Ирмиё 5:1-31

  • Халқи Яҳува ислоҳ шудан намехоҳад (1–13)

  • Халқ ҷазо мегирад, лекин нобуд намешавад (14–19)

  • Яҳува халқро ба ҷавобгарӣ мекашад (20–31)

5  Дар кӯчаҳои Ерусалим бигардед. Назар кунед ва диққат диҳед. Майдонҳояшро кофта, бубинед. Агар як шахси боинсофро ёбед,+Ки аз пайи ростист,Ман ин шаҳрро мебахшам.   Ҳатто агар онҳо бигӯянд: «Ба номи Яҳува, Худои зинда, қасам!»,Қасами онҳо дурӯғ аст.+   Эй Яҳува, магар чашмони ту вафодоронро намеҷӯянд?+ Ту онҳоро зарба задӣ, вале ин ба онҳо таъсир накард. Онҳоро решакан кардӣ, вале дарс нагирифтанд.+ Онҳо рӯяшонро аз санг сахттар карданд+Ва сӯйи ту баргаштан нахостанд.+   Он гоҳ ман дар дил гуфтам: «Онҳо мардуми одиянд. Беақлона рафтор мекунанд, зеро роҳҳои ЯҳуваВа довариҳои Худояшонро намедонанд.   Пеши калоншавандагон меравам ва бо онҳо гап мезанам,Онҳо аз роҳҳои ЯҳуваВа довариҳояш огаҳ будагистанд,+Вале онҳо юғи* итоати Худоро шикастандВа худро аз бандагии ӯ раҳо карданд*».   Барои ҳамин шери беша ба онҳо ҳамла меорад,Гурги дашт онҳоро қир мекунад,Паланг назди шаҳрҳояшон камин мегирад. Ҳар кӣ аз онҳо барояд, пора-пора мешавад,Зеро гуноҳҳояшон зиёд шудааст Ва хиёнаткориҳояшон беҳисоб аст.+   Чӣ тавр ин корҳоятро бубахшам? Писаронат маро тарк кардандВа ба номи он чӣ Худо нест, қасам мехӯранд.+ Ман онҳоро сер мекардам,Лекин онҳо зинокорияшонро давом медодандВа тӯда-тӯда шуда ба хонаи фоҳиша мерафтанд.   Онҳо мисли аспҳоеанд, ки аз шаҳват маст шудаанд,Ҳар яки онҳо аз пайи зани каси дигар шиҳа мекашад.+   «Магар онҳоро барои ин корҳояшон беҷазо монам? — мегӯяд Яҳува.— Магар аз чунин халқ қасос нагирам?+ 10  Ба токзорҳои Ерусалим биравед ва онҳоро хароб кунед,Вале пурра нобуд насозед.+ Навдаҳояшонро канда партоед,Зеро онҳо аз они Яҳува нестанд. 11  Хонадони Исроил ва хонадони ЯҳудоБа ман хиёнат карданд,— мегӯяд Яҳува.+ 12  Онҳо аз Яҳува рӯй гардонданд ва мегӯянд: “Ӯ ҳеҷ кор карда наметавонад*.+ Ҳеҷ фалокате бар сарамон намеояд. Шамшеру гушнагиро нахоҳем дид”.+ 13  Пайғамбарон суханони хушку холӣ мегӯянд,Сухани Худо дар дили онҳо нест. Пас, бигзор худашон ҳам мисли суханони пучашон нест шаванд!» 14  Аз ин рӯ Яҳува, Худои лашкарҳо, мефармояд: «Барои он ки ин халқ чунин мегӯяд,Ман суханонамро дар даҳони ту+ ба оташуИн мардумро ба ҳезум табдил медиҳамВа оташ онҳоро фурӯ хоҳад бурд.+ 15  Инак, ман халқеро аз замини дурдаст бар сари ту хоҳам овард, эй хонадони Исроил,+— мегӯяд Яҳува,—Халқи куҳан ва қадимеро, ки забонашро намедонӣВа гуфторашро намефаҳмӣ.+ 16  Тирдонашон мисли қабри кушода аст,Ҳамаашон ҷанговаранд. 17  Онҳо ҳосилоту нонат+Писарону духтаронатГову молатВа току анҷиратро фурӯ хоҳанд бурд. Онҳо шаҳрҳои ҳисордоратро, ки ба онҳо таваккал мекунӣ, бо шамшер нобуд хоҳанд сохт. 18  Вале ҳатто дар он рӯзҳо,— мегӯяд Яҳува,— ман шуморо несту нобуд намекунам.+ 19  Вақте онҳо бипурсанд: “Барои чӣ Худоямон Яҳува ҳамаи инро бар сарамон овард?”, ба онҳо бигӯй: “Шумо Худоро тарк намудед ва дар замини худ худоёни бегонаро парастиш кардед, пас, дар замине, ки аз они шумо нест, ба бегонагон хизмат хоҳед кард”».+ 20  Инро дар хонадони Яъқуб эълон кунедВа дар Яҳудо чунин гӯед: 21  «Бишнавед, эй аблаҳон ва беақлон,+Эй касоне, ки чашм дореду намебинед,+Гӯш дореду намешунавед:+ 22  “Магар аз ман наметарсед? — мегӯяд Яҳува.—Магар дар пеши ман ба ларза намеоед? Дар пеши касе, ки регро чун қонуни абадие ҳудуди баҳр гузоштаастВа баҳр аз он намегузарад. Мавҷҳояш туғён зананд ҳам, аз он намебароянд,Ба хурӯш оянд ҳам, аз сарҳад намегузаранд.+ 23  Вале ин мардум дили беитоату исёнгар дорад,Онҳо аз роҳи ман гаштаанд ва бо роҳи худ мераванд.+ 24  Онҳо дар дили худ нагуфтанд: “Аз Худоямон Яҳува битарсем,Аз Худое, ки боронро дар мавсимаш медиҳад,Ҳам борони тирамоҳӣ ва ҳам баҳориро,Худое, ки бароямон ҳафтаҳои таъйиншудаи даравро нигаҳ медорад”.+ 25  Аз пушти хатоҳоятон шумо аз ин чизҳо маҳрум шудаед,Аз пушти гуноҳҳоятон шумо аз чизҳои нек бебаҳра мондаед.+ 26  Дар миёни халқам бадкорон ҳастанд,Онҳо мисли сайёди парандагон камин мегиранд,Доми марговар мегузорандВа одамонро шикор мекунанд. 27  Чуноне ки қафас пур аз парандагон аст,Ҳамин тавр хонаҳои онҳо пур аз фиреб аст.+ Барои ҳамин онҳо торафт пурзӯр ва сарватманд мегарданд. 28  Онҳо равған гирифтаанд ва пӯсташон ялаққос мезанад,Бадкорияшон аз ҳад гузаштааст. Онҳо ба доди ятимон намерасанд,+Фақат фоидаи худро меҷӯяндВа камбағалро аз рӯйи инсоф доварӣ намекунанд”».+ 29  «Магар онҳоро барои ин корҳояшон беҷазо монам? — мегӯяд Яҳува.— Магар аз чунин халқ қасос нагирам? 30  Дар ин замин як чизи ваҳмангезу даҳшатовар рӯй додааст: 31  Пайғамбарон дурӯғро пешгӯйӣ мекунанд+Ва коҳинон аз мартабаашон суиистифода карда ҳукмфармоӣ мекунанд. Ба халқи ман бошад, ин маъқул аст.+ Лекин, вақте анҷом фаро расад, чӣ кор мекунед?»

Поварақҳо

Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.
Ё «Ва бандҳои фармонбардориро барканданд».
Ё, эҳтимол, «Ӯ вуҷуд надорад».