Ирмиё 50:1-46

  • Пешгӯйӣ бар зидди Бобил (1–46)

    • Аз даруни Бобил гурезед (8)

    • Исроил баргардонда мешавад (17–19)

    • Обҳои Бобил хушк мешаванд (38)

    • Бобил беодам мешавад (39, 40)

50  Паёме, ки Яҳува ба воситаи пайғамбар Ирмиё дар бораи Бобил,+ дар бораи замини калдониён, гуфт:   «Инро дар миёни халқҳо бигӯ ва эълон намо. Парчам бардор ва онро эълон кун. Ҳеҷ чизро пинҳон надор. Бигӯ: “Бобил забт шудааст.+ Бил шарманда гаштааст.+ Мерӯдах ба даҳшат афтодааст. Ҳайкалҳояш шармсор шудаанд. Бутҳои ҳаромаш* ба даҳшат омадаанд”,   Зеро халқе аз шимол бар зидди ӯ омада,+Заминашро ба даҳшатзор табдил медиҳад. Ҳеҷ кас дар он зиндагӣ намекунад. Одаму ҳайвон рӯ ба гурез оварда,Аз он ҷо рафтанд.  Дар он рӯзҳо ва дар он замон,— мегӯяд Яҳува,— мардуми Исроил ва мардуми Яҳудо якҷоя хоҳанд шуд.+ Онҳо гирякунон роҳ хоҳанд рафт+ ва якҷоя Худояшон Яҳуваро хоҳанд ҷуст.+  Онҳо роҳи Сионро хоҳанд пурсид ва рӯяшонро сӯйи он нигаронида+ хоҳанд гуфт: “Биёед бо аҳди ҷовидонӣ, ки фаромӯш намешавад, ба Яҳува бипайвандем”.+  Халқам мисли рамаи раҳгумзада гаштааст.+ Чӯпонони худашон онҳоро гумроҳ кардаанд.+ Онҳоро сӯйи кӯҳсор бурданд ва онҳо кӯҳ ба кӯҳ ва теппа ба теппа сарсону саргардон шуданд. Онҳо оромгоҳашонро фаромӯш карданд.  Ҳар кӣ онҳоро меёфт, фурӯ мебурд+ ва душманонашон мегуфтанд: “Мо айбдор нестем, зеро онҳо бар зидди Яҳува, ки ҷойгоҳи адолат аст, ва бар зидди умеди бобоёнашон — Яҳува, гуноҳ кардаанд”.   Аз даруни Бобил гурезед,Аз замини калдониён бароед+Ва мисли чорпоёне шавед, ки пешопеши рама мераванд,   Зеро ман аз замини шимолҶамъи халқҳои бузургро бар зидди Бобил бармехезонам.+ Онҳо бар зидди ӯ саф мекашандВа аз он ҷо омада, ӯро забт мекунанд. Тирҳояшон мисли тирҳои ҷанговаронанд,Ки волидонро бефарзанд месозанд+Ва беҳосил барнамегарданд. 10  Калдония ба яғмо бурда мешавад.+ Ҳар кӣ ӯро тороҷ кунад, сер мешавад,+— мегӯяд Яҳува,— 11  Зеро шумо мулки маро тороҷ карда,+Дилхушӣ мекардед, шодӣ мекардед.+ Шумо мисли ғуноҷин дар сабзазор ҷастухез мекардедВа мисли аспон шиҳа мекашидед. 12  Модаратон шарманда гаштааст.+ Он кӣ шуморо зодааст, дилмонда шудааст. Ӯ камтарини халқҳо,Дашти беоб ва биёбон аст.+ 13  Аз ғазаби Яҳува дар он касе сокин намешавад,+Он саросар ба харобазор табдил меёбад.+ Ҳар кӣ аз Бобил гузар кунад, бо даҳшат ба он менигарадВа тамоми балоҳояшро дида ба ҳайрат меафтаду ҳуштак мекашад.+ 14  Эй ҳамаи камонварон,Аз ҳар сӯ бар зидди Бобил саф кашед. Тиратонро дареғ надоред, ба ӯ тир занед,+Зеро ӯ бар зидди Яҳува гуноҳ кардааст.+ 15  Аз ҳар сӯ бонги ҷанг бизанед ва бар зидди ӯ бароед. Ӯ таслим шудааст. Сутунҳояш афтодаанд, деворҳояшро вайрон кардаанд+ —Ин интиқоми Яҳува аст.+ Аз ӯ қасосатонро бигиред. Чи тавре ки ӯ рафтор кард, бо ӯ низ ҳамон тавр рафтор кунед.+ 16  Корандаро аз Бобил решакан созедВа даравгарро, ки дос дар даст дорад, нест кунед.+ Аз ситами шамшер гурехта,Ҳар яке сӯйи халқи худ ва ба замини худ бармегардад.+ 17  Мардуми Исроил гӯсфандони парокандаанд.+ Шерон онҳоро титу парешон карданд.+ Аввал подшоҳи Ошур онҳоро фурӯ бурд,+ баъд подшоҳи Бобил, Набукаднесар, устухонҳояшонро хоид.+ 18  Аз ин рӯ Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Инак, ман бо подшоҳи Бобил ва заминаш тавре амал мекунам, ки бо подшоҳи Ошур+ карда будам. 19  Ман Исроилро ба чарогоҳаш бармегардонам.+ Ӯ бар Кармил, Бошон,+ кӯҳҳои Эфроим+ ва Ҷилъод+ чарида, сер мешавад”. 20  Дар он рӯзҳо ва дар он замон,— мегӯяд Яҳува,—Айби Исроилро меҷӯянд,Вале намеёбанд,Гуноҳҳои Яҳудо низ ёфт намешавад,Зеро ман ҳар киро боқӣ гузорам, гуноҳашро мебахшам.+ 21  Бар зидди замини Меротаим ва мардуми Фақуд+ баро. Онҳоро кушта, қир кун,— мегӯяд Яҳува.— Ҳар чӣ ба ту фармудам, ба ҷо ор. 22  Дар замин садои ҷанг аст,Фалокати бузургест. 23  Путке, ки тамоми заминро мекӯфт, шикаставу вайрон гаштааст.+ Ҳоли Бобил халқҳоро ба даҳшат меорад.+ 24  Ман пеши ту дом гузоштам ва ту ба он афтодӣ, эй Бобил. Ту аз ин бехабар будӣ. Туро ёфта, дастгир карданд,+Зеро ту бар зидди Яҳува баромадӣ. 25  Яҳува анборашро кушода,Силоҳҳои ғазабашро берун меорад,+Зеро Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо,Дар замини калдониён коре дорад. 26  Аз ҷойҳои дур бар зидди ӯ биёед,+Анборҳояшро кушоед.+ Ӯро мисли ғалла тӯда кунедВа несту нобуд созед*.+ Бигзор аз ӯ касе боқӣ намонад. 27  Ҳамаи буққаҳои ҷавонашро* бикушед,+Онҳоро сар буред. Вой бар ҳоли онҳо, зеро рӯзашон расидааст,Замони ҷазояшон фаро расидааст. 28  Овози гурезагон шунида мешавад,Садои онҳое, ки аз замини Бобил халосӣ меёбанд,То аз қасоси Худоямон Яҳува,Аз қасос барои ибодатгоҳаш,+ дар Сион ҳикоя кунанд. 29  Тирандозонро бар зидди Бобил биёред,Ҳамаи онҳоеро, ки камон зеҳ мекунанд.+ Дар гирди ӯ урду занед, нагузоред, ки касе гурезад. Бо ӯ ҳамон тавре амал кунед, ки худаш кардааст,+Зеро ӯ худписандона бар зидди Яҳува баромадааст,Бар зидди Худои Поки Исроил.+ 30  Ҷавононаш дар майдонҳо меафтанд+Ва тамоми лашкараш дар он рӯз нест мешавад,— мегӯяд Яҳува.— 31  Ман зидди туям,+ эй саркаш,+— мегӯяд Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо,—Зеро рӯзи ту, замоне ки ҳисобамро бо ту баробар мекунам, фаро мерасад. 32  Ту, эй саркаш, пешпо хӯрда, меафтӣВа касе нахоҳад буд, ки туро бардорад.+ Ман шаҳрҳоятро месӯзонамВа оташ ҳама чизи гирду атрофатро фурӯ мебарад». 33  Яҳува, Худои лашкарҳо, мегӯяд: «Мардуми Исроилу Яҳудо ба танг омадаанд. Ҳамаи касоне, ки асирашон кардаанд,+Онҳоро маҳкам доштаанд ва сар додан намехоҳанд.+ 34  Вале Товондеҳашон қавист,+Номи ӯ Яҳува, Худои лашкарҳост.+ Ӯ ба доди онҳо ҳатман мерасад,+То ба заминашон осоиштагӣ орад+Ва сокинони Бобилро ба воҳима андозад.+ 35  Шамшер бар зидди калдониён аст,— мегӯяд Яҳува,—Бар зидди сокинони Бобил ва бар зидди мирону хирадмандонаш.+ 36  Шамшер бар зидди беҳудагӯён* аст ва онҳо аҳмақона рафтор мекунанд. Шамшер бар зидди ҷанговарони ӯст ва онҳо ба даҳшат меоянд.+ 37  Шамшер бар зидди аспу аробаҳои ӯ меояд,Бар зидди тамоми халқҳои гуногунқабилае, ки дар миёни ӯст,Онҳо мисли зан ба ҳарос меафтанд.+ Шамшер бар зидди ганҷҳояш меояд ва онҳо тороҷ мегарданд.+ 38  Харобӣ бар обҳои Бобил меояд ва онҳо хушк мешаванд,+Зеро он замини бутҳост+Ва онҳо аз боиси руъёҳои даҳшатоварашон беақлона рафтор хоҳанд кард. 39  Аз ин рӯ ҷонварони биёбон бо ҳайвонҳои уллоскаш дар ӯ хоҳанд зистВа шутурмурғон андаруни ӯ сокин хоҳанд шуд.+ Ӯ дигар одамнишин намешавадВа то абад ҷойи зисти касе намегардад.+ 40  Чи тавре ки Худо Садӯму Амӯро+ ва шаҳрҳои ҳамсояашонро нобуд кард,+— мегӯяд Яҳува,— ҳамон тавр онро низ нобуд мекунад ва касе дар он зиндагӣ намекунаду сокин намешавад.+ 41  Инак, халқе аз шимол меояд,Аз канорҳои дурдасттарини заминХалқи бузург ва подшоҳони+ пурҷалол бархезонида мешаванд.+ 42  Онҳо камонваранду мизроқ* дар даст доранд.+ Онҳо сангдиланд ва раҳме намекунанд.+ Вақте аспсавор меоянд,Овозашон мисли баҳри хурӯшон аст.+ Онҳо мисли як тан бар зидди ту, эй духтари Бобил, саф хоҳанд кашид.+ 43  Хабари онҳо ба гӯши подшоҳи Бобил расид+Ва дасту дили ӯ суст шуд.+ Ӯро азоб фаро гирифт,Мисли азоби зане, ки дарди зоиш дорад. 44  Касе мисли шере дар бешазори сердарахти соҳили Урдун бар чарогоҳҳои ором хоҳад омад, вале ман дар як лаҳза тавре мекунам, ки онҳо рӯ ба гурез оранд. Ман бар вай интихобшудаеро таъйин мекунам.+ Кист мисли ман ва кӣ ба ман баробар шуда метавонад? Кадом чӯпон бар зидди ман истодагӣ карда метавонад?+ 45  Аз ин рӯ, эй мардум, бишнавед, ки Яҳува бар зидди Бобил чӣ ҳукме баровардааст+ ва бар зидди замини калдониён чӣ нияте кардааст: Баррачаҳои рамаро кашола карда хоҳанд бурд. Аз пушти онҳо ӯ чарогоҳашонро хароб мекунад.+ 46  Аз садои забти Бобил замин хоҳад ҷунбидВа дар миёни халқҳо фиғон шунида хоҳад шуд».+

Поварақҳо

Калимаи иброние, ки ин ҷо «ҳаром» тарҷума шудааст, эҳтимол, бо калимаи «саргин» (ахлот) ҳамреша буда, барои баён кардани нафрат истифода шудааст.
Ё «Ва ба нестӣ супоред».
Ё «ҷувонаҳояшро; навбасҳояшро; тӯрпиҳояшро».
Ё «пайғамбарони бардурӯғ».
Мизроқ — найзаи хурд.