Ишаъё 36:1-22
36 Дар соли 14-уми шоҳ Ҳизқиё Санҳериби подшоҳи Ошур+ ба тамоми шаҳрҳои ҳисордори Яҳудо лашкар кашида, онҳоро забт намуд.+
2 Шоҳи Ошур рабшоқе́ро* бо лашкари сершуморе аз Локиш+ ба назди шоҳ Ҳизқиё, ба Ерусалим, фиристод.+ Онҳо дар назди новаи ҳавзи боло,+ ки дар сари роҳи саҳрои шустагарон аст, ҷойгир шуданд+
3 ва Элёқими+ писари Ҳилқиёҳу — нозири қаср, Шебнои+ котиб ва Юоҳи таърихнависи писари Осаф ба назди ӯ баромаданд.
4 Он гоҳ рабшоқе́ ба онҳо гуфт: «Ба Ҳизқиё бигӯед: “Подшоҳи бузург, шоҳи Ошур, чунин мегӯяд: “Ту ба чӣ таваккал мекунӣ?+
5 Ту мегӯӣ: “Ман барои ҷанг нақшаи хуб ва қувва дорам”. Аммо ин гапи хушку холӣ аст. Ту ба кӣ таваккал карда, ҷуръат намудӣ, ки бар зидди ман исён бардорӣ?+
6 Ту ба Миср, ба қамиши шикастае, таваккал мекунӣ, ки кас ба он такя кунад, ба дасташ халида, онро шикоф мекунад. Фиръавн, подшоҳи Миср, барои ҳамаи онҳое, ки ба ӯ таваккал мекунанд, чунин аст.+
7 Вале, агар шумо ба ман бигӯед: “Мо ба Худоямон Яҳува таваккал мекунем”, магар Ҳизқиё баландиҳо ва қурбонгоҳҳои ӯро шикаста,+ ба Яҳудо ва Ерусалим нагуфтааст: “Шумо бояд пеши ин қурбонгоҳ саҷда баред”?”+
8 Биё бо хоҷаам подшоҳи Ошур+ шарт бибанд: агар ба ту 2000 асп диҳам, оё бар онҳо савора меёбӣ?
9 Оё ту, ки ба аробаву савораҳои Миср таваккал мекунӣ, ҳатто ба як ҳокиме, ки бандаи камтарини хоҷаи ман аст, муқобилат карда метавонӣ?
10 Ҳамчунин, магар хости Яҳува ҳамин набуд, ки ман лашкар кашида, ин заминро нобуд созам? Охир, худи Яҳува ба ман гуфтааст: “Бар зидди он замин лашкар бикаш ва онро хароб кун”».
11 Он гоҳ Элёқим, Шебно+ ва Юоҳ ба рабшоқе́+ гуфтанд: «Илтимос, бо бандагонат ба забони арамӣ*+ гап зан, зеро мо онро мефаҳмем, ва ба мардуме, ки бар девор аст, шунавонида ба забони яҳудӣ гап назан».+
12 Аммо рабшоқе́ гуфт: «Магар хоҷаам маро барои гуфтани ин суханон фақат назди шумо ва хоҷаатон фиристодааст? Ин суханон ҳамчунин барои касонест, ки дар сари ин девор нишастаанд, зеро онҳо низ бо шумо ахлоти худро хоҳанд хӯрд ва пешоби худро хоҳанд нӯшид».
13 Сипас рабшоқе́ дар ҷойи намоён истода, бо овози баланд ба забони яҳудӣ+ гуфт: «Сухани подшоҳи бузург, шоҳи Ошурро, бишнавед.+
14 Подшоҳ чунин мегӯяд: “Бигзор Ҳизқиё шуморо фиреб надиҳад, зеро ӯ шуморо халос карда наметавонад+
15 ва бигзор Ҳизқиё шуморо ба Яҳува умедвор карда+ нагӯяд: “Яҳува ҳатман моро халос мекунад ва ин шаҳр ба дасти подшоҳи Ошур намеафтад”.
16 Ба Ҳизқиё гӯш надиҳед, зеро подшоҳи Ошур чунин мегӯяд: “Бо ман сулҳ баста, таслим шавед ва ҳар кадоми шумо аз токи худ ва аз дарахти анҷири худ хоҳад хӯрд ва аз обанбори худ хоҳад нӯшид,
17 то даме ки ман омада, шуморо ба замине барам, ки мисли замини шумост,+ замини ғалла ва шароби нав, замини нон ва токзор.
18 Намонед, ки Ҳизқиё шуморо фиреб дода бигӯяд: “Яҳува моро халос мекунад”. Магар ягон худои халқҳо заминашро аз дасти подшоҳи Ошур халос карда тавонист?+
19 Куҷоянд худоёни Ҳамот ва Арфод?+ Куҷоянд худоёни Сефарвоим?+ Оё онҳо Сомарияро аз дасти ман халос карданд?+
20 Кадоме аз худоёни ин халқҳо заминашро аз дасти ман халос кард ки, Яҳува Ерусалимро халос кунад?”»+
21 Вале онҳо хомӯш буданд ва чизе нагуфтанд, зеро подшоҳ фармуда буд: «Ба ӯ чизе ҷавоб надиҳед».+
22 Элёқими писари Ҳилқиёҳуи нозири қаср, Шебнои+ котиб ва Юоҳи таърихнависи писари Осаф либосҳои худро чок зада, ба назди Ҳизқиё омаданд ва суханони рабшоқе́ро ба вай расониданд.