Ишаъё 56:1-12
56 Яҳува чунин мегӯяд:
«Адлу инсофро ба ҷо оред+ ва росткор бошед,Зеро ман ба наздикӣ наҷот мебахшамВа росткории худро маълум месозам.+
2 Хушбахт аст одаме, ки чунин мекунад,Ва одамизоде, ки инро як ба як ба ҷо меорад,Касе, ки шанберо риоя мекунаду онро таги по намесозад+Ва дасташро ба ягон кори бад намезанад.
3 Бегонае, ки ба Яҳува ҳамроҳ мешавад,+ нагӯяд:
“Бешак, Яҳува маро аз халқи худ ҷудо хоҳад кард”.
Ва ахта нагӯяд: “Ман дарахти хушк ҳастам”,
4 Зеро Яҳува ба ахтаҳое, ки шанбеҳои маро риоя мекунанд, он чиро, ки ба ман писанд аст, интихоб менамоянд ва аҳди маро ба ҷо меоранд, чунин мегӯяд:
5 “Ман ба онҳо дар хонаи худ ва дар байни деворҳои худ ёдгорӣ ва номе медиҳам —Чизе, ки аз писару духтарон беҳтар аст.
Ман ба онҳо номи ҷовидоние медиҳам, ки аз байн нахоҳад рафт.
6 Бегонагонеро, ки ба Яҳува ҳамроҳ мешаванд, то ба ӯ хизмат кунанд,То номи Яҳуваро дӯст доранд+Ва бандагони ӯ бошанд,Ҳамаи онҳоеро, ки шанберо риоя мекунанду онро таги по намесозандВа аҳди маро ба ҷо меоранд,
7 Ба кӯҳи муқаддаси худ меорам+Ва онҳо дар хонаи ман, ки ҷойи дуо гуфтан аст, хушҳолӣ мекунанд.
Он гоҳ ман қурбониҳои сӯхтанӣ ва қурбониҳои дигареро, ки бар қурбонгоҳам меоранд, қабул менамоям,Зеро хонаи ман хонаи дуои тамоми халқҳо номида мешавад”».+
8 Парвардигор Яҳува, ки исроилиёни парокандаро ҷамъ мекунад,+ чунин мегӯяд:
«Ман ба назди ӯ ғайр аз онҳое, ки аллакай ҷамъ шудаанд, дигаронро низ ҷамъ хоҳам овард».+
9 Эй ҳамаи даррандагони саҳроВа эй ҳамаи даррандагони ҷангал, биёед ва бихӯред.+
10 Дидбононаш ҳама кӯранд+ ва ба чизе диққат намедиҳанд.+
Ҳамаи онҳо сагони гунге мебошанд, ки аккос зада наметавонанд.+
Онҳо канда-канда нафас мегиранд ва дароз мекашанд,Онҳо пинак рафтанро дӯст медоранд.
11 Онҳо сагони пурхӯранд, ки сериро намедонанд.
Онҳо чӯпонони бефаҳманд.+
Ҳамаашон бо роҳи худ мераванд,Ҳар яки онҳо пули ҳаром ҷуста, мегӯяд:
12 «Биёед шароб орам ва нӯшида маст шавем.+
Пагоҳ низ мисли имрӯз мешавад, балки боз ҳам беҳтар!»