Забур 96:1-13

  • «Ба Яҳува суруди нав сароед»

    • Яҳува беш аз ҳама лоиқи ҳамду саност (4)

    • «Худоёни халқҳо бекораанд» (5)

    • Бо либоси поку муқаддас Худоро парастиш кунед (9)

96  Ба Яҳува суруди нав сароед,+Дар васфи Яҳува бисароед, эй тамоми замин!+   Ба Яҳува бисаро, номашро ситоиш кун. Хушхабари наҷоташро рӯз аз рӯз эълон намо!+   Ҷалоли ӯро дар байни халқҳоВа корҳои бузургашро дар миёни тамоми қавмҳо баён намо.+   Яҳува бузург ва беш аз ҳама лоиқи ҳамду саност. Ҳашамати ӯ аз ҳамаи худоён бештар аст.   Ҳамаи худоёни халқҳо бекораанд,+Вале Яҳува офаридгори осмон аст.+   Шукӯҳу шавкат дар ҳузури ӯст,+Қудрату зебоӣ дар муқаддасгоҳи ӯст.+   Яҳуваро васф намоед, эй қабилаҳои халқҳо,Яҳуваро барои ҷалолу қувваташ васф кунед.+   Яҳуваро, он тавре ки шоистаи номаш бошад, ҷалол диҳед.+ Ҳадия биёред ва ба саҳнҳояш биёед.   Бо либоси поку муқаддас* ба Яҳува саҷда кунед. Дар пеши ӯ биларз, эй тамоми замин! 10  Дар миёни халқҳо эълон кунед: «Яҳува Подшоҳ шуд!»+ Ӯ заминро устувор кардааст ва он такон нахоҳад хӯрд. Ӯ халқҳоро аз рӯйи инсоф доварӣ хоҳад кард.+ 11  Бигзор осмон шодӣ кунад ва замин хушҳолӣ намояд. Бигзор баҳр ва ҳар чӣ дар он аст, бихурӯшад,+ 12  Бигзор дашту саҳро ва ҳар чӣ дар онҳост, хурсандӣ кунанд.+ Бигзор ҳама дарахтони ҷангал низ нидоҳои шодӣ бароранд,+ 13  Бигзор пеши Яҳува шодӣ кунанд, зеро ӯ меояд*,Зеро ӯ барои доварии замин меояд. Ӯ заминро аз рӯйи инсофВа халқҳоро аз рӯйи ростияш доварӣ хоҳад кард.+

Поварақҳо

Ё, эҳтимол, «Ба хотири шукӯҳи покияш».
Ё «омадааст».