро тарк мекунанд, рӯ меорад. 31  Аз ҷониби ӯ лашкарҳо бармехезанд ва муқаддасгоҳу қалъаро нопок месозанд ва қурбонии доимиро+ барҳам медиҳанд.+ Онҳо чизи нафратангези харобиоварро мегузоранд.+ 32  Ӯ бадкоронеро, ки зидди аҳд амал мекунанд, бо суханони дилфиреб ба осият мебарад. Аммо мардуме, ки Худои худро мешиносанд, қавӣ мемонанд ва комёб мешаванд. 33  Соҳибфаҳмони халқ бисёриҳоро фаҳмиш мебахшанд,+ вале ба муддати чанд рӯз бо шамшер, оташ, асирӣ ва ғорат афтонда мешаванд. 34  Лекин, вақте ки онҳоро меафтонанд, ба онҳо андаке дасти ёрӣ дароз карда мешавад ва бисёриҳо суханони дилфиреб гуфта, ба онҳо ҳамроҳ мешаванд. 35  Баъзе касони соҳибфаҳмро меафтонанд, то ки аз боиси онҳо одамон гудохта шаванд ва то вақти охир покизаву сафед карда шаванд,+ зеро он дар вақти муқарраршуда фаро мерасад. 36  Подшоҳ аз рӯйи хосташ амал намуда, калонигарӣ хоҳад кард ва худро аз ҳар худо боло гирифта, бар зидди Худои худоён+ суханони даҳшатангез хоҳад гуфт. Ӯ, то даме ки давраи маҳкумсозӣ ба охир расад, комёб мегардад, зеро он чӣ муқаррар шудааст, бояд ба амал ояд. 37  Ӯ на Худои падаронашро писанд мекунад, на хоҳиши занон ва на ягон худои дигарро, балки худро аз ҳамаи дигарон боло мегирад. 38  Ба ҷойи ин ӯ худои қалъаҳоро ҷалол медиҳад. Ӯ бо тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо ва чизҳои гаронбаҳо худоеро ҷалол медиҳад, ки падаронаш намешинохтанд. 39  Ӯ бо ёрии худои бегона бар зидди ҳисорҳои мустаҳкамтарин амал карда, комёб мегардад. Ба касоне, ки ӯро эътироф кунанд*, иззату шавкати зиёд ато мекунаду онҳоро дар миёни одамони зиёд ҳукмрон месозад. Ӯ заминро ба ивази нархе тақсим мекунад. 40  Дар замони охир подшоҳи ҷануб бо ӯ шохзанӣ мекунад ва подшоҳи шимол мисли тундбод бо аробаҳо, саворон ва киштиҳои зиёд ба ӯ ҳамла мекунад ва мисли селоб аз заминҳо мегузарад. 41  Ӯ ҳамчунин ба Зеби замин+ медарояд ва заминҳои бисёре мағлуб мешаванд, аммо Адӯм, Мӯоб ва қисми асосии аммӯниён аз дасти ӯ халосӣ меёбанд. 42  Ӯ дасти худро ба кишварҳо дароз кардан мегирад ва замини Миср раҳо намеёбад. 43  Ӯ бар тамоми ганҷҳои ниҳони тиллою нуқра ва тамоми чизҳои гаронбаҳои Миср ҳукмронӣ мекунад ва либиёну ҳабашиён аз пайи ӯ мераванд. 44  Аммо хабарҳо аз шарқу аз шимол ӯро ба ташвиш меоранд ва ӯ бо хашму ғазаби зиёд мебарояд, то нест кунад ва бисёриҳоро нобуд созад. 45  Ӯ хаймаҳои шоҳонаи худро байни баҳри бузург ва кӯҳи муқаддаси Зеби замин+ мезанад, вале нобуд мешавад ва мададгоре барояш нахоҳад буд.

Поварақҳо

Ё «бар қаламрави бузург бо».
Дар матни асл «Ӯ».
Эҳтимол, подшоҳи шимол дар назар аст.
Эҳтимол, подшоҳи ҷануб дар назар аст.
Дар матни асл «пешпо мехӯранд».
Хокрез — ниг. ба луғат.
Аз афташ, «ситонандаи андозро». Ё «корфарморо».
Ё, эҳтимол, «бе огоҳӣ».
Ё, эҳтимол, «бе огоҳӣ».
Ё «шуста бурда мешавад».
Аз афташ, подшоҳи шимол.
Ё, эҳтимол, «Ба касоне, ки ӯ эътирофашон кунад».