Ишаъё 30:1-33

  • Аз ёрдами Миср фоидае нест (1–7)

  • Мардум пешгӯйиро шунидан намехоҳад (8–14)

  • Таваккал кунед ва қувват ёбед (15–17)

  • Яҳува ба халқаш раҳм мекунад (18–26)

    • Яҳува Омӯзгори бузург аст (20)

    • «Роҳ ин аст» (21)

  • Яҳува Ошурро ҷазо медиҳад (27–33)

30  «Вой бар писарони якрав,+— мегӯяд Яҳува,—Зеро онҳо нақшаҳои маро неву нақшаҳои худро ба ҷо меоранд.+ Онҳо паймон мебанданд*, вале на мувофиқи рӯҳи ман,То ба гуноҳи худ гуноҳ зам кунанд.   Онҳо бе маслиҳати ман+ ба Миср+ мераванд,То зери ҳимояи* фиръавн паноҳ ёбандВа дар сояи Миср пинҳон шаванд.   Вале ҳимояи фиръавн шармандагии шумо мешавадВа дар сояи Миср паноҳ бурдан — сархамии шумо.+   Мирони ӯ дар Сӯананд+Ва фиристодагонаш ба Ҳонис расидаанд.   Ба сабаби халқе, ки аз он фоидае нест,Ҳамаи онҳо шарманда мешаванд,Зеро он на кумаку фоида,Балки фақат шармандагию беобрӯӣ меорад».+  Паём бар зидди ҳайвонҳои ҷануб: Онҳо аз замини тангиву душворӣ,Аз замини шер, шери ғуррон,Мори афъӣ ва мори паррони оташафшон* гузашта,Бар пушти харон сарвати худроВа бар кӯҳони шутурон захираи худро меоранд,Аммо аз ин чизҳо ба халқ фоидае нахоҳад буд.   Аз ёрдами Миср ягон фоидае нест,+Аз ин рӯ ман ӯро «Роҳоби+ бекорнишин» номидам.   «Пас, бирав ва дар пеши онҳо инро дар лавҳае бинависВа дар китобе қайд кун,+То барои рӯзҳои ояндаШаҳодати доимӣ бошад.+   Онҳо халқи исёнкор,+ писарони фиребанд,+Писароне, ки шариати* Яҳуваро шунидан намехоҳанд.+ 10  Онҳо ба ғайбдонон мегӯянд: “Ғайбдонӣ накунед”Ва ба пешбинон мегӯянд: “Ҳақиқатро пешгӯйӣ накунед.+ Ба мо суханони форам гӯед, рӯъёҳои фиребанда бинед.+ 11  Аз роҳатон гардед, аз пайраҳаатон дур шавед. Ба мо дар бораи Худои Поки Исроил гап назанед”».+ 12  Бинобар ин Худои Поки Исроил чунин мегӯяд: «Азбаски шумо ин каломро рад кардед,+Ба дурӯғу фиреб такя намудедВа ба он таваккал кардед,+ 13  Ин гуноҳи шумо бароятон чун девори шикаста,Чун девори баланди кафидае мешавад, ки ба ғалтидан қариб аст. Он ногаҳон, дар як лаҳза чаппа мешавад. 14  Он мисли кӯзаи калони кӯзагар шикаста мешавад,Тика-тика мешавад ва ягон сафолпорае намемонад,Ки бо он аз оташдон оташ ё аз кӯлмак* об бигиред». 15  Аз ин рӯ Парвардигор Яҳува, Худои Поки Исроил, чунин гуфт: «Сӯйи ман баргардед ва ором гиред, то наҷот ёбед. Ором бошед ва ба ман таваккал кунед,+Он гоҳ шумо қувват пайдо мекунед». Аммо шумо нахостед.+ 16  Ба ҷойи ин шумо гуфтед: «Не, мо бар аспҳо нишаста, мегурезем!» Пас, хоҳед гурехт. «Бар аспҳои тезпо савор мешавем!»+ Пас, дунболагиронатон тезпо хоҳанд буд.+ 17  Ҳазор нафар аз тарси як нафар дарақ-дарақ меларзанд,+Шумо аз тарси панҷ нафар рӯ ба гурез меоред,То даме ки бақияатон мисли ходаи танҳое бар қуллаи кӯҳ,Мисли яккасутуни* сари теппа, шавад.+ 18  Вале Яҳува пурсаброна интизор аст, ки ба шумо лутфу марҳамат намояд,+Ва ӯ бармехезад, то ба шумо раҳм кунад,+Зеро Яҳува Худои адлу инсоф аст.+ Хушбахтанд ҳамаи онҳое, ки ба ӯ умед мебанданд*.+ 19  Вақте мардум дар Сион, дар Ерусалим, сокин шавад,+ ту дигар гиря намекунӣ.+ Вақте мадад талабӣ, ӯ ҳатман ба ту раҳм мекунад. Ҳамин ки овозат ба гӯшаш расад, ба ту ҷавоб медиҳад.+ 20  Ҳарчанд Яҳува ба шумо нони азоб ва оби ситам диҳад,+ Омӯзгори бузургатон+ дигар аз шумо пинҳон намешавад ва шумо ӯро бо чашми худ мебинед. 21  Агар аз роҳ ба тарафи рост ё чап дур шавед,+ аз қафои худ хоҳед шунид: «Роҳ ин аст.+ Бо он биравед». 22  Шумо нуқраеро, ки бо он бутҳоятон рӯпӯш шудааст, ва тунукаҳои тиллоии ҳайкалҳои рехтаатонро нопок месозед.+ Шумо онҳоро мисли латтаи ҳаром* як сӯ партофта, мегӯед: «Аз назарам гум шав!»*+ 23  Ӯ барои тухмие, ки дар заминат мекорӣ, борон медиҳад+ ва ҳосили ғаллаи заминат фаровону ширадор мешавад.+ Дар он рӯз чорвои ту дар чарогоҳҳои васеъ мечарад.+ 24  Говону хароне, ки дар замин кор мекунанд, бедаи шилхадоре мехӯранд, ки бо белу шоха бод дода шудааст. 25  Дар рӯзи куштори азим, вақте бурҷҳо* фурӯ ғалтанд, бар ҳар кӯҳ ва теппаи баланд ҷӯйҳо ва рӯдҳо ҷорӣ мешаванд.+ 26  Дар рӯзе ки Яҳува шикастаҳои халқашро бандад+ ва захмҳои чуқуреро, ки аз зарбаҳои ӯ гирифтааст, шифо диҳад,+ равшании моҳи пурра мисли равшании офтоб ва равшании офтоб ҳафтчандон, мисли равшании ҳафт рӯз, мешавад.+ 27  Ана, Яҳува* аз дурдастБо оташи ғазаби ӯ ва абрҳои ғафс меояд. Лабҳои ӯ пур аз хашмВа забонаш мисли оташи сӯзон аст.+ 28  Рӯҳи* ӯ мисли селобест, ки то ба гардан мерасад,То халқҳоро аз ғалбери нобудӣ* гузаронад. Ӯ ба даҳони халқҳо лаҷоми гумроҳӣ мезанад.+ 29  Аммо суруди ту мисли суруди шабонае хоҳад буд,Ки ҳангоми ба ид тайёрӣ дидан* месароӣ+Ва дилат мисли найнавозе, ки*Ба кӯҳи Яҳува — Сахраи Исроил,+ мебарояд, шодӣ хоҳад кард. 30  Яҳува бо алангаи оташи сӯзон,+Бо борони сел,+ тӯфон ва жолаи сангин+Овози пуршукӯҳи+ худро мешунавонадВа дасти худро+ ҳангоми бо ғазаб зарба задан+ маълум месозад. 31  Ошур аз овози Яҳува ба ҳарос меафтад,+Ӯ онро бо калтак зарба мезанад.+ 32  Вақте ки Яҳува дар ҷанг ба онҳо даст бардорад,+Ҳар боре ки ӯ Ошурро бо калтаки ҷазо зарба занад,Дафу+ чанг садо медиҳад. 33  Тӯфети*+ ӯ аллакай тайёр аст,Он барои подшоҳ низ омода аст.+ Ҷое ки ӯ ҳезум чидааст, чуқуру фарох астуАлову ҳезуми бисёр дорад. Дами Яҳува чун сели кибрит* онро оташ мезанад.

Поварақҳо

Дар матни асл «ҳадияи рехтанӣ меоранд», ки, эҳтимол, нишонаи аҳд бастан аст.
Дар матни асл «қалъаи».
Ё «заҳрнок».
Ё «дастури».
Ё, эҳтимол, «обанбор».
Ё «парчами».
Ё «ӯро бесаброна интизор мешаванд».
Ё «либосест, ки аз хунравии одатии зан доғдор шудааст».
Ё, эҳтимол, «як сӯ партофта, онҳоро ҳаром меномед».
Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.
Дар матни асл «номи Яҳува».
Дар матни асл «корношоямӣ».
Ё «Дами».
Ё «пок кардани худ барои ид».
Ё «касе, ки бо садои най».
Ин ҷо ба маънои ҷойи сӯзондан омада, несту нобуд карданро ифода менамояд.
Ё «сулфур».