Ишаъё 3:1-26
3 Худованд Яҳува, Худои лашкарҳо,Аз Ерусалиму Яҳудо пуштибонон ва ҳар навъ озуқаро нест месозад:
Тамоми захираи нону обро,+
2 Марди пурзӯр ва ҷанговарро,Довар, пайғамбар,+ фолбин ва пирро,
3 Мирипанҷоҳ,+ мансабдор ва маслиҳатгарро,Ҷодугар ва афсунгари моҳирро.+
4 Ман писарбачагонро мирони онҳо мегардонамВа ҳардамхаёлонро ҳокими онҳо месозам.
5 Он вақт мардум ба якдигар,Ҳар кас ба ёри худ, зулм мекунад,+Писарбача мӯйсафедро хор медорадВа камэътибор соҳибэҳтиромро писанд намекунад.+
6 Дар он рӯз ҳар кас дар хонаи падари худ бародарашро қапида, мегӯяд:
«Ту либоси болопӯш дорӣ, ҳокими мо шав.
Ин вайронаҳоро зери дасти худ бигир»,
7 Лекин ӯ нею нестон карда мегӯяд:
«Ман табиби шумо намешавам*.
Дар хонаи ман на хӯрок ҳасту на либос.
Маро ҳокими халқ накунед».
8 Ерусалим пешпо хӯрдВа Яҳудо фурӯ ғалтид,Зеро суханону корҳои онҳо бар зидди Яҳува аст,Онҳо дар ҳузури пурҷалолаш ба ӯ зид баромаданд.+
9 Қиёфаашон зидди онҳо шаҳодат медиҳад.
Онҳо мисли сокинони Садӯм+ рӯирост дар бораи гуноҳи худ гап мезанандВа онро пинҳон намедоранд.
Вой бар ҷони онҳо, зеро ба сари худ бало меоранд!
10 Ба росткор бигӯед, ки вай некуаҳвол мегардадВа меваи рафторашро мечашад.+
11 Вой бар ҳоли бадкор!
Вай гирифтори фалокат мешавад,Корҳои кардааш ба сари худаш меоянд!
12 Саркорони халқи ман ба он зулм мекунандВа занон бар он ҳукм меронанд.
Эй халқам, сарваронат туро овораю саргардон карда, гумроҳ месозанд.+
13 Яҳува бархестааст, ки айбдор кунад,Ва тайёр аст ба халқҳо ҳукм барорад.
14 Яҳува бо пирон ва мирони халқаш мурофиа мекунад.
«Шумо токзорро сӯзондедВа чизе, ки аз камбағалон дуздидед, дар хонаи шумост.+
15 Шумо чӣ ҳақ доред, ки ба халқи ман ҷабр кунедВа ба камбағал зулму ситам намоед?»+ — мегӯяд Парвардигор Яҳува, Худои лашкарҳо.
16 Яҳува чунин мегӯяд: «Азбаски духтарони Сион ҳавобаландандВа сарашонро боло бардошта мегарданд,Нозу карашма мекунанду хиромон роҳ меравандВа халхолҳои* пояшонро ҷарангос мезанонанд,
17 Яҳува сари духтарони Сионро зарба зада, пур аз карахш* месозад.
Яҳува сари онҳоро кал мекунад.+
18 Дар он рӯз Яҳува зебу зинати халхолҳо,Пешонабандҳо ва ороишоти ҳилолшакл,+
19 Гӯшворҳо*, дастпонаҳо ва рӯймолҳо,
20 Кулоҳҳо, занҷираҳои пой ва тасмаҳои ороишӣ,Атрдонҳо ва тӯморҳо*,
21 Ангуштаринҳо ва ҳалқаҳои бинӣ,
22 Либосҳои идона, куртаҳои рӯ, шолҳо ва ҳамёнҳо,
23 Оинаҳои+ дастадор ва либосҳои катонӣ*,Саллаҳо ва сарандозҳоро нест мекунад.
24 Ба ҷойи бӯйи хуши равған+ бӯйи чизи пӯсида хоҳад буд,Ба ҷойи камарбанд — арғамчин,Ба ҷойи мӯйбофии зебо — сари кал,+Ба ҷойи либоси қиматбаҳо — палос*+Ва ба ҷойи ҳусну ҷамол — тамға.
25 Мардони ту аз дами шамшерВа паҳлавононат дар ҷанг нобуд мешаванд.+
26 Дарвозаҳои шаҳр нола мекунанду мотам мегиранд,+Шаҳр мисли зани танҳову тиҳидасте мешавад, ки бар замин нишастааст».+
Поварақҳо
^ Ё «захмҳои шуморо намебандам».
^ Халхол — ҳалқае, ки занон барои зинат ба по мебанданд.
^ Карахш — пардаи хушке, ки бар рӯйи захм пайдо мешавад.
^ Ё «Овезаҳо».
^ Ё «ороишот аз гӯшмоҳӣ».
^ Ё «таҳпӯшҳо».