Забур 55:1-23

  • Дуое, ки пас аз хиёнати дӯст гуфта шудааст

    • Бадгӯйии ошно (12–14)

    • «Бори дилатро ба Яҳува парто» (22)

Ба сардори ромишгарон. Бар созҳои торӣ. Маскил*. Таронаи Довуд. 55  Худоё, дуоямро бишнав+Ва аз зориям рӯ натоб.+   Ба ман гӯш андоз ва ҷавоб деҳ.+ Аз ғаму ташвиш ноорому ғамзада шудаам,+   Аз сухани душманВа фишори бадкор ба ин ҳол афтодаам,Зеро онҳо бар сарам бало меорандВа аз хашму ғазаб бо ман душманӣ мекунанд.+   Диламро ғам зер кардааст+Ва ваҳми марг маро фаро гирифтааст.+   Тарсу ҳарос дар вуҷудам ҷо шудаастВа ларза маро пахш кардааст.   Пайваста мегӯям: «Кош мисли кабӯтар бол медоштамВа парида ба ҷойи ором мерафтам!   Ба ҷойи дур парвоз мекардам+ Ва дар биёбон сокин мешудам,+ (Село)   Шитоб мекардам,То аз боди шадид, аз тӯфон, паноҳ ёбам».   Эй Яҳува, онҳоро парешон кун ва ниятҳояшонро вайрон соз,+Зеро дар ин шаҳр ситаму ҷидолҳоро дидаам. 10  Рӯзу шаб онҳо гирди шаҳр бар деворҳои он мегарданд. Даруни шаҳр пур аз найрангу бадбахтиҳост.+ 11  Харобӣ дар миёни он аст,Зулму фиреб аз майдонаш дур намешавад.+ 12  Маро на душман бадгӯйӣ мекунад,+Вагарна тоқат мекардам,На бадхоҳ ба ман зид баромадааст,Вагарна аз ӯ пинҳон мешудам. 13  Вале, ин туӣ, эй марди ҳамсону ҳамранги ман,+Ошноям, ки туро хуб мешиносам.+ 14  Мо дӯстони ҳамроз будемВа ба хонаи Худо бо ҷамоати бузург якҷоя мерафтем. 15  Бигзор онҳо нобуд шаванд!+ Бигзор зинда ба зинда ба гӯр раванд,Зеро дар миёни онҳо ва андаруни онҳо бадӣ сокин аст. 16  Аммо ман сӯйи Худо фарёд хоҳам кардВа Яҳува маро наҷот хоҳад дод.+ 17  Бегоҳу саҳару нисфирӯзӣ ғамгинаму нолиш мекунам+Ва ӯ овози маро мешунавад.+ 18  Ӯ маро раҳо мекунад ва аз онҳое, ки бо ман меҷанганд, амонӣ мебахшад,Зеро бисёр касон бар зидди мананд.+ 19  Худо шунида, ба онҳо ҷавоб медиҳад,+Худое, ки аз замони куҳан бар тахт нишастааст,+ (Село)Зеро онҳо дигар шудан намехоҳанд,Онҳо, ки аз Худо наметарсанд.+ 20  Ӯ* ба рафиқони худ ҳамла намуд,+Ӯ аҳдшиканӣ кард.+ 21  Суханонаш аз маска нармтар,+Вале дилаш пур аз кина аст. Суханонаш аз равған мулоимтар,Вале мисли шамшери бараҳнаянд.+ 22  Бори дилатро ба Яҳува парто+Ва ӯ туро дастгирӣ мекунад.+ Ӯ ҳаргиз намегузорад, ки росткор биафтад.+ 23  Вале онҳоро, эй Худо, ту ба чоҳи бетаге хоҳӣ партофт.+ Он хунрезону фиребгарон нисфи умрашонро ҳам нахоҳанд дид.+ Ман бошам, ба ту такя хоҳам намуд.

Поварақҳо

Маскил — ниг. ба луғат.
Яъне ҳамон дӯсте, ки дар оятҳои 13 ва 14 зикр шудааст.