Забур 16:1-11
Миктами* Довуд.
16 Худоям, маро нигаҳбонӣ кун,Зеро ба ту паноҳ мебарам.+
2 Ба Яҳува гуфтам: «Ту, эй Яҳува, сарчашмаи некиҳои манӣ.
3 Тамоми шодиямПокони замин — бузургонанд».+
4 Пайравони худоёни дигар бар ғами худ ғам зам мекунанд.+
Ман ҳаргиз барои бутҳо ҳадияҳои рехтании хунин намеорамВа номашонро ба забон намегирам.+
5 Яҳува ҳиссаи ман, насибаи ман+ ва косаи ман+ аст.
Ту нигаҳдорандаи мероси манӣ.
6 Чӣ хуш аст мулке, ки ба ман додаӣ*.
Ман аз мероси худ хурсандам.+
7 Яҳуваро, ки пандомӯзи ман аст, ситоиш мекунам.+
Ҳатто шабонгаҳ андешаҳои ниҳонам* маро ислоҳ мекунанд.+
8 Яҳува доимо дар пеши назарам аст.+
Ӯ аз дасти ростам меистад, ман ҳеҷ гоҳ фурӯ намеғалтам.+
9 Аз ин рӯ дилам шодӣ мекунад,Тамоми вуҷудам ба ваҷд меояд.
Ман дар амон хоҳам буд,
10 Зеро ту ҷони маро дар гӯр* нахоҳӣ монд,+Нахоҳӣ гузошт, ки бандаи бовафоят рӯйи қабрро бубинад*.+
11 Ту роҳи ҳаётро ба ман маълум месозӣ.+
Дар рӯйи ту ризоро дидан ба кас хурсандии бепоён мебахшад,+Аз тарафи рости ту будан хушбахтии абадӣ меорад.
Поварақҳо
^ Ё «Сарҳади заминам аз маконҳои дилписанд мегузарад».
^ Дар матни асл «гурдаҳоям».
^ Ё, эҳтимол, «вайроншавиро бубинад».