Ишаъё 64:1-12
64 Кошки осмонро дарронда, поён меомадӣ,То кӯҳҳо аз ҳузури ту ба ларза оянд,
2 Ҳамон тавре ки оташ чӯбу чахсро месӯзонадВа алов обро меҷӯшонад.
Он гоҳ номи ту ба душманонат маълум мешудВа халқҳо пеши ту ба ларза меомаданд!
3 Вақте корҳои ҳайратангезеро, ки мо умедвор ҳам набудем, ба амал овардиву+ поён омадӣ,Кӯҳҳо пеши ту ба ларза омаданд.+
4 Аз қадим то ҳол касе нашунидаасту нафаҳмидаастВа чашме Худоеро ғайр аз ту надидааст, киБарои умедворони худ амал карда бошад.+
5 Ту онҳоеро, ки аз кардани кори нек шоданд,+Онҳоеро, ки туро дар хотир доранд ва бо роҳҳоят равонаанд, пазироӣ намудӣ,Аммо, вақте дурудароз гуноҳ кардем, ба хашм омадӣ.+
Пас, магар мо сазоворем, ки наҷот биёбем?
6 Ҳамаи мо мисли каси нопокемВа тамоми росткориямон мисли латтаи ҳаромест*.+
Ҳамаи мо мисли барге пажмурда мешавемВа хатоҳоямон моро мисли шамол мебаранд.
7 Касе нест, ки номи туро бихонад,Касе нест, ки аз ту мадад биҷӯяд,Зеро рӯйи худро аз мо пинҳон кардаӣ+Ва гузоштаӣ, ки аз дасти гуноҳҳоямон обу адо шавем.
8 Вале ту, эй Яҳува, Падари мо ҳастӣ.+
Мо лоему ту Кӯзагари мо,+Ҳамаи мо амали дасти туем.
9 Эй Яҳува, бар мо сахт хашм нагир+Ва хатоҳои моро то абад дар хотир надор.
Илтимос, ба мо назар андоз, чунки ҳамаи мо халқи туем.
10 Шаҳрҳои муқаддаси ту биёбоне шудаанд.
Сион биёбон ва Ерусалим харобазоре гардидааст.+
11 Хонаи покиву ҷалоли мо,Ки бобоёнамон дар он туро ситоиш мекарданд,Ба коми оташ рафтааст+Ва ҳар чӣ бароямон азиз буд, харобу валангор шудааст.
12 Наход ҳамаи инро дида ту, эй Яҳува, ҳоло ҳам худро боздорӣ?
Наход хомӯш бимонӣ ва гузорӣ, ки ин қадар азоб кашем?+
Поварақҳо
^ Ё «либосест, ки аз хунравии одатии зан доғдор шудааст».