Забур 128:1-6

  • Худотарсӣ хушбахтӣ меорад

    • Зане, ки мисли токи пурбор аст (3)

    • Илоҳо ободии Ерусалимро бубинӣ (5)

Суруди болобароӣ. 128  Хушбахт аст ҳар касе, ки аз Яҳува метарсад+Ва бо роҳҳои ӯ равона мешавад.+   Ту аз меҳнати дастони худ хоҳӣ хӯрд. Хушбахт ва обод хоҳӣ буд.+   Занат дар хонаи ту мисли токи пурбор+Ва писаронат дар сари дастархонат мисли навдаҳои зайтун хоҳанд буд.   Чунин аст баракати шахсе, ки аз Яҳува метарсад.+   Яҳува туро аз Сион баракат медиҳад. Илоҳо тамоми умри худ ободии Ерусалимро бубинӣ+   Ва фарзандони фарзандонатро бубинӣ. Осоиштагӣ бар Исроил бод!

Поварақҳо