Дониёл 5:1-31
5 Подшоҳ Балшасар+ барои ҳазор нафар калоншавандагонаш базми пурдабдабае орост ва дар пеши онҳо шароб нӯшид.+
2 Дар ҳолати мастӣ Балшасар фармон дод, ки зарфҳои тилло ва нуқраеро, ки падараш Набукаднесар аз ибодатгоҳи Ерусалим гирифта буд,+ биёранд, то подшоҳ, калоншавандагон, сурриягон ва занонаш аз онҳо бинӯшанд.
3 Он гоҳ зарфҳои тиллоеро, ки аз Ерусалим, аз муқаддасгоҳи хонаи Худо, гирифта шуда буд, оварданд ва подшоҳ, калоншавандагон, сурриягон ва занонаш аз онҳо нӯшиданд.
4 Онҳо шароб менӯшиданд ва худоёнеро, ки аз тилло, нуқра, мис, оҳан, чӯб ва санг буданд, ҳамду сано мехонданд.
5 Ҳамон лаҳза ангуштҳои дасти одам пайдо шуд ва дар рӯ ба рӯйи чароғпоя, дар андоваи девори қасри подшоҳ, навиштан гирифт ва подшоҳ пушти дастеро, ки менавишт, дид.
6 Он гоҳ рангу рӯйи подшоҳ канд, дилашро ваҳм фаро гирифт, ронҳояш суст шуданд+ ва зонуҳояш ба ларза даромаданд.
7 Подшоҳ бо овози баланд фарёд зад, ки афсунгарон, калдониён* ва толеъбинонро наздаш биёранд.+ Подшоҳ ба донишмандони Бобил гуфт: «Ба касе, ки ин навиштаҷотро бихонаду маънояшро ба ман бифаҳмонад, ҷомаи бунафшранг мепӯшонанд, бар гарданаш гарданбанди тиллоӣ меовезанд+ ва ӯ дар мамлакат ҳокими сеюм мешавад».+
8 Он гоҳ тамоми донишмандони дарбор ҷамъ омаданд, лекин онҳо натавонистанд он навиштаҷотро хонанд ё ба подшоҳ маънидод кунанд.+
9 Подшоҳ Балшасар аз ин сахт тарсид ва рангу рӯяш канд, калоншавандагонаш бошанд, ошуфтаву парешон шуданд.+
10 Малика суханони подшоҳ ва калоншавандагонашро шунида, ба базмгоҳ даромад. Малика гуфт: «Эй подшоҳ, то абад зинда бош! Бигзор фикру андешаҳои дилат туро ба тарсу ҳарос наоранд ва рангу рӯят наканад.
11 Дар мамлакати ту шахсе* ҳаст, ки рӯҳи худоёни муқаддас бар ӯст. Дар рӯзҳои падарат вай соҳиби дониш, фаҳм ва хиради худоён буд.+ Падарат Набукаднесар ӯро сардори коҳинони ҷодугар, афсунгарон, калдониён* ва толеъбинон таъйин карда буд.+ Инро, эй подшоҳ, худи падарат карда буд.
12 Дониёл, ки подшоҳ ӯро Балтшасар номида буд,+ соҳиби ақлу заковати олидараҷа* ва донишу фаҳм буда, метавонад хобҳоро таъбир кунад ва муаммову масъалаҳои печдарпечро ҳал кунад.+ Бигзор Дониёлро даъват кунанд ва ӯ ба ту маънои навиштаҷотро бигӯяд».
13 Он гоҳ Дониёлро пеши подшоҳ оварданд. Подшоҳ аз Дониёл пурсид: «Ҳамон Дониёле, ки аз байни асирони яҳудӣ+ асту падарам подшоҳ ӯро аз Яҳудо овардааст, туӣ?+
14 Ман шунидам, ки рӯҳи худоён бар туст+ ва ту соҳиби донишу фаҳм ва хиради ғайриодӣ ҳастӣ.+
15 Инак, донишмандон ва афсунгарон пеши ман оварда шуданд, то ин навиштаҷотро бихонанд ва бифаҳмонанд, лекин онҳо онро маънидод карда натавонистанд.+
16 Ман шунидам, ки ту таъбирдонӣ+ ва метавонӣ масъалаҳои печдарпечро ҳал кунӣ. Агар ту ин навиштаҷотро хонда, маънидод кунӣ, ба ту ҷомаи бунафшранг мепӯшонанд, бар гарданат гарданбанди тиллоӣ меовезанд ва ту дар мамлакат ҳокими сеюм мешавӣ».+
17 Дониёл ба подшоҳ ҷавоб дод: «Ҳадияҳоятро барои худат нигоҳ дор ва туҳфаҳоятро ба дигарон бидеҳ. Аммо ман навиштаҷотро барои подшоҳ мехонам ва онро барояш маънидод мекунам.
18 Эй подшоҳ, Худои Таоло ба падарат Набукаднесар подшоҳӣ, бузургӣ ва шукӯҳу шавкат бахшида буд.+
19 Ба сабаби бузургие, ки Худо ба ӯ дод, одамони ҳамаи халқҳо, миллатҳо ва забонҳо аз тарс дар пеши ӯ меларзиданд.+ Ӯ ҳар киро мехост, мекушт ё зинда мемонд ва ҳар киро мехост, сарбаланд ё сарпаст мекард,+
20 лекин, вақте дилаш мағруру якрав гашт* ва худбоварона амал кард,+ аз тахти подшоҳӣ гирифта шуд ва аз шукӯҳу шавкаташ маҳрум гашт.
21 Ӯ аз миёни одамон ронда шуд ва ақли* инсонияш ба ақли ҳайвонӣ табдил дода шуд ва ӯ дар миёни харони ёбоӣ зиндагӣ мекард. Ӯ мисли буққаҳо алаф мехӯрд, баданаш аз шабнами осмон тар мешуд, то даме тан гирифт, ки Худои Таоло бар подшоҳии одамизод ҳукмрон аст ва бар он ҳар касеро хоҳад, таъйин мекунад.+
22 Лекин ту, писари ӯ Балшасар, ҳарчанд ҳамаи инро медонистӣ, дили худро хоксор нагардондӣ.
23 Ту бар зидди Худованди осмон баромадӣ+ ва амр фармудӣ, ки зарфҳои хонаи ӯро ба ту оранд.+ Ту ҳамроҳи калоншавандагонат, сурриягон ва занонат аз онҳо шароб нӯшидӣ ва худоёнеро, ки аз нуқра, тилло, мис, оҳан, чӯб ва санганду чизеро намебинанд, намешунаванд ва намедонанд,+ васфу ситоиш кардӣ, аммо Худоеро, ки нафас ва ҳамаи роҳҳоят дар дасти ӯст,+ ҷалол надодӣ.
24 Барои ҳамин ӯ дастеро фиристод, то ин суханонро бинависад.+
25 Ин навиштаҷот чунин аст: МЕ́НЕ, МЕ́НЕ, ТЕ́ҚЕЛ ва ПА́РСИН.
26 Маънои ин суханон чунин аст: МЕ́НЕ — Худо рӯзҳои подшоҳии туро шумурдааст ва ба он хотима бахшидааст.+
27 ТЕ́ҚЕЛ — ту дар тарозу баркашида шудаӣ ва вазнат аз ҳад кам баромадааст.
28 ПЕ́РЕС — подшоҳият тақсим шуда, ба Модаю Порс* дода шудааст».+
29 Он гоҳ Балшасар фармон дод ва ба Дониёл ҷомаи бунафшранг пӯшонданд, бар гарданаш гарданбанди тиллоӣ овехтанд ва эълон карданд, ки ӯ дар мамлакат ҳокими сеюм мешавад.+
30 Худи ҳамон шаб подшоҳи калдониён, Балшасар, кушта шуд+
31 ва Дориюши+ мод дар синни тақрибан 62-солагӣ подшоҳиро қабул кард.
Поварақҳо
^ Калдониён — гурӯҳи одамоне, ки дар фолкушоӣ ва толеъбинӣ моҳир буданд.
^ Калдониён — гурӯҳи одамоне, ки дар фолкушоӣ ва толеъбинӣ моҳир буданд.
^ Ё «шахси кордоне».
^ Дар матни асл «рӯҳи олидараҷа».
^ Дар матни асл «дилаш мағруру рӯҳаш сахт шуд».
^ Дар матни асл «дили».
^ Ё «Форс».