Матто 8:1-34
8 Пас аз он ки Исо аз кӯҳ фаромад, одамони бисёре аз пайи ӯ равона шуданд.
2 Он вақт назди ӯ махавие омад ва таъзим карда, гуфт: «Ҳазратам, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок гардонӣ».+
3 Исо дасташро дароз карда, ба вай расонид ва гуфт: «Албатта, мехоҳам. Пок шав!»+ Ҳамон дам он мард аз махав пок шуд.+
4 Баъд Исо ба ӯ гуфт: «Ҳушёр шав, ки дар ин бора ба касе гап назанӣ,+ балки рафта, худатро ба коҳин* нишон деҳ+ ва ҳадияеро, ки пайғамбар Мӯсо фармудааст, пешкаш кун,+ то ба онҳо шаҳодат шавад».
5 Вақте ӯ вориди Кафарнаҳум шуд, мирисаде ба наздаш омада, илтиҷо кард:+
6 «Тақсир, хизматгори ман фалаҷ шуда дар хона хоб аст ва дарди ҷонкоҳе мекашад».
7 Исо ба вай гуфт: «Ба хонаат ки расидам, ӯро шифо медиҳам».
8 Мирисад дар ҷавоб гуфт: «Тақсир, ман сазовор нестам, ки ту ба хонаам дароӣ, фақат сухане бигӯ ва хизматгорам шифо меёбад.
9 Охир, худи ман ҳам ба ҳокимият тобеъ ҳастам ва зери дастам сарбоз дорам: ба яке “Бирав!” гӯям, меравад, ба дигаре “Биё!” гӯям, меояд ва ба ғуломам “Ин корро кун!” гӯям, мекунад».
10 Исо суханони ӯро шунида дар ҳайрат монд ва ба онҳое, ки аз пасаш мерафтанд, рӯ оварда, гуфт: «Ба ростӣ ба шумо мегӯям: касеро дар Исроил надидам, ки чунин имони бузург дошта бошад.+
11 Ба шумо мегӯям, ки бисёриҳо аз шарқу ғарб омада, дар Подшоҳии осмон бо Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб дар сари дастархон мешинанд*,+
12 лекин писарони Подшоҳӣ ба берун, ба торикӣ, партофта мешаванд ва дар он ҷо гиря мекунанду дандон мехоянд».+
13 Сипас Исо ба мирисад гуфт: «Бирав ва бигзор ба ту аз рӯйи имонат дода шавад».+ Ҳамон соат хизматгори ӯ шифо ёфт.+
14 Вақте Исо ба хонаи Петрус омад, хушдомани+ ӯро дид, ки бо табларза дар бистар хоб аст.+
15 Исо ба дасти вай даст расонд+ ва табларзаи ӯ гузашт. Он гоҳ зан аз ҷояш хеста, ба Исо хизмат кард.
16 Вақте ки бегоҳ шуд, ба назди ӯ одамони зиёдеро оварданд, ки дар банди дев буданд, ва Исо амр дода, девҳоро аз онҳо берун карду ҳамаи беморонро шифо дод,
17 то суханоне, ки ба воситаи пайғамбар Ишаъё гуфта шуданд, иҷро шаванд: «Ӯ бемориҳои моро гирифт ва дардҳои моро бардошт».+
18 Вақте Исо дид, ки дар атрофаш мардум ҷамъ шудааст, ба шогирдонаш фармуд, ки ба соҳили дигар гузаранд.+
19 Он вақт шариатдоне ба назди ӯ омада, гуфт: «Устод, ҳар ҷое равӣ, ман туро пайравӣ мекунам».+
20 Аммо Исо ба вай гуфт: «Рӯбоҳон хона ва парандагони осмон лона доранд, вале Фарзанди одам ҷое надорад, ки сар монад».+
21 Он гоҳ шогирди дигаре ба ӯ гуфт: «Ҳазратам, иҷозат деҳ аввал рафта, падарамро гӯр кунам».+
22 Исо ба вай гуфт: «Маро пайравӣ кардан гир ва бигзор мурдагон мурдагони худро гӯронанд».+
23 Вақте Исо ба қаиқ нишаст, шогирдонаш низ ба ӯ ҳамроҳ шуданд.+
24 Ногаҳон дар баҳр тӯфони чунон сахте ба амал омад, ки қаиқ аз об пур шудан гирифт, вале Исо хоб буд.+
25 Он гоҳ шогирдон ба наздаш омаданд ва ӯро бедор карда, гуфтанд: «Ҳазрат, моро наҷот деҳ, ки ҳозир мемурем!»
26 Лекин Исо ба онҳо гуфт: «Эй сустимонҳо, чаро ин қадар метарсед?»+ Сипас ӯ аз ҷояш хеста, шамол ва баҳрро ором* кард. Ҳамон лаҳза тамоми ҷоро хомӯшӣ фаро гирифт.+
27 Шогирдонаш ҳайрон шуда гуфтанд: «Ин мард кист, ки ҳатто шамол ва баҳр ба ӯ итоат мекунанд?»
28 Вақте Исо ба тарафи дигари баҳр, ба сарзамини ҷадариён, расид, аз байни қабрҳо ду марде, ки дар банди дев буданд, баромада, бо ӯ рӯ ба рӯ шуданд.+ Онҳо чунон ваҳшӣ буданд, ки ягон кас ҷуръат намекард аз он роҳ гузарад.
29 Онҳо фарёд зада гуфтанд: «Эй Писари Худо*, ту ба мо чӣ кор дорӣ?+ Ту омадӣ, ки моро пеш аз муҳлат азоб диҳӣ?»+
30 Хеле дуртар аз онҳо галаи калони хукон мечарид.+
31 Девҳо аз Исо илтиҷо карда гуфтанд: «Агар моро аз ин одамон берун карданӣ бошӣ, пас, ба галаи хукон равона кун».+
32 Ҳамин ки ӯ ба девҳо «Биравед!» гуфт, онҳо аз он мардон берун шуда, ба галаи хукон даромаданд ва тамоми гала яку якбора худро аз ҷарӣ ба баҳр партофта, дар об ғарқ шуд.
33 Хукбонон бошанд, гурехта ба шаҳр рафтанд ва ҳама чиро, аз он ҷумла воқеаеро, ки бо мардони девзада рӯй дода буд, ба одамон нақл карданд.
34 Аҳли шаҳр ба пешвози Исо баромаданд ва, вақте ки ӯро диданд, хоҳиш карданд, ки аз сарзамини онҳо берун равад.+