Закарё 10:1-12

  • Аз Яҳува борон биталабед, на аз бутҳо (1, 2)

  • Яҳува халқашро ҷамъ меорад (3–12)

    • Сардор аз хонадони Яҳудо (3, 4)

10  «Дар мавсими борони баҳор аз Яҳува борон биталабед. Яҳува абрҳои сиёҳро ба вуҷуд меорад,Бар ҳама борон меборонад+Ва саҳроҳояшонро сарсабз мекунад.   Бутҳо* суханони фиребанда мегӯянд*Ва фолбинон рӯъёи дурӯғ мебинанд. Онҳо хобҳои пучро нақл мекунандВа беҳуда дилбардорӣ менамоянд. Бинобар ин онҳо чун гӯсфандон сарсон мешаванд,Ҷонашон аз бечӯпонӣ дар азоб мемонад.   Хашми ман бар чӯпонон аланга гирифтаастВа ман пешвоёни ситамгарро* ҷазо медиҳам. Яҳува, Худои лашкарҳо, сӯйи рамаи худ, хонадони Яҳудо, назар кардааст+Ва онҳоро чун аспи ҷангияш пуршукӯҳ гардондааст.   Сардор* аз ӯ мебарояд,Ҳокими мададгор* аз ӯ мебарояд,Камони ҷангӣ ва ҳар нозир* аз ӯ мебарояд —Ҳамаашон аз ӯ ба миён меоянд.   Онҳо чун ҷанговароне мешаванд,Ки дар задухӯрд лойи кӯчаҳоро поймол мекунанд. Яҳува бо онҳост, аз ин рӯ онҳо ба ҷанг мебароянд+Ва аспсаворонро шарманда месозанд.+   Ман хонадони Яҳудоро қавӣ мегардонамВа хонадони Юсуфро наҷот медиҳам.+ Ман ба онҳо раҳм мекунаму+ ба заминашон бармегардонам,Гӯё ҳеҷ гоҳ онҳоро наронда бошам.+ Ман Худояшон Яҳува ҳастам ва ба дуоҳои онҳо ҷавоб медиҳам.   Эфроимиён чун ҷанговарони пурзӯр мешаванд,Онҳо дилхуш мегарданд, гӯё шароб нӯшида бошанд.+ Писаронашон инро дида шодӣ мекунандВа дилашон аз Яҳува хушҳол мегардад.+   “Ман ҳуштак кашида, онҳоро ҷамъ меорам. Онҳоро раҳо мекунам*+ ва онҳо сершумор мешаванд,Онҳо ҳамеша сершумор хоҳанд буд.   Онҳоро мисли донаҳо дар миёни халқҳо пароканда кунам ҳам,Маро дар замини дурдаст ба ёд меорандВа бо писаронашон қуввати тоза ёфта, бармегарданд. 10  Ман онҳоро аз замини Миср бозмеорамВа аз Ошур ҷамъ мекунам.+ Ман онҳоро ба замини Ҷилъод+ ва Лубнон меорамВа он барояшон тангӣ мекунад.+ 11  Ман аз баҳр гузашта, онро ба бало гирифтор месозам,Мавҷҳои онро зарба мезанам.+ Обҳои азими Нил хушк мегардад. Ғурури Ошур шикаста мешавадВа чӯбдасти шоҳони Миср гирифта мешавад.+ 12  Ман, Яҳува, онҳоро пурзӯр мекунам+Ва онҳо ба номи ман равона мешаванд”,+— мегӯяд Яҳува».

Поварақҳо

Ё «Бутҳои хонаводагӣ». Ибр. «терафим».
Эҳтимол, ин ҷо суханоне дар назаранд, ки бо сеҳру ҷоду алоқаманданд.
Дар матни асл «нарбузҳоро».
Дар матни асл «Бурҷи кунҷакӣ». Ин ибора ба одами баландмартаба ишора мекунад.
Дар матни асл «Мех». Ин ҷо ҳоким ё касе дар назар аст, ки ба ӯ такя мекунанд.
Ё «корфармо».
Ё «бозмехарам».