Забур 148:1-14

  • Тамоми офаридаҳо Яҳуваро ситоиш мекунанд

    • «Ӯро ситоиш кунед, эй ҳама фариштагони ӯ» (2)

    • Ӯро ситоиш кунед, эй офтобу моҳу ситорагон (3)

    • Пирону ҷавонон, Худоро ситоиш кунед (12, 13)

148  Ёҳро* ситоиш кунед! Яҳуваро аз осмон ситоиш намоед,+Ӯро дар афроз ситоиш кунед.   Ӯро ситоиш кунед, эй ҳама фариштагони ӯ,+Ӯро ситоиш кунед, эй тамоми лашкари ӯ.+   Ӯро ситоиш кунед, эй офтобу моҳтоб. Ӯро ситоиш кунед, эй ситорагони дурахшон.+   Ӯро ситоиш кунед, эй авҷи фалакВа эй обҳои болои осмон.   Бигзор онҳо номи Яҳуваро ситоиш кунанд,Зеро ӯ фармуду онҳо офарида шуданд.+   Ӯ онҳоро ҳамеша ва то абад устувор нигаҳ медорад.+ Амре, ки ӯ муқаррар намудааст, ҳаргиз бекор намешавад.+   Яҳуваро дар замин ситоиш кунед,Эй ҷонварони бузурги баҳрӣ, ва эй обҳои бетаг.   Эй барқу жола, барфу абри ғализ,Эй тундбод, ки суханашро ба ҷо меорӣ,+   Эй кӯҳҳо ва ҳама пуштаҳо,+Эй дарахтони мевадор ва эй дарахтони сидра,+ 10  Эй ҷонварони ваҳшӣ+ ва ҳама ҷонварони хонагӣ,Эй хазандагон ва парандагони болдор, 11  Эй подшоҳони замин ва ҳама миллатҳо,Эй мирон ва ҳама доварони замин,+ 12  Эй ҷавонписарон ва ҷавондухтарон,Пирону ҷавонон, Худоро ситоиш кунед! 13  Бигзор онҳо номи Яҳуваро ситоиш кунанд,Зеро танҳо номи ӯ баланду дастнорас аст.+ Бузургии ӯ аз замину осмон болотар аст.+ 14  Ӯ қуввати халқи худро афзун хоҳад кард,Баҳри ситоиши ҳама бандагони бовафояш —Фарзандони Исроил, халқи наздики ӯ. Ёҳро* ситоиш кунед!

Поварақҳо

Ёҳ — шакли кӯтоҳи номи Яҳува.
Ёҳ — шакли кӯтоҳи номи Яҳува.