Ирмиё 38:1-28
38 Шафатёҳуи писари Маттон, Ҷадалёҳуи писари Фашҳур, Юхали+ писари Шаламёҳу ва Фашҳури+ писари Малкиё суханони зерини Ирмиёро, ки ӯ ба мардум мегуфт, шуниданд:
2 «Яҳува чунин мегӯяд: “Ҳар кӣ дар ин шаҳр боқӣ монад, аз дасти шамшер, гушнагӣ ва вабо мемирад.+ Аммо, касе, ки худро ба дасти калдониён супорад, зинда мемонад ва ҷонаш ба вай чун ғанимат дода мешавад*”.+
3 Яҳува чунин мегӯяд: “Ин шаҳр ба дасти лашкари подшоҳи Бобил дода мешавад ва ӯ онро забт мекунад”».+
4 Мирон ба подшоҳ гуфтанд: «Хоҳиш мекунем, ин шахсро ба қатл расон,+ зеро ӯ бо суханони худ дасту дили сарбозони боқимондаи шаҳр ва тамоми мардумро хунук мекунад. Ӯ осоиштагии халқро неву фалокати онро хоҳон аст».
5 Подшоҳ Сидқиёҳу ҷавоб гардонд: «Ана, ӯ дар дасти шумост. Подшоҳ наметавонад ба хоҳиши шумо зид барояд».
6 Онҳо Ирмиёро гирифта, ба чоҳи Малкиёи писари подшоҳ, ки дар Саҳни Посгоҳ буд, партофтанд.+ Онҳо Ирмиёро бо бандҳо фароварданд. Дар он чоҳ об набуд, фақат лой буд ва Ирмиё дар лойқа ғӯтидан гирифт.
7 Абдумалики+ ҳабашӣ, ки хоҷасаройи хонаи подшоҳ буд, шунид, ки Ирмиёро ба чоҳ партофтаанд. Он вақт подшоҳ назди дарвозаи Бинёмин+ нишаста буд.
8 Абдумалик аз хонаи подшоҳ берун омада, ба подшоҳ гуфт:
9 «Эй хоҷаам подшоҳ, ин одамон дар ҳаққи пайғамбар Ирмиё кори баде карданд! Онҳо ӯро ба даруни чоҳ партофтанд. Ӯ дар он ҷо аз гушнагӣ мемирад, зеро дар шаҳр нон нест».+
10 Он гоҳ подшоҳ ба Абдумалики ҳабашӣ гуфт: «Ҳамроҳи худ 30 нафарро гирифта, бирав ва пайғамбар Ирмиёро аз даруни чоҳ берун ор, то ки намирад».
11 Абдумалик ҳамроҳи худ одам гирифта, ба хонаи подшоҳ, ба таҳхонаи хазина+ даромад ва аз он ҷо либосҳои куҳна ва латтапораҳоро гирифту онҳоро бо банд сӯйи Ирмиё фаровард.
12 Сипас Абдумалики ҳабашӣ ба Ирмиё гуфт: «Илтимос, ҳамин либосҳои куҳна ва латтапораҳоро дар таги кашат аз болои бандҳо бимон». Ирмиё ҳамин тавр кард
13 ва онҳо Ирмиёро бо бандҳо аз чоҳ берун оварданд. Баъд аз ин Ирмиё дар Саҳни Посгоҳ монд.+
14 Подшоҳ Сидқиёҳу кас фиристод, то пайғамбар Ирмиёро наздаш ба даромадгоҳи сеюми хонаи Яҳува оранд. Подшоҳ ба Ирмиё гуфт: «Аз ту як чизро пурсиданиям. Аз ман ҳеҷ чизро пинҳон накун».
15 Ирмиё ба Сидқиёҳу гуфт: «Агар ба ту гӯям, ту маро мекушӣ ва, агар ба ту маслиҳате диҳам, гӯш намекунӣ».
16 Он гоҳ подшоҳ Сидқиёҳу пинҳонӣ ба Ирмиё қасам хӯрда гуфт: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, ки ба мо ҳаёт бахшидааст, қасам ки, ман туро намекушам ва ба дасти онҳое, ки қасди ҷонатро доранд, намедиҳам».
17 Ирмиё ба Сидқиёҳу гуфт: «Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, мегӯяд: “Агар худро ба дасти мирони подшоҳи Бобил супорӣ, зинда мемонӣ ва ин шаҳр дар оташ намесӯзад ва тую хонаводаат зинда мемонед.+
18 Вале, агар ба мирони подшоҳи Бобил таслим нашавӣ, ин шаҳр ба дасти калдониён супурда мешавад ва онҳо онро оташ мезананд+ ва ту аз дасти онҳо раҳо намешавӣ”».+
19 Подшоҳ Сидқиёҳу ба Ирмиё гуфт: «Ман аз яҳудиёне, ки ба тарафи калдониён гузаштаанд, метарсам, мабодо калдониён маро ба дасти онҳо супоранд ва онҳо маро азоб диҳанд».
20 Вале Ирмиё гуфт: «Ту ба дасти онҳо супурда намешавӣ. Илтимос, ба гапи Яҳува, ки ба воситаи ман мегӯяд, гӯш деҳ, то ҳолат хуб бошад ва зинда бимонӣ.
21 Аммо, агар таслим нашавӣ, Яҳува ба ман ошкор кардааст, ки чунин мешавад:
22 тамоми заноне, ки дар хонадони подшоҳи Яҳудо боқӣ мондаанд, назди мирони подшоҳи Бобил+ оварда мешаванд ва он занон мегӯянд:
“Касоне, ки ба онҳо такя мекардӣ, туро фиреб доданд ва бар ту ғолиб омаданд.+
Аз пушти онҳо пойи ту дар лойқа ғарқ шудааст.
Акнун бошад, онҳо рӯ ба гурез овардаанд”.
23 Тамоми занону писаронат ба назди калдониён бурда мешаванд ва ту аз дасти онҳо халос намешавӣ. Ту ба дасти подшоҳи Бобил меафтӣ+ ва аз боиси ту ин шаҳр оташ зада мешавад».+
24 Сидқиёҳу ба Ирмиё гуфт: «Бохабар бош, ки инро ба ҳеҷ кас нагӯӣ, то намирӣ.
25 Агар мирон бишнаванд, ки ман бо ту гап задаам, ва назди ту омада, бигӯянд: “Ба мо бигӯй, ки ба подшоҳ чӣ гуфтӣ. Аз мо ҳеҷ чизро пинҳон накун ва мо туро намекушем.+ Подшоҳ ба ту чӣ гуфт?”,
26 ба онҳо ҷавоб деҳ: “Ман аз подшоҳ хоҳиш кардам, ки маро гашта ба хонаи Еҳунотон нафиристад, то он ҷо намурам”».+
27 Чанде пас ҳамаи мирон назди Ирмиё омаданд ва ӯро пурсуҷӯ карданд. Ӯ ба онҳо айнан ҳамон тавре ки подшоҳ фармуд, ҷавоб дод. Он гоҳ онҳо чизе нагуфтанд, зеро ҳеҷ кас суҳбати онҳоро нашунида буд.
28 Ирмиё то забт шудани Ерусалим дар Саҳни Посгоҳ монд+ ва дар рӯзи забт шудани он низ дар он ҷо буд.+
Поварақҳо
^ Ё «ҷонашро халос мекунад».