Ишаъё 44:1-28
44 Гӯш деҳ, эй бандаам Яъқуб,Ва, эй Исроил, ки туро интихоб кардаам.+
2 Яҳува, ки туро офаридаасту ҳаст кардааст+Ва аз рӯзи зода шуданат мададгори туст, чунин мегӯяд:
“Натарс, эй бандаам Яъқуб,+Ва, эй Ешурун*,+ ки туро интихоб кардаам.
3 Ман обро ба замини ташналаб мерезам*+Ва бар замини хушк ҷӯйҳоро равон мекунам.
Ман рӯҳи худро бар наслатВа баракати худро бар фарзандонат фурӯ мерезам.+
4 Онҳо, мисли он ки дар миёни сабзазор бошад, хоҳанд сабзид+Ва мисли сафедорон назди ҷӯйҳои об қад хоҳанд кашид.
5 Яке хоҳад гуфт: “Ман аз они Яҳува ҳастам”.+
Дигаре худро ба номи Яъқуб хоҳад хондВа боз яке бар дасти худ хоҳад навишт:
“Аз они Яҳува ҳастам”.
Ӯ номи Исроилро барои худ хоҳад гирифт”.
6 Яҳува, Подшоҳи Исроил+ ва Товондеҳи ӯ,+Яҳува, Худои лашкарҳо, чунин мегӯяд:
“Ман аввалину охирин ҳастам,+Ғайр аз ман Худое нест.+
7 Кист мисли ман?+
Бигзор овоз бароварда, гап занад ва инро ба ман исбот кунад!+
Бигзор ояндаи дуру наздикро баён намояд,Чуноне ки ман аз замони халқи қадимро ба вуҷуд оварданам мекардам.
8 Ба ваҳм наоед ва аз тарс шах нашавед.+
Магар инро ба ҳар яки шумо пешакӣ нагуфта будам ва эълон накарда будам?
Шумо шоҳидони ман ҳастед.+
Магар ғайр аз ман Худое ҳаст?
Не, ғайр аз ман Кӯҳпорае нест,+ дигареро намешиносам”».
9 Ҳамаи бутсозон ҳеҷандВа аз бутҳои азизашон фоидае нахоҳад буд.+
Онҳо*, ки шоҳидонашон ҳастанд, чизеро намебинанд ва намедонанд.+
Аз ин рӯ созандагонашон шарманда мешаванд.+
10 Магар касе дидаю дониста худое ё бути рехтае месозад,Ки фоидае намеорад?+
11 Ҳамаи шарикони ӯ шарманда мешаванд!+
Устоҳои бутсоз одамони хокиянд.
Бигзор ҳамаашон ҷамъ омада, биистанд.
Ҳамаашон ба ҳарос омада, шарманда хоҳанд шуд.
12 Оҳангар асбобашро* ба кор бурда, оҳанро бар лахчаҳо метафсонад,Қуввати дасти худро кор фармуда,+Онро бо путкҳо шакл медиҳад,Сипас аз гушнагӣ беҳолВа аз ташнагӣ бемадор мегардад.
13 Чӯбтарош бар чӯб таноб кашида, бо бӯри сурх қолаб мекашад.
Онро бо ранда метарошад ва бо паргор чен мекунад.
Сураташро ба одам монанд мекунад+Ва ба он ҷамоли одамизодро мебахшад, то дар хонае* ҷойгир кунад.+
14 Нафаре дарахти сидра мебурад.
Ӯ дарахтеро, дарахти булутро, хуш мекунадВа мемонад, ки он дар миёни дарахтони ҷангал қад кашад.+
Ӯ дарахти ғор мешинонад ва борон онро калон мекунад.
15 Сипас он барои одам аловӣ мешавад.
Як қисмашро ӯ барои гарм кардани худ мегирад,Алов даргиронда, нон мепазад.
Вале боз аз он худое сохта, онро парастиш мекунад.
Ӯ аз он дарахт бут метарошад ва пешаш саҷда мебарад.+
16 Нисфашро ӯ дар алов месӯзонад,Бар он гӯшт пухта, ба серӣ мехӯрад.
Ӯ ҳамчунин худро гарм мекунад ва мегӯяд:
«Чӣ хел нағз! Аловро тамошо кардам, худро гарм кардам».
17 Аммо аз бақияи чӯб ӯ худое месозад, барои худ буте метарошад.
Ӯ ба он саҷда бурда, онро мепарастад,Ба он дуо хонда мегӯяд:
«Маро наҷот деҳ, зеро ту худои ман ҳастӣ».+
18 Онҳо чизе намедонанду намефаҳманд,+Зеро чашмонашон баста аст ва намебинад,Дар дили онҳо фаҳму хираде нест.
19 Касе дар дили худ андеша намекунадВа ақлу фаҳм карда намегӯяд:
«Нисфашро дар алов сӯзондам,Бар лахчаҳояш барои хӯрдан нону гӯшт пухтам.
Наход акнун аз бақияи ин чӯб чизи нафратоваре созам?+
Наход чӯби хушкеро парастиш кунам?»
20 Ӯ хокистар мехӯрад.
Дили гумроҳаш ӯро аз раҳ задааст.
Ӯ наметавонад худро наҷот диҳад ва намегӯяд:
«Магар он чӣ дар дасти рости ман аст, фиреб нест?»
21 «Ин чизҳоро дар хотир дор, эй Яъқуб, эй Исроил,Зеро ту бандаи ман ҳастӣ.
Туро ман офаридаам ва ту бандаи ман ҳастӣ.+
Ман туро фаромӯш намекунам, эй Исроил.+
22 Ман айбу хатои туро чун бо абрВа гуноҳҳоятро чун бо абри сиёҳ рӯпӯш мекунам.+
Сӯйи ман баргард, зеро ман туро бозмехарам.+
23 Бонги шодӣ зан, эй осмон!
Зеро Яҳува инро ба амал овардааст.
Тантана кунед, эй чуқуриҳои замин!
Аз хурсандӣ фарёд занед, эй кӯҳҳо+Ва ҷангалу тамоми дарахтон!
Зеро Яҳува Яъқубро бозхаридаастВа ҷалолашро дар Исроил маълум сохтааст».+
24 Яҳува, Товондеҳи ту,+Ки туро дар шиками модарат ҳаст кардааст, чунин мегӯяд:
«Ман Яҳува ҳастам, ки ҳама чизро офаридаам.
Ман ба танҳоӣ осмонро паҳн кардаам+Ва заминро густурдаам.+
Магар он вақт касе бо ман буд?
25 Ман аломатҳои беҳудагӯёнро* бекор мекунам,Фолбинонро аз ақл бегона месозам,+Хирадмандонро шикаст медиҳамВа дониши онҳоро ба аҳмақӣ табдил медиҳам.+
26 Ман сухани бандаамро ба амал меорамВа пешгӯйиҳои фиристодагонамро пурра ба иҷро мерасонам,+Дар бораи Ерусалим мегӯям: “Он одамнишин мешавад”,+Ва дар бораи шаҳрҳои Яҳудо мегӯям: “Онҳо аз нав бино мегарданд+Ва ман харобаҳоро барқарор месозам”.+
27 Ба оби чуқур мегӯям: “Бухор шав,Ман тамоми дарёҳои туро хушк мекунам”.+
28 Дар бораи Куруш+ мегӯям: “Ман ӯро чӯпон таъйин кардаам,Ӯ хости маро як ба як иҷро хоҳад кард”,+Дар бораи Ерусалим мегӯям: “Он аз нав бино мегардад”,Ва дар бораи ибодатгоҳ: “Таҳкурсии ту гузошта мешавад”».+
Поварақҳо
^ Маънояш «росткор», унвони фахрии Исроил.
^ Ё «Ман ба ташна об медиҳам».
^ Яъне бутҳо.
^ Ё «каҷкордро».
^ Ё «бутхонае».
^ Ё «пайғамбарони дурӯғинро».