Ишаъё 47:1-15
47 Фуруд ой ва бар хок биншин,Эй духтари бокираи Бобил!+
Бар тахт неву бар рӯйи замин биншин,+Эй духтари калдониён,Зеро одамон туро дигар нозпарвард ва эрка нахоҳанд номид.
2 Дастосро* бигиру орд кун.
Рӯймолатро бикаш,Доманатро бардор, пойҳоятро луч кун,Аз дарёҳо бигузар.
3 Бараҳнагии ту намоён мешавадВа расвоии ту ошкор мегардад.
Ман қасос мегирам+ ва ҳеҷ кас пеши роҳамро гирифта наметавонад*.
4 «Товондеҳи мо,Ки номаш Яҳува, Худои лашкарҳост,Худои Поки Исроил аст».+
5 Хомӯш биншин ва сӯйи торикӣ бирав,Эй духтари калдониён.+
Туро дигар маликаи мамлакатҳо нахоҳанд номид.+
6 Ман бар халқам дарғазаб шудам+Ва мулки худро хор доштам.+
Халқамро ба дасти ту супурдам,+Вале ту ба онҳо раҳм накардӣ+Ва ҳатто бар гардани пиронсолон юғи* гарон гузоштӣ.+
7 Ту гуфтӣ: «Ман ҳамеша ва то абад малика хоҳам буд».+
Ту ба ин чизҳо диққат надодӣВа аз оқибати кор наандешидӣ.
8 Пас, инро бишнав, эй дӯстдори лаззат,+Ки дар осоиштагӣ нишаста, дар дили худ мегӯӣ:
«Ман ҳастаму дигаре нест.+
Ман ҳеҷ гоҳ бевазан намешавамВа марги фарзандонамро намебинам».+
9 Вале ин ду чиз, бефарзандиву бевазанӣ, ногаҳон ва дар як рӯз бар сарат меоянд+Ва ҷонат аз ин чизҳо сер хоҳад шуд,+Зеро* ҷодуҳову афсунҳои пурқуввати ту бисёранд.+
10 Ту ба бадкории худ умед баста, гуфтӣ:
«Маро касе намебинад».
Туро ҳамин хирад ва донишат гумроҳ кардааст ки,Дар дили худ мегӯӣ: «Ман ҳастаму дигаре нест».
11 Аммо бар сарат фалокат меоядВа афсунҳоят кора нахоҳанд кард.
Бадбахтие бар сарат меояд, ки онро пешгирӣ карда наметавонӣ.
Ногаҳон бар сарат чунон шикасте меояд, ки дар гӯшаи хаёлат набуд.+
12 Пас, куфу суф ва ҷодуҳои бисёратро давом деҳ,+Бо корҳое, ки аз ҷавонӣ ба онҳо мекӯшидӣ, машғул бош.
Шояд, аз онҳо фоидае шавад,Шояд, мардумро бо онҳо ба ҳарос орӣ.
13 Ту аз бисёрии маслиҳатгаронат хаста шудаӣ,Бигзор онҳо, ки осмонро мепарастанду* ба ситораҳо назар медӯзанд+Ва дар навмоҳҳо аз пешомадат хабар медиҳанд,Бархоста, туро наҷот диҳанд.
14 Онҳо мисли ғаллапояанд,Оташ онҳоро хоҳад сӯзонид.
Онҳо ҷони худро аз дасти оташ халос карда наметавонанд.
Ин оташ мисли лахчаҳо нест, ки дар наздашон гарм шавӣВа ин гулхане нест, ки дар пешаш нишинӣ.
15 Оқибати афсунгаронат низ чунин хоҳад буд,Оқибати онҳое, ки аз ҷавоният ҳамроҳашон заҳмат кашидаӣ.
Онҳо саргардон шуда, ҳар яке ҳар сӯ хоҳад рафтВа касе ёфт намешавад, ки туро наҷот диҳад.+
Поварақҳо
^ Дастос — осиёи дастӣ.
^ Ё, эҳтимол, «ҳеҷ касро бо рӯйи кушод пешвоз намегирам».
^ Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.
^ Ё, эҳтимол, «Ҳарчанд».
^ Ё, эҳтимол, «онҳое, ки осмонро тақсим мекунанд; ситорашиносон».