Забур 64:1-10
-
Ҳимоя аз ҳамлаҳои ниҳонӣ
-
«Худо ба онҳо тир хоҳад андохт» (7)
-
Ба сардори ромишгарон. Таронаи Довуд.
64 Худоё, вақте зорӣ мекунам, овозамро бишнав.+
Ҷонамро аз бими душман халос кун.
2 Маро аз қасди бадкоронВа аз ҷамъи бадкирдорон нигаҳ дор.+
3 Забонашонро мисли шамшер тез мекунанд,Суханони талхро мисли тир равона мекунанд,
4 То ба бегуноҳ аз камингоҳ биандозанд.
Онҳо ба вай ногаҳон тир мезананд ва наметарсанд.
5 Онҳо бадандеширо пеша месозанд*,Маслиҳат мекунанд, ки чӣ тавр домашонро пинҳон намоянд.
Онҳо мегӯянд: «Домҳоямонро кӣ мебинад?»+
6 Онҳо роҳҳои нави бадкориро меҷӯянд,Пинҳонӣ найрангҳои моҳирона меандешанд,+Андешаи даруни дилашон нофаҳмиданист.
7 Аммо Худо ба онҳо тир хоҳад андохт,+Онҳо ногаҳон захмдор хоҳанд шуд.
8 Забонашон балои ҷонашон мешавад,+Ҳар кӣ онҳоро бубинад, масхараомез сар хоҳад ҷунбонд.
9 Он гоҳ ҳама одамон тарсон мешаванд,Онҳо корномаи Худоро эълон хоҳанд кардВа корҳои ӯро фаҳм хоҳанд намуд.+
10 Росткор аз корҳои Яҳува хушҳол шуда, дар ӯ паноҳ хоҳад бурд.+
Ҳама софдилон аз ӯ фахр хоҳанд кард.
Поварақҳо
^ Ё «Якдигарро дар бадкорӣ дастгирӣ мекунанд».