Луқо 20:1-47
20 Боре, вақте ки Исо мардумро дар ибодатгоҳ таълим медод ва хушхабарро эълон мекард, коҳинони калон, шариатдонон ва пирон назди ӯ омада,
2 гуфтанд: «Ба мо бигӯ, ки ту ба кардани ин корҳо чӣ ҳақ дорӣ? Кӣ ба ту чунин ҳуқуқ додааст?»+
3 Ӯ ба онҳо ҷавоб дод: «Ман ҳам ба шумо саволе дорам. Ба ман ҷавоб диҳед:
4 таъмиди* Яҳё аз ҷониби Худо* буд ё одамон?»
5 Онҳо байни худ чунин гуфтанд: «Агар “Худо” гӯем, ӯ мегӯяд: “Барои чӣ шумо ба вай имон наовардед?”
6 Аммо, агар “одамон” гӯем, тамоми мардум моро сангсор мекунанд, зеро онҳо бовар доранд, ки Яҳё пайғамбар буд».+
7 Аз ин рӯ онҳо ҷавоб доданд, ки намедонанд.
8 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Ман ҳам ба шумо намегӯям, ки ба кардани ин корҳо кӣ ба ман ҳуқуқ додааст».
9 Сипас ӯ ба одамон мисоли зеринро овард: «Марде дар замини худ токҳои ангур шинонд+ ва токзорро ба токпарварон иҷора дода, ба сафари дурудароз рафт.+
10 Вақте ки мавсими ҳосилғундорӣ расид, вай ғуломеро назди токпарварон фиристод, то ҳаққи ӯро аз ҳосили токзор бидиҳанд. Вале токпарварон ғуломро зада, дасти холӣ фиристоданд.+
11 Он мард боз ғуломи дигареро фиристод. Токпарварон он ғуломро низ заданд ва шармандаву шармсор карда, дасти холӣ фиристоданд.
12 Сипас ӯ ғуломи сеюмашро фиристод, аммо токпарварон вайро низ захмдор карда, бароварда партофтанд.
13 Он гоҳ соҳиби токзор гуфт: “Чӣ кор кунам? Писари азизамро мефиристам.+ Шояд, онҳо ӯро ҳурмат кунанд”.
14 Лекин, вақте токпарварон ӯро диданд, байни худ маслиҳат карда гуфтанд: “Ин меросхӯр аст. Биёед ӯро кушем, то меросаш аз мо шавад”.
15 Онҳо ӯро аз токзор кашола карда бароварданду куштанд.+ Пас, соҳиби токзор бо онҳо чӣ кор мекунад?
16 Вай меояд ва он токпарваронро мекушад, токзорро бошад, ба дигарон месупорад».
Инро шунида онҳо гуфтанд: «Худо нишон надиҳад!»
17 Аммо Исо рост ба онҳо нигоҳ карда, гуфт: «Пас, маънои ин суханоне, ки навишта шудаанд, чист: “Санге, ки бинокорон рад карданд, санги сари гӯшаи бино гашт”?+
18 Ҳар касе ба болои он санг афтад, майда-майда мешавад+ ва, агар он санг ба болои касе афтад, ӯро маҷақ мекунад».
19 Шариатдонон ва коҳинони калон фаҳмиданд, ки Исо онҳоро дар назар дорад, бинобар ин хостанд, ки ҳамон лаҳза ӯро дастгир кунанд, аммо аз мардум тарсиданд.+
20 Онҳо Исоро бодиққат мушоҳида карда, якчанд нафарро, ки ба онҳо пинҳонӣ пул дода буданд, ба наздаш фиристоданд, то онҳо худро росткор нишон дода, дар сухани Исо айбе ёбанд+ ва ӯро ба дасти ҳокимият ва ҳоким супоранд.
21 Он одамон аз ӯ пурсиданд: «Эй Устод, мо медонем, ки суханону таълими ту дуруст аст ва ту ба ҳама бо як чашм менигариву дар бораи Худо ростиро таълим медиҳӣ.
22 Пас, ба мо бигӯ, ки ба қайсар* андоз супоридан равост ё не?»
23 Вале Исо макри онҳоро пай бурда гуфт:
24 «Канӣ ба ман динорро* нишон диҳед. Дар ин танга сурат ва номи киро мебинед?» Онҳо ҷавоб доданд: «Қайсарро».
25 Он гоҳ Исо ба онҳо гуфт: «Пас, он чӣ аз қайсар аст, ба қайсар диҳед+ ва он чӣ аз Худост — ба Худо».+
26 Онҳо дар ягон сухане, ки ӯ дар пеши мардум мегуфт, айбе ёфта натавонистанд, балки аз ҷавоби ӯ дар ҳайрат монда, дигар чизе нагуфтанд.
27 Баъзе аз саддуқиён*, ки ба зиндашавӣ бовар намекарданд,+ назди Исо омада, пурсиданд:+
28 «Устод, пайғамбар Мӯсо ба мо навишта буд, ки “агар марде фарзанддор нашуда бимирад, бародари он мард бояд бо зани ӯ хонадор шавад ва барои бародараш насл ба дунё орад”.+
29 Дар як оила ҳафт бародар буд. Бародари калонӣ зан гирифт, вале фарзанддор нашуда мурд.
30 Пас аз ӯ бародари дуюм,
31 баъд сеюм ва ҳамин тавр ҳамаи он ҳафт бародар бо он зан оиладор шуданд, вале насле ба дунё наоварда мурданд.
32 Оқибат худи зан ҳам мурд.
33 Пас, дар вақти зиндашавӣ вай зани кадоми онҳо мешавад? Охир, ҳамаи он ҳафт бародар ӯро ба занӣ гирифта буданд».
34 Исо ба онҳо гуфт: «Фарзандони ин замона* зан мегиранд ва ба шавҳар мебароянд,
35 лекин онҳое, ки ба зиндашавӣ ва ҳаёт дар замони оянда* сазовор шумурда мешаванд, на зан мегиранд ва на ба шавҳар мебароянд.+
36 Онҳо дигар намемуранд, зеро мисли фариштагон мешаванд ва, азбаски зинда мешаванд, фарзандони Худо мегарданд.
37 Ба зинда шудани мурдагон бошад, ҳатто пайғамбар Мӯсо ишора карда буд, вақте дар бораи хорбутта навишта, Яҳуваро “Худои Иброҳим, Худои Исҳоқ ва Худои Яъқуб” номид.+
38 Ӯ на Худои мурдагон, балки Худои зиндагон аст, зеро барои ӯ ҳамаи онҳо зиндаанд».+
39 Баъзе аз шариатдонон инро шунида гуфтанд: «Устод, нағз гуфтӣ».
40 Пас аз ин онҳо ҷуръат накарданд, ки ба ӯ саволе диҳанд.
41 Исо бошад, ба онҳо гуфт: «Барои чӣ мегӯянд, ки Масеҳ писари Довуд аст?+
42 Охир, худи Довуд дар китоби Забур мегӯяд: “Яҳува ба Ҳазрати ман гуфт: “Аз дасти рости ман бинишин,
43 то даме ки душманонатро зери поят андозам”.+
44 Модом ки Довуд ӯро “Ҳазрат” меномад, чӣ тавр ӯ писари вай буда метавонад?»
45 Вақте ки тамоми мардум ӯро гӯш мекарданд, ӯ ба шогирдонаш гуфт:
46 «Аз шариатдонон эҳтиёт шавед. Ба онҳо маъқул аст, ки либосҳои қиматбаҳо пӯшида гарданд, дар бозорҳо одамон ба пешвозашон бароянд, дар ибодатхонаҳо ҷойҳои беҳтаринро* гиранд ва дар зиёфатҳо болонишин бошанд.+
47 Онҳо пулу моли бевазанонро хӯрда онҳоро ғорат мекунанд ва барои худнамоӣ дурудароз дуо мегӯянд. Онҳо ба ҷазои сахттар гирифтор мешаванд».
Поварақҳо
^ Дар матни асл «осмон».
^ Қайсар — унвони баъзе подшоҳони Руми қадим.
^ Ниг. ба Замимаи Б14.
^ Ё «аввалро».