Ишаъё 58:1-14
58 «Бо тамоми овоз фарёд зан, худдорӣ накун!
Овози худро чун садои шох баланд намо.
Ба халқи ман исёнашро+Ва ба хонадони Яъқуб гуноҳҳояшро эълон кун.
2 Онҳо ҳар рӯз маро меҷӯянд,Аз донистани роҳҳои ман хушҳолӣ мекунанд,Гӯё халқи росткоре бошандВа адолати Худои худро тарк накарда бошанд.+
Онҳо аз ман доварии одилона металабандВа шоданд, ки ба Худо наздик мешаванд.+
3 Онҳо мегӯянд: “Чаро, вақте рӯза медорем, ту намебинӣ?+
Вақте ҷони худро азоб медиҳем, ин аз чашми ту пӯшида мемонад?”+
Чунки шумо, дар рӯзе ки рӯза медоред, аз пайи фоидаи* худ ҳастедВа ба коргарони худ зулм мекунед.+
4 Поёни рӯзаи шумо ҷанҷолу занозанист,Кори шумо бераҳмона мушт задан аст.
Ин хел рӯза дошта умедвор нашавед, ки дар осмон шунида мешавед.
5 Оё рӯзае, ки ба ман писанд аст, бояд чунин бошад?!
Оё дар ин рӯз одам бояд ҷонашро азоб диҳад,Чун қамиш* сарашро хам кунадВа палосу* хокистарро ҷогаҳи худ созад?
Оё шумо ҳаминро рӯза ва рӯзи писанди Яҳува меномед?
6 Не, рӯзае, ки ба ман писанд аст, чунин аст:
Занҷирҳои бадиро барканед,Бандҳои юғро* кушоед,+Ситамдидаро озод кунед+Ва ҳар юғро бишканед.
7 Аз нони худ ба гурусна бидиҳед,+Камбағалу бехонаро ба хона оред,Бараҳнаеро дида либос пӯшонед+Ва ба бародари худ пушт нагардонед.
8 Он гоҳ нури шумо мисли сапеда медурахшад+Ва дарди шумо ба зудӣ шифо меёбад,Росткориятон пешопеши шумо меравадВа ҷалоли Яҳува аз ақиб шуморо муҳофизат мекунад.+
9 Он гоҳ шумо сӯйи Яҳува фарёд мезанед ва ӯ ҷавоб медиҳад,Мадад мепурсед ва ӯ мегӯяд: “Ман ин ҷоям!”
Агар юғро аз миёни худ дур кунед,Ба касе бо ангушт ишора накунеду бадгӯйӣ нанамоед,+
10 Он чиро, ки дилатон мекашад, ба камбағал диҳед+Ва ба азобдидагон ғамхорӣ намоед,Он гоҳ нури шумо дар торикӣ медурахшадВа тирагии шумо мисли нисфирӯзӣ мешавад.+
11 Он гоҳ Яҳува доимо шуморо роҳнамоӣ мекунадВа ҳатто дар замини хушкида шуморо сер менамояд.+
Ӯ ба устухонҳои шумо қувват мебахшадВа шумо мисли боғи сероб,+Мисли чашмаи обе мегардед, ки ҳеҷ гоҳ хушк намешавад.
12 Ба хотири шумо вайронаҳои қадимаро обод мекунанд+Ва шумо таҳкурсиҳоеро, ки наслҳои насл хароба буданд, барқарор менамоед.+
Шумо таъмиргари деворҳои шикаста ва ободгари роҳҳо номида мешавед+Ва одамон назди он роҳҳо сокин мегарданд.
13 Агар ба хотири рӯзи шанбе шумо дар рӯзи муқаддаси ман аз пайи фоидаи* худ нашавед,+Шанберо шодии бузург, рӯзи муқаддаси Яҳува ва рӯзи ҷалол номед,+Аз пайи фоидаи худ нашаведу гапҳои беҳуда назанед, балки рӯзи шанберо ҷалол диҳед,
14 Он гоҳ дар Яҳува шодии бузург меёбедВа ман баландиҳои заминро зердасти шумо мекунам.+
Ман тавре мекунам, ки шумо аз мероси бобоятон Яъқуб бихӯред,+Зеро инро даҳони Яҳува гуфтааст».
Поварақҳо
^ Ё «хушҳолии».
^ Ё «ғеша».
^ Юғ — олати чӯбин ё оҳанине, ки ба китфи одам гузошта, аз ду тарафаш бор меовезанд. Онро ҳамчунин барои ҷуфтронӣ ё боркашонӣ ба гардани ҳайвонот мегузоранд.
^ Ё «хушҳолии».