Закарё 13:1-9
13 Дар он рӯз барои хонадони Довуду мардуми Ерусалим чоҳе канда мешавад, то гуноҳу нопокии онҳо тоза гардад.+
2 Дар он рӯз,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо,— ман ному нишони бутҳоро аз ин сарзамин нест мекунам+ ва онҳоро дигар ба ёд намеоранд. Ман ин заминро аз пайғамбарон+ ва рӯҳи нопок тоза мекунам.
3 Агар касе боз пешгӯйӣ кунад, падару модараш, ки вайро ба дунё овардаанд, мегӯянд: “Ту зинда намемонӣ, чунки аз номи Яҳува дурӯғ гуфтӣ”. Падару модаре, ки вайро ба дунё овардаанд, вайро теғ мезананд, зеро пешгӯйӣ мекард.+
4 Дар он рӯз ҳар пайғамбар аз рӯъёе, ки дар пешгӯйияш мегӯяд, шарм медорад. Онҳо дигар либоси пашмин+ пӯшида, фиреб намедиҳанд.
5 Ӯ мегӯяд: “Ман пайғамбар нестам, балки деҳқонам, чунки маро дар ҷавониям харида, ғулом карданд”.
6 Агар касе аз вай пурсад, ки “Ин захмҳои байни китфҳоят* аз куҷост?”, хоҳад гуфт: “Маро дар хонаи дӯстонам* захмдор карданд”.
7 Эй шамшер, бар зидди чӯпони ман бархез,+Бар зидди касе, ки ёру ҳамдами ман аст,— мегӯяд Яҳува, Худои лашкарҳо.—
Чӯпонро бизан+ ва рама* пароканда мешавад.+
Ман ба назарногирон даст мебардорам.
8 Дар тамоми замин,— мегӯяд Яҳува,—Ду сеяк нест мешавад*
Ва як сеяк боқӣ мемонад.
9 Ман он сеякро аз оташ мегузаронам,Онҳоро мисли нуқра тоза мекунамуМисли тилло месанҷам.+
Он вақт онҳо номи маро гирифта, сӯям мехонандВа ман ба онҳо ҷавоб медиҳам.
Дар он замон ман мегӯям: “Онҳо халқи мананд”,+Онҳо бошанд, мегӯянд: “Яҳува Худои мост”».
Поварақҳо
^ Дар матни асл «байни дастонат». Яъне дар сари сина ё тахтапушт.
^ Ё «дӯстдоронам».
^ Ё «гӯсфандон».
^ Ё «мемурад».