Ишаъё 33:1-24

  • Ҳукм; умед барои росткорон (1–24)

    • Яҳува Довар, Қонунгузор ва Подшоҳ аст (22)

    • Ҳеҷ кас намегӯяд: «Ман касалам» (24)

33  Вой бар ту, эй тороҷгаре, ки тороҷ нагаштаӣ,+Эй хиёнаткоре, ки дар ҳаққат хиёнат накардаанд! Вақте тороҷгариро тамом кунӣ, туро тороҷ мекунанд.+ Вақте хиёнат карданро ба охир расонӣ, ба ту хиёнат мекунанд.   Эй Яҳува, лутфу марҳамат кун.+ Мо ба ту умед бастаем. Ҳар саҳар бозуи* мо+Ва дар вақти азоб наҷоти мо бош.+   Аз садои ғулғула халқҳо мегурезанд. Вақте бархезӣ, мардумон пароканда мешаванд.+   Чуноне ки малахҳои гурусна ҳама чиро ҷамъ меоранд, ончунон ғанимати ту ҷамъ оварда мешавад,Мардум мисли селаҳои малах ба он дармеафтад.   Яҳува сарафроз мегардад,Зеро ӯ дар баландӣ сокин аст. Ӯ Сионро аз адлу инсоф пур мекунад.   Ӯ тинҷиву осудагии замони туст,Фаровонии наҷот,+ хирад, дониш ва тарси Яҳува+ ганҷи бебаҳост.   Паҳлавонони онҳо* дар кӯча фарёд мезананд,Сафирони сулҳ зор-зор мегирянд.   Шоҳроҳҳо беодам шудаанд,Бо роҳҳо касе сафар намекунад. Ӯ* аҳдро шикастааст,Шаҳрҳоро писанд намекунадВа назараш касеро намегирад.+   Замин мотам гирифтааст* ва хароб гаштааст. Лубнон шармсору+ пажмурда шудааст,Шорӯн ба биёбон табдил ёфтаастВа Бошону Кармил хазон гаштааст.+ 10  «Акнун бармехезам,— мегӯяд Яҳува,—Акнун сарафроз мегардам,+Акнун худро ҷалол медиҳам. 11  Шумо хасро ҳомила шудаед ва коҳро ба дунё меоред. Рӯҳи худатон шуморо чун оташ фурӯ хоҳад бурд.+ 12  Халқҳо мисли оҳаки сӯхта мегарданд,Чун хорҳои бурида дар оташ хоҳанд сӯхт.+ 13  Эй онҳое, ки дур ҳастед, бишнавед, ки ман чӣ кор мекунам! Эй касоне, ки наздик ҳастед, қудрати маро бидонед! 14  Гунаҳкорони Сион ба ҳарос афтодаанд,+Осиён ба ларза омадаанд. Онҳо мегӯянд: “Кадоме аз мо метавонад дар ҷое ки алови сӯзон аст, зиндагӣ кунад+Ва бо забонаҳои оташи намиранда сокин шавад?” 15  Касе, ки бо роҳи инсоф равона бошад,+Гапи ҳақро гӯяд,+Аз пули ҳарому ноҳақ рӯй тобад,Дастҳои худро аз гирифтани пора нигоҳ дорад,+Гӯши худро аз шунидан дар бораи хунрезӣВа чашми худро аз дидани бадкорӣ маҳкам кунад, 16  Дар баландӣ сокин мешавад. Паноҳгоҳи мустаҳками ӯ дар кӯҳҳои дастнорас хоҳад буд,Ӯ бо нон таъмин хоҳад буд ва обаш тамом нахоҳад шуд».+ 17  Чашмони ту подшоҳро дар шукӯҳаш хоҳанд дид,Ба замини дурдаст нигоҳ хоҳанд кард. 18  Ту дар дил даҳшатро ба ёд оварда мегӯӣ: «Куҷост котиб? Куҷост хироҷсупор?+ Куҷост касе, ки бурҷҳоро* ба ҳисоб меовард?» 19  Ту дигар халқи ситамгарро намебинӣ,Халқеро, ки гуфтораш душворфаҳм астВа забонаш мегираду нофаҳмост.+ 20  Ба Сион, шаҳри идҳои мо, бингар!+ Ту назар карда Ерусалимро макони оромВа хаймаи ноҷунбон хоҳӣ дид.+ Мехҳои хаймаи он ҳеҷ гоҳ гирифтаВа ягон таноби он канда намешавад. 21  Дар он ҷо Худои боҳашамат, Яҳува, моро пуштибонӣ хоҳад кард,Ҳамон тавре ки дарёҳо ва шохобҳои паҳн шаҳрро ҳимоя мекунанд. Киштиҳои ҷангӣ ба он нахоҳанд даромадВа ягон киштии азим аз он гузар нахоҳанд кард, 22  Зеро Яҳува Довари мост,+Яҳува Қонунгузори мост,+Яҳува Подшоҳи мост.+ Ӯ моро наҷот хоҳад дод.+ 23  Танобҳои душман суст мешаванд,Онҳо сутуни киштиро дошта ва бодбонро паҳн карда наметавонанд. Он вақт ғанимати бисёре тақсим карда мешавадВа ҳатто лангон ҳиссаи калон мегиранд.+ 24  Он гоҳ ҳеҷ кас* намегӯяд: «Ман касалам».+ Гуноҳи халқе, ки дар он замин зиндагӣ мекунад, бахшида мешавад.+

Поварақҳо

Ё «қуввати».
Аз афташ, паҳлавонони Яҳудо.
Яъне душман.
Ё, эҳтимол, «хушк шудааст».
Бурҷ — бинои манорашакле, ки барои дидбонӣ сохта мешуд.
Ё «сокине».