Ибриён 6:1-20

  • Сӯйи камолот шитобед (1–3)

  • Аз имон гашта Писарро боз мехкӯб мекунанд (4–8)

  • Аз умед дилпур бошед (9–12)

  • Ваъдаи Худо сазовори боварист (13–20)

    • Ваъдаву қасами Худо дигар намешавад (17, 18)

6  Бинобар ин, ҳоло ки таълимоти асосиро+ дар бораи Масеҳ аз худ кардаем, биёед сӯйи камолот шитобем*+ ва аз нав таҳкурсӣ нагузорем, яъне боз ба омӯхтани таълимоте барнагардем, ки инҳоянд: тавба аз корҳои беҷон, имон ба Худо,  таълим дар бораи таъмидҳо*, даст гузоштан,+ зинда шудани мурдагон+ ва доварии ҷовидонӣ.  Худо хоҳад, дар ин кор комёб мешавем.  Касонеро, ки боре аз нури Худо баҳравар шудаанд,+ аз атои осмонӣ чашидаанд, шарики рӯҳи муқаддас гаштаанд,  мазаи каломи неки Худо ва қувваҳои замони ояндаро* фаҳмидаанд,  вале аз имон рӯ тофтаанд,+ аз нав сӯйи тавба овардан номумкин аст, зеро онҳо Писари Худоро* боз ба сутун мехкӯб мекунанд ва дар пеши назари мардум беобрӯ месозанд.+  Вақте замин борҳо борони бар он боридаро меҷабад ва баъд барои касоне, ки онро киштукор мекунанд, ҳосил медиҳад, аз Худо баракат меёбад.  Лекин, агар он хору хас рӯёнад, партофта мешавад. Он ба лаънат ёфтан наздик аст ва оқибат оташ зада мешавад.  Аммо чунин гӯем ҳам, аз шумо, эй азизон, дилпурем, ки ҳоли шумо беҳтар асту шумо дар роҳи наҷотед. 10  Охир, Худо беинсоф нест, ки меҳнату муҳаббатеро, ки ба хотири номи ӯ кардаед, аз ёд барорад+ ва фаромӯш кунад, ки чӣ қадар ба покон хизмат кардаеду мекунед. 11  Лекин мо орзуманди онем, ки ҳар яки шумо чунин ғайрат карда, то охир аз умеди+ худ дилпур бошед,+ 12  то ки танбал нашавед,+ балки ба онҳое, ки бо имону пурсабрӣ ваъдаҳоро соҳиб шудаанд, пайравӣ кунед. 13  Азбаски Худо ҳангоми ба Иброҳим ваъда доданаш ба номи аз худ бузургтаре қасам хӯрда наметавонист, ба номи худ қасам хӯрда,+ 14  гуфт: «Ман туро ҳатман баракат медиҳам ва насли туро бешумор мегардонам».+ 15  Ҳамин тавр, Иброҳим, баъд аз он ки сабру тоқат кард, ин ваъдаро соҳиб шуд. 16  Одамон ба номи каси аз худ бузургтаре қасам мехӯранд ва қасами онҳо ба ҳар баҳс хотима мебахшад, чунки он барояшон кафолатест, ки қувваи қонунӣ дорад.+ 17  Ба ин монанд, вақте Худо қарор дод, ки пойдор будани* нияташро ба ворисони ваъда+ боз ҳам равшантар созад, ӯ инро бо қасам кафолат дод. 18  Ҳамин тавр аз ду чизи пойдор*, ки дар мавриди онҳо дурӯғ гуфтани Худо мумкин нест,+ мо, ки ба ӯ паноҳ бурдаем, қуввати бисёр меёбем, то умедеро, ки дар пеши мост, маҳкам нигоҳ дорем. 19  Ин умед+ барои ҷонҳои мо лангари* мустаҳкаму устувор буда, моро ба паси парда мебарад.+ 20  Ба он ҷо роҳнамоямон Исо барои мо дохил шуд,+ ки ӯ мисли Малкисодақ абадан саркоҳин гашт.+

Поварақҳо

Ё «биёед бикӯшем одами пухта шавем».
Таъмид — ниг. ба луғат.
Ниг. ба луғат, ба калимаи «замона».
Писари Худо — ниг. ба луғат.
Ё «дигар нашудани».
Яъне ваъда ва қасам.
Лангар — оҳани вазнини занҷирдор, ки вақти истодани киштӣ барои устувор мондани он ба об мепартоянд.