Забур 25:1-22
Таронаи Довуд.
א [Алиф]
25 Ба ту, эй Яҳува, рӯй меорам.
ב [Бет]
2 Эй Худои ман, ба ту такя мекунам.+
Нагузор, ки шарманда шавам.+
Нагузор, ки душманонам бар ман тантана кунанд.+
ג [Гимел]
3 Бешак, касоне, ки ба ту умед мебанданд, шарманда намешаванд,+Лекин онҳоеро, ки бесабаб хиёнат кардаанд, шармандагӣ дар пеш аст.+
ד [Далет]
4 Роҳҳоятро ба ман маълум соз, эй Яҳува,+Пайраҳаҳоятро ба ман биомӯз.+
ה [Ҳе]
5 Маро дар роҳи ростат раҳнамо бош,+Омӯзгори ман бош, зеро ту Худои наҷоти манӣ.
ו [Вов]
Ҳамеша ба ту умед мебандам.
ז [Зайин]
6 Раҳмдилӣ ва меҳру вафоятро ба хотир ор, эй Яҳува,+Сифатҳоеро, ки аз азал дорӣ.+
ח [Хет]
7 Гуноҳҳои ҷавониям ва хатоҳоямро ба ёд наор.
Маро аз рӯйи меҳру вафоят ба ёд ор,+Ба хотири некуият, эй Яҳува.+
ט [Тет]
8 Яҳува неку ва росткор аст,+Аз ин рӯ ӯ ба хатокорон роҳ нишон медиҳад.+
י [Йод]
9 Ӯ нармдилонро* ба роҳи рост ҳидоят мекунад+Ва ба онҳо роҳҳояшро таълим медиҳад.+
כ [Каф]
10 Касонеро, ки аҳду+ ёдовариҳои+ Яҳуваро риоя менамоянд,Ӯ бо меҳру вафо роҳнамоӣ мекунад.
ל [Ламед]
11 Ба хотири номат, эй Яҳува,+Хатои маро бубахш, ҳарчанд он азим аст.
מ [Мим]
12 Кист он шахсе, ки аз Яҳува метарсад?+
Ӯ вайро ҳидоят мекунад, ки роҳи дурустро интихоб кунад.+
נ [Нун]
13 Ҷони ӯ аз некуӣ баҳра мебарад+Ва наслаш заминро соҳиб мешавад.+
ס [Самех]
14 Яҳува бо тарсгорони худ ҳамроз* аст,+Ӯ аҳдашро ба онҳо маълум месозад.+
ע [Айин]
15 Чашмонам доимо сӯйи Яҳува нигаронанд,+Ӯ поямро аз дом раҳо мекунад.+
פ [Пе]
16 Ба ман назар кун ва лутф намо,Зеро ман танҳо ва бечора ҳастам.
צ [Тсаде]
17 Андуҳи дилам зиёд шудааст,+Маро аз банди ғам халос кун.
ר [Реш]
18 Дарду азобамро бубин+Ва аз тамоми гуноҳҳоям гузар.+
19 Бубин, ки душманонам чӣ қадар зиёданд,Онҳо маро чашми дидан надоранд.
ש [Шин]
20 Ҷонамро нигаҳ дор ва маро халос кун.+
Нагузор, ки шарманда шавам, зеро ба ту паноҳ бурдаам.
ת [Тав]
21 Бигзор беайбӣ ва росткорӣ нигаҳбони ман бошанд,+Зеро ба ту умед бастаам.+
22 Худоё, Исроилро аз ҳама ғамҳояш раҳо кун.