Корнома 19:1-41
19 Ҳангоме ки Апуллус+ дар Қӯринт буд, Павлус сарзаминҳои аз баҳр дуртари Осиёро гузашта, ба Эфсӯс+ омад ва дар он ҷо якчанд шогирдро ёфта,
2 ба онҳо гуфт: «Оё шумо дар вақти имон оварданатон рӯҳи муқаддас гирифта будед?»+ Онҳо ҷавоб доданд: «Мо дар бораи рӯҳи муқаддас ҳатто нашунидаем».
3 Он гоҳ ӯ пурсид: «Пас, шумо кадом таъмидро* гирифтаед?» Онҳо гуфтанд: «Таъмиди Яҳёро».+
4 Павлус гуфт: «Яҳё одамонро чун аломати тавба таъмид медод+ ва мегуфт, ки ба касе, ки баъд аз ӯ меояд,+ яъне ба Исо, имон оранд».
5 Инро шунида онҳо ба номи Ҳазратамон Исо таъмид гирифтанд.
6 Вақте Павлус бар онҳо даст гузошт, рӯҳи муқаддас бар онҳо рехта шуд+ ва онҳо ба забонҳои гуногун сухан гуфтану пешгӯйӣ намуданро сар карданд.+
7 Дар он ҷо тахминан 12 нафар буд.
8 Ӯ дар давоми се моҳ ба ибодатхона даромада,+ далерона гап мезад. Ӯ суханронӣ мекард ва далелҳо оварда, дар бораи Подшоҳии Худо гуфтугузор мекард.+
9 Аммо, вақте ки баъзеҳо ин Роҳро*+ дар пеши мардум сиёҳ карда, якравона аз имон овардан сар тофтанд,+ ӯ онҳоро ба ҳолашон монду шогирдонро аз байнашон ҷудо карда, ҳар рӯз дар толори мактаби Тиронус суханронӣ мекард.
10 Ин ду сол давом кард ва ҳамаи сокинони Осиё, ҳам яҳудиёну ҳам юнониён, каломи Худовандро шуниданд.
11 Худо бо дасти Павлус муъҷизаҳои бузург ба амал меовард,+
12 то ҳадде ки ҳатто рӯймолчаҳову пешдоманҳои ӯро назди беморон мебурданд ва онҳо шифо меёфтанду+ рӯҳҳои нопок аз онҳо берун мешуданд.+
13 Баъзе яҳудиён низ, ки дар ҳар ҷо гашта, девҳоро берун мекарданд, номи Ҳазратамон Исоро ба забон гирифта, рӯҳҳои нопокро берун карданӣ мешуданд. Онҳо чунин мегуфтанд: «Ба номи Исое, ки Павлус эълон мекунад, ба шумо фармон медиҳам».+
14 Ҳафт писари коҳини калони яҳудиён низ, ки Искиво ном дошт, ҳамин тавр мекарданд.
15 Лекин боре рӯҳи нопок ба онҳо гуфт: «Исоро медонам,+ Павлусро ҳам мешиносам,+ вале шумо кистед?»
16 Баъд аз ин суханон марде, ки рӯҳи нопок дошт, ба онҳо дарафтид ва ҳамаи онҳоро пайи ҳам мағлуб кард, ба тавре ки онҳо лучу захмдор аз он хона баромада, гурехтанд.
17 Ин воқеа ба гӯши ҳамаи яҳудиёну юнониёни Эфсӯс расида, онҳоро ба тарсу ҳарос овард. Ҳамин тавр, номи Ҳазратамон Исо иззату икроми бештар пайдо мекард
18 ва бисёри онҳое, ки имон оварданд, омада, гуноҳҳои худро тан мегирифтанду дар бораи корҳои бадашон ошкоро гап мезаданд.
19 Бисёре аз онҳое, ки бо ҷодугарӣ машғул буданд, китобҳояшонро оварда, дар пеши ҳама сӯзонданд.+ Вақте арзиши онҳоро ҳисоб карданд, фаҳмиданд, ки ба 50 000 тангаи нуқра баробар аст.
20 Ҳамин тавр, каломи Яҳува бошиддат паҳн мешуд ва қувват мегирифт.+
21 Пас аз ин воқеаҳо Павлус қарор кард, ки баъди аз Мақдуния+ ва Охоия гузаштан ба Ерусалим сафар кунад.+ Ӯ гуфт: «Баъди ба он ҷо рафтанам Румро+ низ бояд бинам».
22 Бинобар ин ӯ ду нафарро аз дастёрони худ, яъне Тимотиюс+ ва Арастусро,+ ба Мақдуния фиристод, худаш бошад, муддате дар вилояти Осиё монд.
23 Он вақт аз боиси ин Роҳ*+ бесарусомонии бисёре шуд.+
24 Дар он ҷо Димитриюс ном нуқрагаре буд, ки аз нуқра нусхаҳои хурди ибодатгоҳи Артемидаро сохта, ба ҳунармандон даромади калоне меовард.+
25 Димитриюс ҳамкорони худ ва ҳунармандони дигарро ҷамъ оварда, гуфт: «Эй мардон, шумо хуб медонед, ки некуаҳволии мо аз ҳисоби ҳамин кор аст.
26 Ҳоло бошад, шумо дидаву шунида истодаед, ки ин Павлус “худоёни сохтаи одамӣ,+ дар асл, худо нестанд” гуфта, на танҳо дар Эфсӯс,+ балки қариб дар тамоми Осиё мардуми зиёдеро аз роҳ зада, фикрашонро дигар мекунад.
27 Беш аз ин, хатаре ҳаст, ки на танҳо кори мо беэътибор мегардад, балки ибодатгоҳи олиҳаи бузург Артемида низ беқадр мешавад ва ҳамоне, ки дар саросари Осиё ва тамоми дунё парастида мешавад, аз шуҳрати худ маҳрум мегардад».
28 Инро шунида онҳо сахт ба ғазаб омаданд ва фарёд задан гирифтанд: «Бузург аст Артемидаи эфсӯсиён!»
29 Он гоҳ тамоми шаҳр ба шӯр омада, ҳама якҷоя сӯйи намоишгоҳ шитофтанд ва ҳамсафарони Павлус — Ғоюс ва Ористархуси+ мақдуниро, бо худ кашола карда бурданд.
30 Павлус мехост пеши мардум равад, аммо шогирдон ба ӯ иҷозат надоданд.
31 Ҳатто баъзе аз ташкилгарони базму мусобиқаҳо, ки хайрхоҳони Павлус буданд, ба наздаш кас фиристода, илтимос карданд, ки ба намоишгоҳ наравад ва ҷонашро дар хатар намонад.
32 Дар ин миён баъзеҳо як чиз ва дигарон чизи дигар гуфта дод мезаданд, зеро дар байни ҷамъомадагон шӯру мағал ҳукмфармо буд ва бисёриҳо намедонистанд, ки барои чӣ ҷамъ шудаанд.
33 Он гоҳ Искандарро, ки яҳудиён ӯро ба пеш тела доданд, аз миёни мардум берун оварданд ва ӯ бо дасташ ишорае карда, хост, ки худро дар пеши онҳо муҳофизат кунад.
34 Вале яҳудӣ будани ӯро фаҳмида ҳама қариб ду соат бо як овоз фарёд заданд: «Бузург аст Артемидаи эфсӯсиён!»
35 Ниҳоят ҳокими шаҳр тӯдаи мардумро ором карда, гуфт: «Эй мардуми Эфсӯс! Кӣ намедонад, ки шаҳри эфсӯсиён нигаҳбони ибодатгоҳи Артемидаи бузург ва ҳайкали аз осмон афтодаи вай мебошад?
36 Ин ҷойи баҳс надорад, барои ҳамин оромиро нигоҳ доред ва беандешагӣ накунед.
37 Касоне, ки шумо ба ин ҷо овардед, на ибодатгоҳро ғорат кардаанду на дар ҳаққи олиҳаи мо куфр гуфтаанд.
38 Агар Димитриюс+ ва ҳунармандоне, ки бо ӯ ҳастанд, аз касе шикоят дошта бошанд, пас, рӯзҳои шунидани даъвоҳо вуҷуд доранд ва барои чунин корҳо волиён* ҳастанд. Бигзор назди онҳо рафта, якдигарро айбдор кунанд.
39 Вале, агар чизи аз ин зиёдро талаб мекарда бошед, он бояд дар ҷамъомаде, ки ҳокимиятдорон ташкил медиҳанд, ҳал гардад.
40 Охир, хатаре ҳаст, ки ба хотири ин воқеа моро дар шӯриш айбдор кунанд. Агар аз мо дар ин бора бипурсанд, мо сабаби ҷамъ омадани ин мардумро фаҳмонда наметавонем».
41 Ин суханонро гуфта, ӯ мардуми ҷамъомадаро пароканда кард.