Забур 90:1-17
Дуои Мӯсо, марди Худо.+
90 Эй Яҳува, ту асрҳои аср сарпаноҳи* мо будӣ.+
2 Пеш аз зода шудани кӯҳҳо,Пеш аз он ки ту замин ва дунёро ба вуҷуд овардӣ,+Аз азал то абад, ту Худо ҳастӣ.+
3 Ту инсони мирандаро ба хок бармегардонӣ,Ту мегӯӣ: «Эй фарзандони одам, ба хок баргардед».+
4 Ҳазор сол дар назари ту мисли дирӯз аст, ки гузаштааст,+Мисли як поси шаб аст.
5 Ту онҳоро мерӯбӣ+ ва онҳо мисли хоб нопадид мегарданд.
Саҳарӣ онҳо монанди сабза мерӯянд,+
6 Пагоҳӣ гул мекунанду нашъунамо меёбанд,Вале бегоҳӣ хушку пажмурда мешаванд.+
7 Мо аз ғазаби ту обу адо мешавем+Ва аз хашми ту ба даҳшат меоем.
8 Хатоҳоямон пеши чашми туст,+Корҳои ниҳонамонро бо нури рӯят фош месозӣ.+
9 Умрамон аз ғазабат коста мешавадВа солҳоямон мисли як дам* мегузаранд.
10 Солҳои умрамон 70 аст,Агар хуб бақувват бошем, 80.+
Аммо онҳо пур аз дарду азобанд,Зуд мегузаранд ва мо парида меравем.+
11 Кӣ метавонад шиддати ғазабатро дарк кунад?
Хашми ту баробари тарсе, ки онро сазоворӣ, бузург аст.+
12 Ба мо биомӯз, ки чӣ тавр рӯзҳоямонро ҳисоб кунем*,+То дили пурхирад пайдо намоем.
13 Баргард, эй Яҳува!+ То ба кай ин давом хоҳад ёфт?+
Бар бандагонат раҳм кун.+
14 Моро саҳаргоҳон аз меҳру вафоят сер соз,+То тамоми умр хурсандӣ кунем ва нидоҳои шодӣ барорем.+
15 Баробари рӯзҳое, ки моро гирифтори ғам кардӣ, ба мо шодӣ бидеҳ,+Ба андозаи рӯзҳои мусибатамон хурсандӣ ато кун.+
16 Бигзор бандагонат корномаҳоятро бубинандВа шукӯҳи ту бар фарзандонашон намоён шавад.+
17 Бигзор ризои Худоямон Яҳува бар мо бошад!
Амали дастонамонро комёб гардон,Амали дастонамонро комёбӣ бахш.+