Закарё 11:1-17
11 «Дарҳои худро бикшо, эй Лубнон,То ки дарахтони сидраат ба коми оташ раванд.
2 Нола кун, эй арча, зеро сидра ғалтидааст,Дарахтони боҳашамат нобуд гаштаанд.
Нола кунед, эй булутҳои Бошон,Зеро ҷангали касногузар валангор шудааст.
3 Нолаи чӯпонон ба гӯш мерасад,Зеро ҳашамати онҳо нест шудааст.
Наъраи шерони ҷавон шунида мешавад,Зеро бешаи қад-қади Урдун нобуд гаштааст.
4 Худоям Яҳува чунин мегӯяд: “Рамаеро, ки сар буриданиянд, бичарон,+
5 рамаеро, ки харидоронаш сар мебуранд+ ва барои ин гунаҳкор дониста намешаванд. Фурӯшандагонаш+ мегӯянд: “Шукри Яҳува, ки ман бой мешавам”. Чӯпононаш ба рама раҳме надоранд.+
6 Ман ба сокинони ин замин дигар раҳм намекунам,— мегӯяд Яҳува.— Ҳар касро ба дасти ёрашу подшоҳаш месупорам, онҳо заминро хароб мекунанд ва ман онҳоро аз дасти озордеҳонашон халос намесозам”».
7 Ман рамаеро, ки сар буриданиянд,+ ба хотири шумо, эй азобдидагони рама, чӯпонӣ мекунам. Ман ду асоро, ки якеро Марҳамат ва дигареро Ягонагӣ номидам,+ ба даст гирифтам ва акнун рамаро чӯпонӣ мекунам.
8 Ман дар як моҳ се чӯпонро пеш кардам, чунки онҳо ҷонамро ба лаб расонданд, ва онҳо ҳам маро чашми дидан надоштанд.
9 Ман гуфтам: «Ман шуморо дигар чӯпонӣ намекунам. Кадоме мурда истодааст, мурдан гирад ва кадоме нобуд шуда истодааст, нобуд шавад, боқимондагон бошанд, гӯшти бадани якдигарро бихӯранд».
10 Ман асоямро, ки Марҳамат+ ном дошт, ба даст гирифта, пора кардам ва аҳдеро, ки бо тамоми мардум баста будам, шикастам.
11 Дар он рӯз ман онро шикастам ва азобдидагони рама, ки сӯям менигаристанд, фаҳмиданд, ки ин паёми Яҳува аст.
12 Баъд аз ин ба онҳо гуфтам: «Агар дуруст шуморед, музди маро диҳед, вале, агар нахоҳед, надиҳед». Он гоҳ онҳо ба ман 30 сиқл нуқра доданд.+
13 Пас аз ин Яҳува ба ман гуфт: «Баҳои гаронеро, ки ба ман муносиб донистанд, ба хазина парто».+ Он гоҳ ман 30 сиқл нуқраро гирифта, ба хазинаи хонаи Яҳува партофтам.+
14 Ман асои дуюмро, ки Ягонагӣ ном дошт,+ пора карда, бародарии Яҳудову Исроилро барҳам додам.+
15 Яҳува ба ман гуфт: «Асбобу анҷоми чӯпони ноуҳдабароро бигир.+
16 Ман мегузорам, ки дар ин сарзамин чӯпоне ба миён ояд. Ӯ ғами гӯсфандонеро, ки мурда истодаанд, намехӯрад,+ барраи гумшударо намекобад, захмдорро табобат намекунад+ ва гӯсфандонеро, ки аз по наафтидаанд, намечаронад, балки гӯшти фарбеҳонро фурӯ мебарад+ ва ҳатто суми гӯсфандонро мешиканад.+
17 Вой бар ҳоли чӯпони нобакорам,+ ки рамаро партофтааст!+
Шамшер дасти ӯ ва чашми рости ӯро зарба мезанад.
Дасти вай хушку чашми росташ кӯр мешавад».