Ирмиё 8:1-22
8 «Он вақт,— мегӯяд Яҳува,— устухонҳои подшоҳони Яҳудо, мирон, коҳинон, пайғамбарон ва сокинони Ерусалим аз қабр бароварда мешаванд.
2 Онҳо пеши офтоб, моҳ ва лашкари осмон, ки дӯсташон медоштанду хизматашонро ба ҷо меоварданд ва онҳоро пайравиву ҷустуҷӯ намуда, наздашон саҷда мебурданд, партофта хоҳанд шуд.+ Устухонҳои онҳо ҷамъ овардаву гӯр карда намешаванд ва мисли ахлоте бар рӯйи замин мегарданд».+
3 Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд: «Бақияи наҷотёфтагони ин қабилаи бадкор, дар ҳар ҷое ки ман онҳоро пароканда созам, на ҳаётро, балки маргро интихоб хоҳанд кард.
4 Ба онҳо бигӯй: “Яҳува мегӯяд:
“Оё онҳо афтида дигар барнамехезанд?
Агар яке баргардад, дигаре барнамегардад?
5 Чаро мардуми Ерусалим доимо бевафоӣ мекунанд?
Онҳо ба фиреб маҳкам часпидаандВа баргаштан намехоҳанд.+
6 Бодиққат гӯш додам, лекин суханонашон рост набуд.
Ҳеҷ кас аз бадкории худ пушаймон нашуд ва ё нагуфт: “Ин чӣ корест, ки кардам?”+
Ҳар яке мисли аспе, ки ба ҷанг метозад, шитобон ба роҳе, ки аксарият равонаанд, бармегарданд.
7 Лаклак мавсими худашро медонад*,Мусича, достак ва булбул замони бозгашти худро медонанд,Аммо халқи ман вақти доварии Яҳуваро сарфаҳм намеравад.+
8 Чӣ тавр шумо мегӯед: “Мо хирадмандем ва шариати* Яҳуваро дорем”?
Дар асл, котибони фиребгар қаламашонро+ танҳо барои дурӯғ истифода мебаранд.
9 Хирадмандон шарманда шуданд.+
Онҳо ба ҳарос афтода, ба дом меафтанд.
Онҳо сухани Яҳуваро рад карданд.
Пас, хирадмандии онҳо дар чист?
10 Аз ин рӯ ман занони онҳоро ба дигарон медиҳамВа заминҳояшонро бегонагон соҳиб мешаванд,+Зеро аз хурд то калон ҳамаашон ҳаромризқанд.+
Аз пайғамбар то коҳин ҳамаашон фиребгаранд.+
11 Онҳо “Осоиштагӣ! Осоиштагӣ!” мегӯянд,Ҳол он ки осоиштагӣ нест.+
Бо ин суханон шикасти духтарам — халқамро, рӯякӣ шифо доданиянд.
12 Оё онҳо аз корҳои ҳаромашон шарм мекунанд?
Не, онҳо заррае шарм надоранд!
Онҳо чӣ будани шарму ҳаёро намедонанд,+Аз ин рӯ дар миёни афтодагон хоҳанд афтид.
Вақте онҳоро ҷазо диҳам, пешпо мехӯранд,+— мегӯяд Яҳува.—
13 Вақте онҳоро ҷамъ орам, несту нобудашон мекунам,— мегӯяд Яҳува,—Дар ток ангуре ва дар дарахти анҷир анҷире нахоҳад монд ва баргҳо пажмурда хоҳанд шуд.
Он чизе, ки ба онҳо медиҳам, аз онҳо гирифта мешавад”».
14 «Чаро мо дар ин ҷо нишастаем?
Биёед ҷамъ шуда, ба шаҳрҳои ҳисордор бароем+ ва дар он ҷо нобуд шавем,Чунки Худоямон Яҳува моро ба марг маҳкум кардааст,Ӯ ба мо заҳроба менӯшонад,+Зеро мо бар зидди Яҳува гуноҳ кардаем.
15 Ба осоиштагӣ умед бастему хубие надидем.
Шифоро интизор будему даҳшат омад.+
16 Аз Дон фах-фахи аспонаш шунида мешавад.
Аз садои шиҳаи аспонашТамоми замин ба ларза меояд.
Онҳо омада, замин ва ҳар он чиро, ки дар он аст,Шаҳр ва сокинонашро, фурӯ мебаранд».
17 «Ман бар шумо моронро мефиристам,Морони заҳрнокеро, ки онҳоро афсун карда нашавад.
Онҳо шуморо заҳр хоҳанд зад»,— мегӯяд Яҳува.
18 Дардам даво надорад, дилшикастаам.
19 Аз сарзамини дур зории духтарам — халқам, ба гӯш мерасад:
«Оё Яҳува дар Сион нест?
Оё подшоҳаш дар он ҷо нест?»
«Чаро онҳо маро бо бутҳояшонВа худоёни бегонаи бекораашон ба қаҳр меоранд?»
20 «Мавсими дарав гузашт, тобистон ба охир расид,Аммо мо то ҳол наҷот наёфтаем».
21 Аз шикасти духтарам — халқам, дилам пора-пора гаштааст.+
Ғамзадаам.
Маро даҳшат фаро гирифтааст.
22 Оё дар Ҷилъод малҳам* нест?+
Оё дар он ҷо табибе ёфт намешавад?+
Пас, чаро духтарам — халқам, то ҳол шифо наёфтааст?+