Забур 63:1-11
Таронаи Довуд, вақте ӯ дар биёбони Яҳудо буд.+
63 Худоё, ту Худои манӣ, туро ҷустуҷӯ мекунам.+
Ҷонам ташнаи туст.+
Дар замини хушку хароб ва беобҶисмам аз пазмоният беҳол гаштааст.+
2 Дар макони пок ба ту менигаристам,Қувват ва ҷалоли туро медидам.+
3 Меҳру вафоят аз ҳаёт беҳтар аст,+Аз ин рӯ лабонам туро ситоиш мекунанд.+
4 Тамоми умр васфи туро мегӯям,Ба номи ту дасти дуо мебардорам.
5 Мисли он ки аз хӯроки равғанину лазиз бошад, серам.
Бо шодӣ бар лаб туро ситоиш мекунам.+
6 Туро дар бистарам ба ёд меорамВа посҳои шаб дар бораи ту андеша мекунам,+
7 Зеро ту мададгори манӣ,+Дар сояи болҳоят нидои шодӣ мебарорам.+
8 Ҷонам ба ту часпидааст,Дасти ростат маро сахт медорад.+
9 Аммо онҳое, ки қасди ҷонам доранд,Ба қаъри замин фурӯ мераванд.
10 Онҳо аз дами шамшер мегузарандВа луқмаи шағолон* мегарданд.
11 Аммо подшоҳ аз корҳое, ки Худо барояш мекунад, шод мегардад.
Ҳар кӣ ба номи Ӯ қасам хӯрад, фахр хоҳад кард,Даҳони дурӯғгӯён бошад, баста хоҳад шуд.
Поварақҳо
^ Ё «рӯбоҳон».