Забур 46:1-11

  • Худо паноҳгоҳи мост

    • Корҳои ҳайратангези Худо (8)

    • Худо ба ҷангҳо хотима мебахшад (9)

Ба сардори ромишгарон. Таронаи писарони Қӯраҳ.+ Бар сози аламут*. 46  Худо паноҳгоҳ ва қуввати мост,+Мададгоре, ки дар сахтиҳо зуд ёфт мешавад.+   Бинобар ин нахоҳем тарсид, ҳарчанд замин дигаргун шавад,Кӯҳҳо ба ларзиш омада, ба қаъри баҳр фурӯ раванд,+   Оби баҳр ба ҷӯшу хурӯш ояд+Ва кӯҳҳо аз талотуми он ба ҷунбиш оянд. (Село)   Дарёе ҳаст, ки ҷӯйҳои он сокинони шаҳри Худоро хурсанд мекунанд+Ва хаймаи муқаддасу бузурги Худои Таолоро шод месозанд.   Худо андаруни шаҳр аст,+ он фурӯ намеғалтад. Худо субҳидам ба мадади он хоҳад омад.+   Халқҳо шӯру ғавғо карданд, подшоҳиҳо сарнагун шуданд,Ӯ овози худро баланд намуд ва замин об шуд.+   Яҳува, Худои лашкарҳо, бо мост,+Худои Яъқуб паноҳгоҳи мост. (Село)   Биёед ва шоҳиди корномаҳои Яҳува шавед,Бубинед, ки ӯ дар замин чӣ корҳои ҳайратангезе кардааст.   Ӯ ҷангҳоро то ба канори замин барҳам медиҳад,+Камонро шикаста, найзаро пора месозадВа аробаҳои ҷангиро* оташ мезанад. 10  «Таслим шавед ва бидонед, ки ман Худо ҳастам. Дар миёни халқҳо маро иззат хоҳанд кард+Ва дар замин гиромӣ хоҳанд дошт».+ 11  Яҳува, Худои лашкарҳо, бо мост,+Худои Яъқуб паноҳгоҳи мост.+ (Село)

Поварақҳо

Аламут — ниг. ба луғат.
Ё, эҳтимол, «сипарҳоро».