Ишаъё 28:1-29

  • Вой бар майзадагони Эфроим! (1–6)

  • Коҳинон ва пайғамбарони Яҳудо мекалаванд (7–13)

  • «Мо бо марг аҳд бастем» (14–22)

    • Санги пурарзиши Сион (16)

    • Кори ғароиби Яҳува (21)

  • Худо касро дуруст таълим медиҳад (23–29)

28  Вой бар тоҷи* ғурури майзадагони Эфроим,+Бар гули пажмурдаи зебоии бошукӯҳи он,Ки бар сари водии ҳосилхези мастон аст!   Ана, Яҳува каси пурзӯру тавоное дорад,Ки мисли раъду сели жола, мисли тундбоди ҳалокатовар,Мисли тӯфони азими селобҳоОнро бо тамоми қувват ба замин мезанад.   Тоҷи ғурури майзадагони Эфроим таги по мешавад.+   Гули пажмурдаи зебоии бошукӯҳи он,Ки бар сари водии ҳосилхез аст,Мисли анҷири пешпазаки пеш аз тобистон мешавад: Ҳамин ки кас онро бинад, канда, фурӯ мебарад.  Дар он рӯз Яҳува, Худои лашкарҳо, барои бақияи халқаш+ тоҷи бошукӯҳ ва гулчанбари зебое мешавад.  Ӯ барои касе, ки бар курсии доварӣ менишинад, рӯҳи адлу инсоф ва барои касоне, ки ҳамлаи пеши дарвозаро мегардонанд, манбаи қувват мешавад.+   Коҳин ва пайғамбар низ аз пушти шароб раҳгум задаанд,Аз арақ мекалаванд. Онҳо аз пушти арақ раҳгум задаанд,Шароб онҳоро саргаранг кардаастВа онҳо аз арақ мекалаванд. Рӯъёяшон онҳоро гумроҳ месозадВа онҳо ҳангоми доварӣ пешпо мехӯранд.+   Дастархонҳояшон пур аз қай аст,Ҷойи тозае намондааст.   Онҳо мегӯянд: «Вай донишро ба кӣ меомӯзадВа пайғомро ба кӣ мефаҳмонад? Оё ба онҳое, ки нав аз шир бароварда шудаанд? Ба онҳое, ки нав аз сина ҷудо шудаанд? 10  Зеро суханонаш “фармон пайи фармон, фармон пайи фармон,Ресмон* пайи ресмон, ресмон пайи ресмон,+Каме ин ҷо, каме он ҷо” аст». 11  Барои ҳамин ӯ ба ин халқ бо даҳони онҳое, ки забонашон мегирад ва лафзашон бегона аст, гап мезанад.+ 12  Ӯ ба онҳо гуфта буд: «Ин аст ҷойи роҳат. Бигзор хаста ин ҷо дам гирад. Ин аст ҷойи тароват», вале онҳо гӯш надоданд.+ 13  Пас, каломи Яҳува ба онҳо чунин хоҳад буд: «Фармон пайи фармон, фармон пайи фармон,Ресмон* пайи ресмон, ресмон пайи ресмон,+Каме ин ҷо, каме он ҷо»,То, вақте роҳ раванд,Пешпо хӯрда, пуштнокӣ биафтанд,Шикаст хӯранд, ба дом афтанд ва дастгир шаванд.+ 14  Пас, каломи Яҳуваро бишнавед, эй даҳанкалонон,Эй ҳокимони мардум, ки дар Ерусалимед! 15  Шумо мегӯед: «Мо бо марг аҳд бастем+Ва бо гӯр паймон кардем*. Вақте ки сели тези пурталотум биёяд,То ба мо намерасад,Чунки дурӯғро паноҳгоҳи худ сохтаемВа дар фиреб пинҳон шудаем».+ 16  Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: «Ман дар Сион санги озмударо пойдевор мекунам,+Санги пурарзиши гӯшаи биноро+ бунёди мустаҳкам месозам.+ Ҳар кӣ ба он имон орад, ба воҳима намеафтад.+ 17  Ман инсофро ресмони андозагирӣ+Ва росткориро обтарозу* месозам.+ Жола паноҳгоҳи дурӯғатонро шуста мебарадВа селоб ниҳонгоҳатонро зер мекунад. 18  Аҳди шумо бо марг шикаста мешавад,Паймони шумо бо гӯр поянда намемонад.+ Вақте ки сели тези пурталотум биёяд,Шуморо зер мекунад. 19  Ҳар боре ки он ояд,Шуморо шуста мебарад,+Зеро он ҳар саҳарВа рӯзонаю шабона меояд. Онҳо ба чизи шунидаашон танҳо аз тарсу ваҳм сарфаҳм мераванд*». 20  Ҷойгаҳ барои дароз кашидан кӯтоҳӣВа болопӯш барои печондан тангӣ мекунад. 21  Яҳува чун дар кӯҳи Фаросим бармехезад,Чун дар водии назди Ҷибъӯн қомат рост мекунад,+То амали худ, амали аҷоиби худро, ба ҷо орадВа кори худ, кори ғароиби худро, анҷом диҳад.+ 22  Пас, масхара накунед,+То бандҳои шуморо сахттар набанданд,Зеро ман аз Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо, шунидам, киБо амри ӯ тамоми ин замин несту нобуд мешавад.+ 23  Гӯш диҳед ва овози маро бишнавед,Диққат диҳед ва суханони маро бишнавед. 24  Магар ҷуфтгар пеш аз кишт тамоми рӯз шудгор мекунад? Магар ӯ заминашро беист нарм ва мола мекунад?+ 25  Магар заминро ҳамвор карда,Сиёҳдона намепошад ва зира намекорад? Магар гандум, арзан ва ҷавро, ҳар якеро дар ҷойи худ,Ва гандуми ғилофиро+ гирдогирди саҳро кишт намекунад? 26  Худо касро дуруст таълим медиҳад*Ва ӯро роҳнамоӣ мекунад.+ 27  Сиёҳдонаро бо чапар намекӯбанд+Ва чархи аробаи хирманкӯбро бар зира намегардонанд,Балки сиёҳдонаро бо чӯбВа зираро бо асо мекӯбанд. 28  Оё кас ғалларо барои нон дар хирмангоҳ орд мекунад? Не, ӯ онро беист намекӯбад+Ва чархи аробаашро бо аспҳо аз болои ғаллаТо гард-гард шуданаш намеронад.+ 29  Ин ҳам аз ҷониби Яҳува, Худои лашкарҳост,Ки нияташ* аҷоиб ва корҳояш бузург аст.+

Поварақҳо

Аз афташ, пойтахти Исроил, Сомария, дар назар аст.
Ресмони андозагирӣ дар назар аст, ки ин ҷо ба маънои андозаву ҳад ва меъёри рафтор омадааст.
Ресмони андозагирӣ дар назар аст, ки ин ҷо ба маънои андозаву ҳад ва меъёри рафтор омадааст.
Ё, эҳтимол, «як рӯъё дидем».
Ё «шоқул». Обтарозу ва шоқул — асбобе барои санҷидани ростии девор.
Ё, эҳтимол, «Вақте бифаҳманд, онҳоро воҳима зер мекунад».
Ё «ислоҳ мекунад; ҷазо медиҳад».
Ё «маслиҳаташ».