Закарё 9:1-17

  • Паём бар зидди халқҳои атроф (1–8)

  • Омадани подшоҳи Сион (9, 10)

    • Подшоҳи хоксор савори хар меояд (9)

  • Халқи Яҳува озод мешавад (11–17)

9  Паём: «Яҳува бар зидди замини Ҳадрох паём фиристодаастВа он ба Димишқ дахл дорад,+Зеро чашмони Яҳува бар одамизод+Ва бар тамоми қабилаҳои Исроил аст.   Ин паём ҳамчунин бар зидди Ҳамот+ аст, ки ҳамсарҳади ӯст,Ва бар зидди Сӯру+ Сидӯн+ аст, зеро онҳо беҳад доноянд.+   Сӯр барои худ хокрез* бардоштааст*,Нуқраи ӯ чун хок ва тиллои ӯ чун лойи кӯчаҳо бисёр аст.+   Яҳува молу мулки ӯро кашида мегирад,Лашкарашро ба баҳр мепартояд*+Ва оташ ӯро ба коми худ мекашад.+   Ашқалӯн инро дида ба ҳарос меафтад,Ғаззаро тарс фаро мегирадВа Эқрӯн ба изтироб меояд, зеро умедаш барбод меравад. Подшоҳи Ғазза ҳалок мешавадВа Ашқалӯн беодам мегардад.+   Дар Ашдӯд бегонагон сокин мешавандВа ман ғурури фалиштиёнро мешиканам.+   Ман хӯроки хунинро аз даҳони онҳоВа чизи ҳаромро аз дандонҳояшон мегирам. Бақияи онҳо аз они Худои мо мешавад. Онҳо чун мирони ЯҳудоВа мардуми Эқрӯн чун ябусиён+ мешаванд.+   Ман урду зада* хонаамро муҳофизат мекунам,+То душман ба он даробаро накунад. Ситамгаре* дигар аз он намегузарад,+Зеро ман аҳволи онҳоро* бо чашми худ дидам.   Аз таҳти дил хурсандӣ кун, эй духтари Сион! Аз шодӣ нидо кун, эй духтари Ерусалим! Подшоҳи ту ба наздат меояд.+ Ӯ росткор аст ва наҷот медиҳад*. Ӯ хоксор аст+ ва савори хар меояд,Ӯ бар курра*, бачаи модахар, савор аст.+ 10  Ман аробаҳои ҷангиро аз ЭфроимВа аспҳоро аз Ерусалим нест мекунам,Камони ҷангиро мешиканам. Ӯ ба халқҳо сулҳу осоиштагиро эълон мекунад.+ Ҳукмронии ӯ аз як баҳр то баҳри дигарВа аз дарёи бузург* то гӯшаву канори замин хоҳад буд.+ 11  Ман зиндониёнатро, эй зан,Бо хуни аҳди ту аз чоҳи беоб раҳо мекунам.+ 12  Эй бандиёни умедвор, ба истеҳком баргардед.+ Имрӯз ба ту чунин мегӯям: “Ман ба ту ҳиссаи дучанд медиҳам, эй зан.+ 13  Ман Яҳудоро ҳамчун камон зеҳ* мекунамВа Эфроимро чун тир бар он мегузорам. Ман писарони туро, эй Сион,Бар зидди писарони Юнон бармехезонамВа туро мисли шамшери ҷанговар мекунам”. 14  Ҳама хоҳанд дид, ки Яҳува бо халқи худ аст,Тири ӯ барқвор аз камон меҷаҳад. Парвардигор Яҳува шох менавозад+Ва бо тундбодҳои ҷануб ба ҷанг мебарояд. 15  Яҳува, Худои лашкарҳо, онҳоро муҳофизат мекунадВа онҳо сангҳои фалахмони душманро таги по менамоянд.+ Онҳо менӯшанд ва дилхуш мешаванд, гӯё шароб нӯшида бошанд,Чун коса, чун кунҷҳои қурбонгоҳ,+ пур мешаванд. 16  Дар он рӯз Худояшон Яҳува онҳоро наҷот медиҳад,Чуноне ки чӯпон гӯсфандонашро халос мекунад.+ Онҳо чун сангҳои қиматбаҳои тоҷ мешаванд ва дар замини ӯ медурахшанд.+ 17  Чӣ бузург аст некуии ӯ+ ва чӣ азим аст шукӯҳи ӯ! Ғалла ҷавонмардонро ва шароби нав духтаронро пур аз қувват мекунад».+

Поварақҳо

Хокрез — ниг. ба луғат.
Ё «қалъа сохтааст».
Ё, эҳтимол, «дар баҳр шикаст медиҳад».
Эҳтимол, азоби халқи Худо дар назар аст.
Ё «Корфармое».
Ё «посгоҳ сохта».
Ё «ғалаба мекунад».
Ё «хӯтик».
Яъне дарёи Фурот.
Дар матни асл «зер».