Ишаъё 16:1-14
-
Давоми паём (1–14)
16 Аз Селаъ бо роҳи биёбонБа кӯҳи духтари Сион,Ба ҳокими сарзамин, қӯчқор бифиристед.
2 Духтарони Мӯоб назди пастобҳои Арнӯн+Чун парандае хоҳанд буд, ки аз лонааш ронда шудааст.+
3 «Маслиҳат диҳед, қарорро амалӣ гардонед.
Бигзор сояи ту дар нисфирӯзӣ чун торикии шаб бошад.
Парокандагонро пинҳон намо ва гурезаҳоро таслим накун.
4 Бигзор парокандагони ман дар миёни ту сокин бошанд, эй Мӯоб.
Барояшон аз дасти тороҷгар ниҳонгоҳе бош.+
Ситамгар мемирад,Тороҷ ба охир мерасадВа касоне, ки дигаронро поймол мекарданд, аз рӯйи замин нест мешаванд.
5 Он гоҳ тахт бар меҳру вафо устувор мегардад.
Нишинандаи тахти хаймаи Довуд боваринок аст,+Ӯ аз рӯйи инсоф доварӣ мекунад ва адлро зуд ба амал меорад».+
6 Мо дар бораи ғурури Мӯоб, ки ҳақиқатан хеле мағрур аст,+Дар бораи ҳавобаландӣ, ғурур ва хашми ӯ, шунидаем,+Вале манманию даҳанкалонии ӯ пуч аст.
7 Аҳли Мӯоб ба ҳоли Мӯоб нола мекунад,Ҳамаи онҳо нола хоҳанд кард.+
Онҳое, ки мағлуб шудаанд, ба ёди кулчаҳои мавизии Қир-Ҳаросет оҳу нола мекунанд,+
8 Зеро киштзорҳои Ҳешбӯн+Ва токҳои Сибмо+ хушк шудаанд,Ҳокимони халқҳо шохаҳои суп-сурхи* онро таги по кардаанд.
Он шохаҳо то Яъзир+ расида буданд,То биёбон паҳн шуда буданд.
Навдаҳои он сабзида, то баҳр расида буд.
9 Аз ин сабаб ман барои токҳои Сибмо нола хоҳам кард, чуноне ки барои Яъзир мегирям.
Бо ашкҳои худ шуморо, эй Ҳешбӯн ва Элъоле, тар мекунам,+Зеро нидоҳо дар мавсими меваҳои тобистон ва ғундоштани ҳосилатон ба охир расиданд*.
10 Хурсандиву сурур аз боғ рабуда шудВа суруду нидоҳои шодӣ дар токзорҳо шунида намешавад.+
Дигар касе дар чархуштҳо ангурро пахш намекунад,Зеро ман ба нидоҳо хотима бахшидам.+
11 Барои ҳамин ботинам барои МӯобВа вуҷудам барои Қир-ҲаросетМисли торҳои чанг* нола мекунад.+
12 Мӯоб ҷон канда дар баландӣ ибодат кунад ва рафта, дар муқаддасгоҳаш дуо гӯяд ҳам, фоидае нахоҳад буд.+
13 Ин аст паёме, ки Яҳува пеш дар бораи Мӯоб гуфта буд.
14 Акнун бошад, Яҳува мегӯяд: «Дар миёни се сол, бо ҳисоби солҳои мардикор*, ҷалоли Мӯоб аз бесарусомонии зиёд ба хорӣ табдил меёбад ва бақияи халқаш хеле каму нотавон мешавад».+
Поварақҳо
^ Ё «шохаҳои пур аз ангури сурхи».
^ Ё, эҳтимол, «Зеро бар меваҳои тобистона ва ҳосили ту нидои ҷанг садо медиҳад».
^ Чанг — як навъ асбоби мусиқии торӣ.
^ Ё «ҳамон тавре ки мардикор сол мешуморад». Яъне расо дар миёни се сол.