Марқус 15:1-47

  • Исоро доварӣ кардани Пилотус (1–15)

  • Сарбозон Исоро масхара мекунанд (16–20)

  • Исоро дар Ҷолҷолто мехкӯб мекунанд (21–32)

  • Марги Исо (33–41)

  • Исоро ба қабр мегузоранд (42–47)

15  Баробари дамидани субҳ коҳинони калон, пирон ва шариатдонон — тамоми Шӯрои олии яҳудиён, ҷамъ шуда, маслиҳат карданд ва Исоро бандубаст карда, бурданду ба дасти Пилотус супурданд.+  Пилотус аз Исо пурсид: «Оё ту Подшоҳи яҳудиён ҳастӣ?»+ Ӯ гуфт: «Ҳамон тавре аст, ки мегӯӣ».+  Коҳинони калон бошанд, ӯро бисёр айбдор мекарданд.  Он гоҳ Пилотус боз аз ӯ пурсид: «Чаро чизе ҷавоб намедиҳӣ?+ Бубин, ки онҳо дар ҳаққи ту чиҳо гуфта истодаанд».+  Лекин Исо дигар ҳеҷ чиз нагуфт ва Пилотус инро дида ҳайрон шуд.+  Ҳар сол дар Иди Раҳоӣ Пилотус зиндониеро бо хоҳиши халқ озод мекард.+  Он вақт Бараббос ном мард ва ҳамчунин дигар шӯришгароне, ки ҳангоми шӯриш одам кушта буданд, дар зиндон буданд.  Мардум омада, хоҳиш карданд, ки Пилотус он чиро, ки ҳар дафъа барояшон мекард, ба ҷо орад.  Ӯ ба онҳо гуфт: «Оё мехоҳед барои шумо Подшоҳи яҳудиёнро озод кунам?»+ 10  Пилотус медонист, ки коҳинони калон Исоро аз ҳасад ба дасти ӯ супурдаанд.+ 11  Вале коҳинони калон мардумро шӯр андохтанд, ки ба ҷойи Исо озод кардани Бараббосро хоҳиш кунанд.+ 12  Он гоҳ Пилотус аз онҳо пурсид: «Пас, бо он касе, ки Подшоҳи яҳудиён меномедаш, чӣ кор кунам?»+ 13  Онҳо бори дигар фарёд зада гуфтанд: «Ӯро бикуш!*»+ 14  Вале Пилотус гуфт: «Барои чӣ? Ӯ чӣ бадӣ кардааст?» Онҳо бошанд, боз баландтар фарёд зада мегуфтанд: «Ӯро бикуш!»+ 15  Он гоҳ Пилотус барои ором кардани мардум Бараббосро озод кард. Исоро бошад, ба дасти сарбозон супурд, то ӯро қамчинкорӣ карда,+ дар сутун бикушанд.+ 16  Сарбозон ӯро ба ҳавлии қасри ҳоким бурданд ва тамоми сарбозони дигарро ба он ҷо ҷамъ карданд.+ 17  Онҳо ба Исо матои бунафшранг пӯшониданд, аз хорҳо тоҷе бофта, ба сараш монданд 18  ва гуфтанд: «Салом, эй Подшоҳи яҳудиён!»+ 19  Ҳамчунин онҳо бо қамиш ба сараш мезаданд, ба рӯяш туф мекарданд ва зону зада ба ӯ таъзим менамуданд. 20  Баъд аз мазоқу масхара кардани ӯ онҳо матои бунафшрангро аз танаш кашида, ба ӯ либоси худашро пӯшонданд ва ӯро гирифта бурданд, то ба сутун мехкӯб кунанд.+ 21  Дар роҳ сарбозон роҳгузареро, ки аз деҳот меомад, маҷбур карданд, ки сутуни азоби* Исоро бардорад. Он мард Шимъӯни қуринӣ — падари Искандар ва Руфус, буд.+ 22  Сипас Исоро ба Ҷолҷолто ном ҷое, ки маънояш «Косахонаи сар» аст, оварданд.+ 23  Дар он ҷо ба ӯ шароберо доданӣ шуданд, ки бо доруи мурр* омехта буд,+ лекин ӯ нанӯшид. 24  Ӯро ба сутун мехкӯб карданд ва қуръа партофта, либосашро байни худ тақсим намуданд.+ 25  Вақте ки Исоро ба сутун мехкӯб карданд, соат тақрибан нуҳи саҳар* буд. 26  Дар болои сари ӯ чунин айбнома овехтанд: «Подшоҳи яҳудиён».+ 27  Ғайр аз ӯ боз ду ғоратгарро дар сутунҳо овехта буданд: якеро аз тарафи росташ ва дигареро аз тарафи чапаш.+ 28  *—— 29  Роҳгузарон сар ҷунбонда ӯро паст мезаданду+ мегуфтанд: «Эй ту, ки мехостӣ ибодатгоҳро вайрон карда, дар се рӯз онро аз нав созӣ,+ 30  канӣ худатро наҷот деҳу аз сутуни азоб фаро». 31  Ҳамчунин коҳинони калон ва шариатдонон ӯро мазоқу масхара карда ба якдигар мегуфтанд: «Дигаронро наҷот медоду худашро наҷот дода наметавонад!+ 32  Бигзор Масеҳ — Подшоҳи Исроил, акнун аз сутуни азоб фарояд, то мо инро дида ба вай имон орем».+ Ҳатто онҳое, ки дар наздаш дар сутунҳо овезон буданд, ӯро дашном медоданд.+ 33  Соатҳои дувоздаҳи рӯз* тамоми заминро торикӣ фаро гирифт ва он то соатҳои се* давом кард.+ 34  Соатҳои сеи рӯз Исо бо овози баланд фарёд зада гуфт: «Э́ли, Э́ли, ла́ма сабақта́ни?», яъне: «Худои ман, Худои ман, чаро маро тарк кардӣ?»+ 35  Инро шунида баъзеҳо гуфтанд: «Бинед, ӯ пайғамбар Илёсро ҷеғ мезанад». 36  Як кас давида, лифро* ба шароби туруш тар кард ва онро ба қамише халонду барои нӯшидан ба Исо дода,+ гуфт: «Ӯро ба ҳолаш монед! Канӣ бинем, Илёс омада, ӯро аз сутун мефарорад ё не». 37  Лекин Исо бо овози баланд фарёд зада, ҷон дод.+ 38  Он вақт пардаи ибодатгоҳ*+ аз боло то поён дарида ду тақсим шуд.+ 39  Мирисаде, ки дар рӯ ба рӯйи Исо истода, шоҳиди ҳамаи ин воқеаҳову кушта шудани ӯ буд, чунин гуфт: «Ҳақиқатан ҳам, ин одам Писари Худо* будааст».+ 40  Дар он ҷо ҳамчунин заноне буданд, ки аз дур истода он воқеаҳоро медиданд, аз он ҷумла Салӯмит, Марями Маҷдалия ва Марями модари Яъқуби Майдаву Юсе.+ 41  Ин занон дар Ҷалил ҳамроҳи Исо сафар карда, ба ӯ хизмат менамуданд.+ Дар он ҷо занони зиёди дигар низ буданд, ки ҳамроҳи ӯ ба Ерусалим омада буданд. 42  Шом мешуд ва, азбаски ин рӯзи тайёрӣ*, яъне пеш аз рӯзи шанбе, буд, 43  Юсуф ном марде аз шаҳри Аромот дилу гурда карда, пеши Пилотус рафт ва аз ӯ иҷозат пурсид, ки ҷасади Исоро бигирад.+ Юсуф узви обрӯманди Шӯрои олии яҳудиён буд ва омадани Подшоҳии Худоро интизорӣ мекашид. 44  Аммо Пилотус ҳайрон шуд, ки Исо ин қадар тез мурдааст, барои ҳамин мирисадро фарёд карда, пурсид, ки ин хабар рост аст ё не. 45  Вақте мирисад инро тасдиқ кард, вай ба Юсуф иҷозат дод, ки ҷасади Исоро бурда, гӯр кунад. 46  Юсуф катони аълосифат харид ва ҷасади Исоро аз сутун гирифта, ба он печонду ба қабри дар кӯҳ кандае гузошт.+ Баъд сангеро ғелонда, ба даҳани қабр монд.+ 47  Аммо Марями Маҷдалия ва Марями модари Юсе якчанд вақт ба он ҷое, ки ҷасади Исоро монданд, нигоҳ карда истоданд.+

Поварақҳо

Ё «Ӯро дар сутун ба қатл расон!»
Сутуни азоб — ниг. ба луғат.
Ё «бо маводи карахткунанда».
Дар матни асл «тақрибан соати сеюм [пас аз баромадани офтоб]».
Ин оят дар дастхатҳои қадимӣ вонамехӯрад ва, аз афташ, қисми Навиштаҳои илҳомбахшида нест.
Дар матни асл «Тақрибан соати шашум [пас аз баромадани офтоб]».
Дар матни асл «тақрибан то соати нуҳум [пас аз баромадани офтоб]».
Ё «исфанҷро».
Ин парда Макони покро аз Макони поктарин ҷудо мекард.
Писари Худо — ниг. ба луғат.
Яҳудиён рӯзи ҷумъаро рӯзи тайёрӣ номгузорӣ карда буданд ва ҳар ҳафта дар он ба рӯзи шанбе тайёрӣ медиданд.