Забур 37:1-40

  • Корҳои онҳое, ки ба Яҳува такя мекунанд, барор меёбад

    • «Ба сабаби бадкирдор ғамгин машав» (1)

    • «Лаззати зиндагониро дар Яҳува пайдо кун» (4)

    • «Худро дар ихтиёри Яҳува супор» (5)

    • «Нармдилон соҳиби замин мешаванд» (11)

    • Росткор муҳтоҷи нон намешавад (25)

    • Росткорон то абад дар замин зиндагӣ мекунанд (29)

Таронаи Довуд. א [Алиф] 37  Ба сабаби бадкирдор ғамгин машавВа ба гунаҳкорон ҳасад набар.+   Онҳо мисли алаф дар як дам хушк мешаванд+Ва мисли сабзаи тар пажмурда мегарданд. ב [Бет]   Ба Яҳува таваккал намо ва некӣ бикун.+ Дар замин умр ба сар бурда, аз рӯйи инсоф амал кун.+   Лаззати зиндагониро дар Яҳува пайдо кунВа ӯ армони дилатро ба ту ато мекунад. ג [Гимел]   Худро* дар ихтиёри Яҳува супор,+Ба ӯ такя кун ва ӯ амал хоҳад кард.+   Ӯ росткориятро мисли бомдодон дурахшонВа адолататро мисли офтоби пешин фурӯзон хоҳад намуд. ד [Далет]   Пеши Яҳува хомӯш бош,+Ва ӯро пурсаброна интизор шав. Аз барор ёфтани корҳои ҳилагарон ғамгин машав.+ ה [Ҳе]   Аз хашм даст бикаш ва ғазабро тарк намо.+ Асабонӣ нашаву ба бадӣ рӯ наовар*,   Зеро бадкорон нест карда мешаванд,+Вале умедворони Яҳува соҳиби замин мегарданд.+ ו [Вов] 10  Боз андак сабр кун ва бадкор боқӣ намемонад,+Ба маконаш назар хоҳӣ кард,Вале ӯро нахоҳӣ дид.+ 11  Аммо нармдилон* соҳиби замин мешаванд+Ва аз осудагии бисёр лаззат мебаранд.+ ז [Зайин] 12  Бадкор ба росткор қасди бад мекунад,+Аз ғазаб дандон мехояд. 13  Аммо Яҳува ба ҳоли вай механдад,Зеро медонад, ки рӯзи бадкор меояд.+ ח [Хет] 14  Бадкорон шамшеру камон мекашанд,То бечораву камбағалро афтонандВа ростравонро бикушанд. 15  Аммо шамшерашон ба дили худашон мехалад+Ва камонҳояшон шикаста мешавад. ט [Тет] 16  Ками росткорБеҳ аз фаровонии бадкорони зиёд,+ 17  Зеро дастони бадкорон шикаста хоҳад шуд,Вале росткоронро Яҳува дастгирӣ хоҳад намуд. י [Йод] 18  Яҳува аз душвориҳои беайбон бохабар астВа мероси онҳо то абад пойдор мемонад.+ 19  Онҳо дар рӯзи мусибат шарманда нахоҳанд шудВа дар вақти гушнагӣ сер хоҳанд буд. כ [Каф] 20  Аммо бадкорон нест хоҳанд шуд.+ Душманони Яҳува мисли чарогоҳҳои зебоманзар нобуд хоҳанд шуд,Онҳо мисли дуд нопадид хоҳанд гашт. ל [Ламед] 21  Бадкор қарз мегираду барнамегардонад,Аммо росткор саховатманду дасткушод аст.+ 22  Касоне, ки аз Худо баракат ёфтаанд, заминро соҳиб мегарданд,Вале онҳое, ки гирифтори лаънаташ гардидаанд, нобуд мешаванд.+ מ [Мим] 23  Вақте роҳи шахс ба Яҳува маъқул аст,+Ӯ қадамҳои чунин касро ҳидоят мекунад*.+ 24  Агарчи ӯ биафтад, афканда намешавад,+Зеро Яҳува дастгири ӯст.+ נ [Нун] 25  Ҷавон будаму ҳоло пир шудам,Вале росткореро надидам, ки партофта шуда бошад+Ва ё фарзандонаш нон металбида бошанд.+ 26  Дасташ барои қарз додан ҳамеша кушода аст+Ва фарзандонашро баракатҳо интизор аст. ס [Самех] 27  Аз бадӣ дур шаву некӣ бикун+Ва ту то абад пойдор мемонӣ, 28  Зеро Яҳува инсофро дӯст медорад,Ӯ ҳаргиз бандагони бовафояшро намепартояд.+ ע [Айин] Онҳо то абад дар паноҳаш хоҳанд буд,+Аммо насли бадкорон решакан мегардад.+ 29  Росткорон соҳиби замин мешаванд+Ва дар он то абад зиндагӣ мекунанд.+ פ [Пе] 30  Даҳони росткор хирадро баён мекунадВа забонаш аз инсоф сухан мегӯяд.+ 31  Шариати Худояш дар дилаш аст,+Пояш намелағжад.+ צ [Тсаде] 32  Бадкор росткорро мепоядВа дар пайи куштани ӯст. 33  Лекин Яҳува ӯро ба дасти бадкор намесупорад+Ва дар доварӣ ӯро гунаҳкор намебарорад.+ ק [Коф] 34  Ба Яҳува умед банд ва бо роҳе, ки мегӯяд, равона шавВа ӯ туро сарбаланд хоҳад кард — ту заминро мерос хоҳӣ гирифт. Вақте бадкорон решакан шаванд,+ инро хоҳӣ дид.+ ר [Реш] 35  Ситамгари бадкорро дидам,Ки мисли дарахти сершох ва сабзу хуррам дар ҷойи худ реша давонда буд.+ 36  Лекин ӯ ногаҳон нест ва нопадид гашт.+ Ӯро мекофтам, лекин нишонашро наёфтам.+ ש [Син] 37  Ба беайб диққат деҳВа ба шахси боинсоф+ назар дӯз,Зеро ояндаи ӯ осоишта хоҳад буд.+ 38  Аммо ҳамаи ҷинояткорон нест карда мешавандВа бадкорон оянда нахоҳанд дошт.+ ת [Тав] 39  Наҷоти росткорон аз Яҳува аст,+Ӯ дар сахтиҳо қалъаи онҳост.+ 40  Яҳува ба онҳо мадад карда, наҷоташон медиҳад,+Ӯ онҳоро аз дасти бадкорон раҳо карда, халосӣ мебахшад,Зеро онҳо ба ӯ паноҳ мебаранд.+

Поварақҳо

Ё «Роҳи ҳаётатро».
Ё, эҳтимол, «Асабонӣ нашав, ки он фақат зиён меорад».
Ё «мулоимтабиатон».
Ё «устувор мегардонад».