Ишаъё 7:1-25

  • Паём ба шоҳ Оҳоз (1–9)

    • Шеорёшуб (3)

  • Пешгӯйӣ дар бораи Имонуил (10–17)

  • Оқибати бевафоӣ (18–25)

7  Дар рӯзҳои Оҳози+ писари Ютоми писари Узиёи шоҳи Яҳудо Расини шоҳи Арам* ва Фақаҳи+ писари Рамалёҳуи шоҳи Исроил ба ҷанги Ерусалим баромаданд, аммо ӯ* онро забт карда натавонист.+  Ба хонадони Довуд чунин хабар доданд: «Лашкари Арам ба лашкари Эфроим ҳамроҳ шудааст». Он гоҳ дили Оҳоз ва дили халқаш ба ларза омад, ҳамон тавре ки дарахтони ҷангал аз вазиши бод меларзанд.  Яҳува ба Ишаъё гуфт: «Илтимос, ҳамроҳи писарат Шеорёшуб*+ ба охири новаи ҳавзи боло, ки дар сари роҳи саҳрои шустагарон аст,+ ба пешвози Оҳоз баро.  Ба ӯ бигӯ: “Ором бош. Натарс ва пеши ин ду кундаи нимсӯз, пеши оташи ғазаби Расину Арам ва писари Рамалёҳу,+ дил бой надеҳ.  Араму Эфроим ва писари Рамалёҳу бар зидди ту забон як карда мегӯянд:  “Биёед ба ҷанги Яҳудо бароем ва онро пора-пора карда*, аз они худ кунем* ва писари Тобъилро бар он подшоҳ бимонем”.+   Парвардигор Яҳува чунин мегӯяд: “Кори онҳо барор намегирадВа ин тавр намешавад,   Зеро сари Арам ДимишқВа сари Димишқ Расин аст,Ва 65 сол нагузаштаЭфроим майда-майда мешавад ва ин халқ аз байн меравад.+   Сари Эфроим Сомария+Ва сари Сомария писари Рамалёҳу аст.+ Агар имони шумо қавӣ набошад,Устувор нахоҳед монд”». 10  Яҳува боз ба Оҳоз гуфт: 11  «Аз Худоят Яҳува аломат талаб намо:+ хоҳ он мисли гӯр чуқур ва хоҳ мисли осмон баланд бошад». 12  Аммо Оҳоз гуфт: «Талаб намекунам ва Яҳуваро намесанҷам». 13  Ишаъё гуфт: «Эй хонадони Довуд, илтимос, гӯш диҳед! Одамонро аз ҷон безор карданатон кам буд, ки боз Худоро безор мекунед?!+ 14  Яҳува худаш ба шумо аломат медиҳад: ҷавонзан* ҳомиладор шуда, писаре таваллуд мекунад+ ва номашро Имонуил* мемонад.+ 15  Пеш аз он ки кӯдак рад кардани чизи бад ва интихоб кардани чизи хубро ёд гирад, ғайр аз маскаву асал чизе барои хӯрдан нахоҳад дошт. 16  Пеш аз он ки вай рад кардани чизи бад ва интихоб кардани чизи хубро ёд гирад, дар замини ин ду подшоҳе, ки аз онҳо метарсӣ, касе намемонад.+ 17  Яҳува ба сари ту, халқат ва хонадони падарат чунон рӯзи сахте меорад, ки, аз замоне ки Эфроим аз Яҳудо ҷудо шудааст,+ ба сарат наомада буд — ӯ подшоҳи Ошурро бар зидди ту меорад.+ 18  Дар он рӯз Яҳува ҳуштак зада аз шохобҳои дурдасти Нили Миср пашаҳо ва аз замини Ошур занбӯрҳоро даъват мекунад. 19  Ҳамаи онҳо омада, дар ҷарии дараҳо, шикофии кӯҳҳо, ҳамаи хорбуттаҳо ва ҷойҳои сероб ҷойгир мешаванд. 20  Дар он рӯз Яҳува бо теғи кироя аз минтақаи дарёи бузург*, яъне бо дасти подшоҳи Ошур,+ мӯйи сару пой ва ҳамчунин риши туро метарошад. 21  Дар он рӯз кас аз подаи худ фақат як ғуноҷин ва ду гӯсфандро зинда мемонад. 22  Аз бисёрии шир вай маска мехӯрад, зеро ҳар кӣ дар ин замин монад, ғайр аз маскаву асал чизе барои хӯрдан нахоҳад дошт. 23  Дар он рӯз чунин мешавад, ки, дар ҷое ки 1000 ток бо нархи 1000 сиқл нуқра буд, фақат хору хас мерӯяд. 24  Мардон бо тиру камон ба он ҷо мераванд, зеро тамоми заминро хору хас зер мекунад. 25  Аз тарси хору хас ту ба ягон кӯҳе, ки пеш бо каланд тоза карда мешуд, наздик намешавӣ. Он ҷойҳо чарогоҳи буққаҳо ва поймоли гӯсфандон мешаванд».

Поварақҳо

Ё «Сурия».
Ё, эҳтимол, «онҳо».
Маънояш «фақат бақия бармегардад».
Ё, эҳтимол, «ба тарсу ҳарос оварда».
Ё «деворашро рахна кунем».
Ё «духтар».
Маънояш «Худо бо мост».
Яъне дарёи Фурот.