Закарё 12:1-14

  • Яҳува Яҳудо ва Ерусалимро муҳофизат мекунад (1–9)

    • Ерусалим «санги вазнине» мешавад (3)

  • Оне, ки баданашро шикоф карданд (10–14)

12  Паём: «Ин аст паёми Яҳува дар бораи Исроил,— мегӯяд Яҳува,Худое, ки осмонро паҳн кардааст,+Бунёди заминро гузоштааст+Ва рӯҳи* одамро дар дарунаш ба вуҷуд овардааст.—  Ман Ерусалимро ҷоме мекунам, ки ҳамаи халқҳои ҳамсояро маст мекунад, ва душман Яҳудову Ерусалимро муҳосира менамояд.+  Дар он рӯз ман Ерусалимро барои ҳамаи одамон санги вазнине мекунам. Ҳамаи онҳое, ки вайро мебардоранд, сахт захмдор мешаванд+ ва ҳамаи халқҳои рӯйи замин бар зидди вай ҷамъ меоянд.+  Дар он рӯз,— мегӯяд Яҳува,— ҳар аспро ба воҳима ва саворашро ба девонагӣ гирифтор мекунам. Ман аз хонадони Яҳудо чашм намеканам, аспҳои халқҳоро бошад, кӯр месозам.  Мирони Яҳудо дар дил хоҳанд гуфт: “Мардуми Ерусалим қуввати мост, чунки Яҳува, Худои лашкарҳо, Худои онҳост”.+  Дар он рӯз ман мирони Яҳудоро мисли оташдони лахчадоре дар миёни ҳезум ва мисли машъали фурӯзоне дар миёни дарзаҳои ғалла месозам+ ва онҳо ҳамаи халқҳои ҳамсояашонро аз чапу рост нест мекунанд.+ Мардуми Ерусалим боз дар макони худ, дар Ерусалим, сокин мешавад.+  Яҳува аввал хаймаҳои Яҳудоро наҷот медиҳад, то шукӯҳи хонадони Довуду мардуми Ерусалим аз шукӯҳи Яҳудо аз ҳад бузург нашавад.  Дар он рӯз Яҳува гирдогирди мардуми Ерусалим ҳисор мешавад.+ Дар он рӯз беқувваттарини онҳо мисли Довуд мегардаду хонадони Довуд мисли Худо, мисли фариштаи Яҳува, ки пешопешашон меравад.+  Дар он рӯз ман ҳамаи халқҳоеро, ки бар зидди Ерусалим меоянд, ҳатман нест мекунам.+ 10  Ман рӯҳи худро бар хонадони Довуду мардуми Ерусалим рехта, ба онҳо лутфу марҳамат мекунам ва онҳо маро зориву илтиҷо менамоянд. Онҳо ба оне, ки баданашро шикоф карданд, менигаранд+ ва барояш чун барои писари ягона меноланд, барояш чун барои писари калонӣ зор-зор мегирянд. 11  Он рӯз дар Ерусалим гиряву нолаи бисёре мекунанд, ҳамон тавре ки дар Ҳададримӯни водии Маҷиддӯ+ карда буданд. 12  Ин замин гиря хоҳад кард, ҳар оила ҷудо-ҷудо гиря хоҳад кард. Оилаҳои хонадони Довуд алоҳидаву занонашон алоҳида, оилаҳои хонадони Нотон+ алоҳидаву занонашон алоҳида, 13  оилаҳои хонадони Левӣ+ алоҳидаву занонашон алоҳида, оилаҳои хонадони Шимъӣ+ алоҳидаву занонашон алоҳида, 14  ҳамаи оилаҳои дигар низ, ҳар оила алоҳидаву занонашон алоҳида, хоҳанд гирист.

Поварақҳо

Ё «нафаси».