Ирмиё 7:1-34

  • Такяи рӯякӣ ба ибодатгоҳи Яҳува (1–11)

  • Ибодатгоҳ мисли Шилӯ мешавад (12–15)

  • Бутпарастӣ маҳкум карда мешавад (16–34)

    • Парастиши Маликаи осмон (18)

    • Кӯдаконро дар Ҳиннӯм месӯзонанд (31)

7  Аз ҷониби Яҳува ба Ирмиё чунин паём омад:  «Назди дарвозаи хонаи Яҳува биист ва ин хабарро эълон кун: “Эй мардуми Яҳудо, ки аз ин дарвозаҳо даромада, ба Яҳува саҷда мекунед, сухани Яҳуваро бишнавед.  Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Роҳу рафтори худро ислоҳ кунед ва ман мегузорам, ки минбаъд низ дар ин макон зиндагӣ кунед.+  Ба суханони дурӯғ бовар карда чунин нагӯед: “Ин* ибодатгоҳи Яҳува, ибодатгоҳи Яҳува, ибодатгоҳи Яҳува аст!”+  Агар шумо роҳу рафторатонро ислоҳ кунед, агар дар ҳалли масъалаи ду нафар тарафдори адлу инсоф бошед,+  агар ғариб, ятим ва бевазанро азоб надиҳед,+ агар хуни бегуноҳро дар ин макон нарезед, агар бар зарари худ аз пайи худоҳои бегона наравед,+  он гоҳ ман мегузорам, ки минбаъд низ дар ин макон зиндагӣ кунед, дар замине, ки ба бобоёнатон ба таври ҷовидонӣ дода будам”.  Лекин шумо ба суханони дурӯғе бовар мекунед,+ ки тамоман фоида надоранд.  Оё равост, ки дуздӣ кунед,+ одам кушед, ба ҳамсаратон хиёнат кунед, қасами дурӯғ хӯред,+ ба Баал қурбонӣ оред,+ аз пайи худоҳое равед, ки пеш намешинохтед, 10  ва ба ҳамаи ин корҳои ҳароматон нигоҳ накарда ба ин макон, ки ба номи ман хонда шудааст, омада, дар ҳузури ман бигӯед: “Мо наҷот меёбем”? 11  Магар ин хонае, ки ба номи ман хонда шудааст, барои шумо макони ғоратгарон аст?+ Ман ҳама корҳоятонро дида истодаам,— мегӯяд Яҳува.— 12  Ҳоло ба макони ман, ки дар Шилӯ+ аст, биравед, ба ҷое ки бори аввал барои номам хуш карда будам,+ ва бубинед, ки ба сабаби бадкориҳои халқам Исроил бо он чӣ кор кардаам.+ 13  Лекин шумо аз ин корҳо даст накашидед,— мегӯяд Яҳува.— Ҳатто вақте такрор ба такрор* гап мезадам, ба ман гӯш намедодед.+ Ман шуморо мехондам, вале шумо ҷавоб намедодед.+ 14  Барои ҳамин ман бо хонае, ки ба номи ман хонда шудаасту+ шумо ба он такя мекунед,+ ва бо ин маконе, ки ба шумою бобоёнатон дода будам, ончунон ки бо Шилӯ карда будам, амал мекунам.+ 15  Ман шуморо аз пеши назарам дур мекунам, ҳамон тавре ки тамоми бародаронатон, тамоми насли Эфроимро, карда будам.+ 16  Ту бошӣ, дар ҳаққи ин халқ дуо нагӯй. Барои онҳо сӯйи ман фарёд назан ва дуо гуфта маро зориву илтиҷо накун,+ зеро туро гӯш нахоҳам кард.+ 17  Магар намебинӣ, ки онҳо дар шаҳрҳои Яҳудо ва дар кӯчаҳои Ерусалим чӣ кор мекунанд? 18  Писарон ҳезум ҷамъ мекунанд, падарон оташ дармегиронанд ва занон хамир мекунанд, то кулча пухта, барои Маликаи осмон*+ ҳадия оранд. Онҳо барои худоёни бегона ҳадияҳои рехтанӣ оварда, маро хашмгин месозанд.+ 19  Магар онҳо ба ман зарар мерасонанд?* — мегӯяд Яҳува.— Магар ин бар зарари худашон ва сабаби шармандагии худашон нест?+ 20  Барои ҳамин Парвардигор Яҳува мегӯяд: “Хашму ғазаби ман бар ин ҷой, бар одамизоду чорпо, бар дарахти саҳро ва меваи замин фурӯ хоҳад рехт.+ Он аланга зада, хомӯш нахоҳад шуд”.+ 21  Яҳува, Худованди лашкарҳо, Худои Исроил, чунин мегӯяд: “Қурбониҳои сӯхтаниятонро ба қурбониҳои дигар илова кунед ва онҳоро бихӯред,+ 22  зеро ман, дар рӯзе ки бобоёнатонро аз замини Миср берун овардам, ба онҳо дар бораи ҳадияҳо ва қурбониҳои сӯхтанӣ амре надодам ва сухане нагуфтам.+ 23  Ман фақат амри зеринро додам: “Ба овози ман гӯш диҳед ва ман Худои шумо мешаваму шумо халқи ман.+ Шумо бояд мувофиқи ҳар он чӣ ба шумо фармудам, амал кунед, то некуаҳвол бошед”.+ 24  Вале онҳо нашуниданд ва гӯш надоданд,+ балки якравона аз пайи ниятҳои худ, аз пайи дили сиёҳашон, рафтанд+ ва бадтар шуданду беҳтар не. 25  Шумо, аз рӯзе ки бобоёнатон аз замини Миср берун омаданд, то ба ин рӯз ҳамин хел мондед.+ Ман ҳар рӯз, гаштаву баргашта, хизматгоронам, пайғамбаронро, назди шумо мефиристодам,+ 26  лекин касе маро нашунид ва гӯш надод.+ Баръакс, шумо гарданшахӣ кардед ва аз бобоёни худ бадтар рафтор намудед. 27  Ту ҳамаи ин суханонро ба онҳо бигӯ,+ ҳарчанд онҳо туро гӯш нахоҳанд кард, ва онҳоро бихон, ҳарчанд ба ту ҷавоб нахоҳанд дод. 28  Ба онҳо бигӯ: “Ин халқест, ки ба овози Худояш Яҳува гӯш намедиҳад ва панд намегирад. Вафодорӣ нест шудааст ва онро ҳатто ба забон намеоранд”.+ 29  Мӯйҳои натарошидаатро бурида парто ва дар теппаҳои хушку беалаф марсия* бихон, зеро Яҳува аз насле, ки ӯро дарғазаб кардааст, рӯй гардондааст ва онро тарк хоҳад кард. 30  Мардуми Яҳудо он чиро, ки дар назарам бад аст, ба амал оварданд,— мегӯяд Яҳува.— Онҳо бутҳои ҳаромашонро дар хонае, ки номи ман бар он аст, гузоштанд, то онро олуда созанд.+ 31  Онҳо баландиҳои Тӯфетро, ки дар водии Писари Ҳиннӯм*+ аст, сохтанд, то писарону духтаронашонро дар оташ бисӯзонанд,+ ҳол он ки ман инро нафармуда будам ва ин ҳатто ба гӯшаи хаёлам наомада буд.+ 32  Аз ин рӯ замоне меояд, ки,— мегӯяд Яҳува,— дигар он Тӯфет ё водии Писари Ҳиннӯм* хонда намешавад, балки водии Куштор номида мешавад. Онҳо дар Тӯфет ҷасадҳоро гӯр хоҳанд кард, то даме ки ҷой намонад.+ 33  Ҷасади мурдаҳои ин халқ хӯроки мурғони ҳаво ва ҳайвоноти замин мегардад ва касе ёфт намешавад, ки онҳоро пеш кунад.+ 34  Ман садои хушнудию шодмонӣ ва садои домоду арӯсро аз шаҳрҳои Яҳудо ва кӯчаҳои Ерусалим нест хоҳам кард,+ зеро замин вайрону валангор хоҳад шуд».+

Поварақҳо

Дар матни асл «Инҳо». Ин ҷо тамоми биноҳои ибодатгоҳ дар назар дошта шудаанд.
Дар матни асл «вақте барвақт хеста».
Номи худойзан (олиҳа)-е, ки исроилиёни осӣ парастиш мекарданд; эҳтимол, худои бороварӣ.
Ё «Магар онҳо маро хашмгин месозанд?»
Ё «суруди мотам».
Ниг. ба луғат, ба «водии Ҳиннӯм».
Ниг. ба луғат, ба «водии Ҳиннӯм».