Корнома 28:1-31
28 Баъд аз он ки мо сиҳату саломат ба хушкӣ расидем, фаҳмидем, ки он ҷазира Малта ном дорад.+
2 Мардуми он ҷазира* ба мо меҳрубонии* бениҳоят зиёде карданд. Азбаски борон меборид ва ҳаво хунук буд, онҳо гулхан афрӯхта, моро нағз қабул карданд.
3 Павлус як бағал ҳезум чинда, онро болои оташ гузошт, вале аз гармии он мори афъӣ баромада, ба дасти ӯ печид.
4 Вақте сокинони ҷазира ҷонвари заҳрдорро ба дасти Павлус овезон диданд, ба якдигар гуфтанд: «Бешубҳа, ин мард одамкуш аст, зеро аз баҳр наҷот ёфта бошад ҳам, Адолат* нагузошт, ки ӯ зинда монад».
5 Вале ӯ дасташро афшонда, он ҷонварро ба оташ партофт ва ҳеҷ осебе надид.
6 Онҳо бошанд, интизор буданд, ки бадани Павлус варам мекунад ё ӯ ногаҳон афтода мемурад. Вақте онҳо дурудароз интизор шуда, диданд, ки бо ӯ чизе рӯй надод, фикрашонро дигар карда гуфтанд, ки ӯ худо аст.
7 Дар он наздикиҳо заминҳои сардори ҷазира, ки Публиюс ном дошт, ҷойгир буданд. Ӯ моро нағз қабул намуда, се рӯз меҳмондорӣ кард.
8 Падари Публиюс бо табларза ва дарди сахти шикам дар бистар мехобид. Павлус ба наздаш даромад ва дуо гуфта, бар ӯ даст гузошту шифо дод.+
9 Пас аз ин беморони дигари ҷазира низ назди Павлус омада, шифо ёфтанд.+
10 Онҳо ҳамчунин ба мо туҳфаҳои бисёр дода, моро иззату ҳурмат карданд ва, вақте ба киштӣ савор шуда, ба роҳ мебаромадем, моро бо чизҳои зарурӣ таъмин намуданд.
11 Пас аз се моҳ мо ба киштие, ки дар қисми пешаш аломати «Писарони Зевс»-ро дошт, савор шуда, ба роҳ баромадем. Ин киштӣ аз Искандария омада, зимистонро дар он ҷазира гузаронида буд.
12 Мо бо он киштӣ ба бандари Саркузо дохил шуда, дар он ҷо се рӯз мондем
13 ва аз он ҷо баромада, ба Риғюн омадем. Рӯзи дигар шамоли ҷанубӣ вазид ва мо фардояш ба Путеолӣ расидем.
14 Дар ин ҷо мо бародаронро ёфтем ва, азбаски онҳо бисёр хоҳиш карданд, ҳафт рӯз дар наздашон мондему сипас ба Рум равона шудем.
15 Вақте бародарони он ҷо хабар ёфтанд, ки мо омада истодаем, то бозори Опиюс ва ҷое, ки «Се меҳмонхона» ном дошт, омада, моро пешвоз гирифтанд. Павлус онҳоро дида Худоро шукр гуфт ва рӯҳбаланд шуд.+
16 Вақте мо ниҳоят ба Рум расидем, ба Павлус иҷозат доданд, ки дар хонаи алоҳида зери назорати посбон истиқомат кунад.
17 Се рӯз пас Павлус яҳудиёни соҳибмартабаро назди худ даъват кард. Вақте онҳо ҷамъ омаданд, ӯ гуфт: «Эй бародарон, ҳарчанд ман ба муқобили халқ ва урфу одатҳои бобоёнамон ҳеҷ коре накардаам,+ маро дар Ерусалим ҳабс карда, ба дасти румиён супурданд.+
18 Пас аз тафтиш+ онҳо хостанд, ки маро озод кунанд, зеро барои куштани ман ягон далел надоштанд.+
19 Аммо, азбаски яҳудиён ба ин зид баромаданд, ман маҷбур шудам, ки доварии қайсарро* талаб кунам,+ вале на аз барои он ки аз халқам шикоят кунам.
20 Аз ин сабаб хоҳиш кардам, ки бо шумо вохӯрда, суҳбат кунам, зеро ман барои умеде, ки Исроил дорад, бо ин занҷирҳо баста шудаам».+
21 Онҳо ба ӯ гуфтанд: «Мо дар бораи ту аз Яҳудия ягон хате нагирифтаем ва ҳеҷ яке аз бародароне, ки аз он ҷо омаданд, дар бораи ту хабаре ё сухани баде нагуфтаанд.
22 Аммо мехоҳем фикру ақидаи туро аз даҳони худат шунавем, зеро, дар ҳақиқат, чуноне ки ба мо маълум аст, одамон дар ҳама ҷо бар зидди ин мазҳаб*+ сухан мегӯянд».+
23 Пас аз ин яҳудиён барои бо ӯ вохӯрдан рӯзеро муқаррар карданд ва дар он рӯз ба ҷойи зисти вай шумораи боз ҳам бештари онҳо омад. Ӯ аз субҳ то шом ба онҳо як ба як шаҳодат дода, дар бораи Подшоҳии Худо сухан меронд ва аз Тавроти* Мӯсо+ ва Навиштаҳои пайғамбарон+ далел меовард, то онҳо ба Исо имон оранд.+
24 Баъзеҳо ба суханони ӯ бовар карданд, баъзе накарданд.
25 Азбаски онҳо бо ҳамдигар розӣ набуданд, он ҷоро пайи ҳам тарк кардан гирифтанд. Он гоҳ Павлус гуфт:
«Рӯҳи муқаддас ба воситаи пайғамбар Ишаъё ба бобоёни шумо барҳақ чунин гуфтааст:
26 “Рафта, ба ин халқ бигӯ: “Шумо хоҳед шунид, вале нахоҳед фаҳмид, нигоҳ хоҳед кард, вале нахоҳед дид.+
27 Дили ин мардум сахт ва гӯшашон вазнин шудааст. Онҳо чашмони худро пӯшидаанд, то ҳеҷ гоҳ бо чашмонашон набинанд, бо гӯшҳояшон нашунаванд, то гапам ба дилашон таъсир накунад ва сӯйи ман барнагарданду аз ман шифо наёбанд”.+
28 Пас, ба шумо маълум бод, ки ин хабари наҷоти Худо ба халқҳои дигар фиристода шудааст+ ва онҳо албатта ба он гӯш медиҳанд».+
29 *——
30 Ҳамин тавр, Павлус дар хонаи иҷорааш ду соли пурра истод+ ва ҳамаи онҳоеро, ки наздаш меомаданд, меҳрубонона қабул мекард.
31 Ӯ бо далерии тамом* ба онҳо дар бораи Подшоҳии Худо сухан мегуфт ва дар бораи Ҳазратамон Исои Масеҳ таълим медод+ ва чизе ба ӯ дар ин кор халал намерасонд.
Поварақҳо
^ Ё «Онҳое, ки бо забони дигар гап мезаданд».
^ Ё «инсондӯстии».
^ Юн. «Дике». Эҳтимол, ба худойзан (олиҳа)-и интиқому адолат ё ба мафҳуми адолат ишора мекунад.
^ Қайсар — унвони баъзе подшоҳони Руми қадим.
^ Ё «фирқа; бидъат (секта)».
^ Ё «Шариати».
^ Ин оят дар дастхатҳои қадимӣ вонамехӯрад ва, аз афташ, қисми Навиштаҳои илҳомбахшида нест.
^ Ё «бемалол».