Мико 7:1-20

  • Бадкориҳои Исроил (1–6)

    • Душмани одам аҳли хонадони ӯст (6)

  • Бо сабру тоқат интизор хоҳам шуд (7)

  • Халқи Худо бахшида мешавад (8–13)

  • Дуои Мико, ситоиши Худо (14–20)

    • Ҷавоби Яҳува (15–17)

    • Кист Худое мисли Яҳува? (18)

7  Вой бар ҳоли ман! Охир, мисли касе шудаам, киПас аз ғундоштани меваҳои тобистонаВа чидани хӯшаҳое, ки аз ҳосили ангур мондааст,На хӯшае меёбад, ки бихӯрад,Ва на анҷири пешпазаке пайдо мекунад, ки дилаш мекашад.   Содиқ аз рӯйи замин нест шудааст,Дар миёни одамон росткоре нест.+ Ҳамаи онҳо барои хунрезӣ камин мегиранд.+ Ҳар яке бародари худро ба дом меафтонад*.   Дастонашон дар бадкорӣ устост.+ Мир пора металабад,Довар мукофот мехоҳад,+Мансабдор ҳаваси дилашро мегӯяд+Ва онҳо бо якдигар ҳамдастанд.   Беҳтарини онҳо мисли хорбутта аст,Боинсофтарини онҳо аз хорбанд бадтар аст. Рӯзи дидбонони ту ва бозхости ту фаро мерасад.+ Он вақт онҳо ба воҳима меафтанд.+   Ба ёрат бовар накунВа аз дӯсти ҷоният дилпур набош.+ Ба касе, ки дар бағалат мехобад, ҳар гапро нагӯ,   Зеро писар падарро писанд намекунад,Духтар бар зидди модар+Ва келин бар зидди хушдоман мебарояд,+Душмани одам аҳли хонадони ӯст.+   Вале чашмони ман сӯйи Яҳува хоҳанд буд,+Бо сабру тоқат Худои наҷоти худро интизор хоҳам шуд.+ Худои ман маро хоҳад шунид.+   Аз ҳоли ман шод нашав, эй душмани ман! Гарчанд ғалтидаам, бармехезам,Дар торикӣ бошам ҳам, Яҳува нури ман хоҳад буд.   Ман ки бар зидди Яҳува гуноҳ кардаам,+Хашми ӯро бардошт хоҳам кард,То даме ки даъвои маро дида барояд ва аз рӯйи инсоф қарор барорад. Ӯ маро ба равшанӣ мебарорадВа ман росткории ӯро хоҳам дид. 10  Душмани ман низ инро хоҳад дидВа ӯ, ки “Худоят Яҳува куҷост?”+ мегуфт,Шармандаву шармсор хоҳад шуд. Чашмони ман бар ӯ назар хоҳад кард. Вай мисли лойи кӯчаҳо таги по хоҳад шуд. 11  Он рӯз рӯзи бино кардани деворҳои сангинат хоҳад буд,Дар он рӯз ҳудуди ту васеътар хоҳад шуд. 12  Дар он рӯз онҳо аз Ошур ва шаҳрҳои Миср,Аз заминҳои байни Миср ва дарёи бузург*,Аз заминҳои байни баҳрҳо ва кӯҳҳо сӯйи ту меоянд.+ 13  Замин бо айби сокинонаш,Аз дасти корҳояшон, харобазор мешавад. 14  Халқи худ, рамаи мулки худро,Ки дар ҷангал ва дар миёни боғ танҳо буд,Бо асоят чӯпонӣ бикун.+ Бигзор онҳо чун дар гузашта дар Бошон ва Ҷилъод бичаранд.+ 15  «Чун дар рӯзҳое ки аз замини Миср берун омадӣ,Ба ту муъҷизаҳо нишон медиҳам.+ 16  Халқҳо тавоно бошанд ҳам, инро дида шарманда мешаванд.+ Онҳо даст бар даҳон мегузорандВа гӯшҳояшон кар мешавад. 17  Онҳо мисли мор хокро мелесанд,+Мисли хазандаҳои рӯйи замин ларзида аз паноҳгоҳҳояшон мебароянд. Онҳо бо тарсу ларз сӯйи Худоямон Яҳува меояндВа аз ту ҳаросон мешаванд».+ 18  Кист Худое мисли ту,Ки хатои бақияи халқашро+ бубахшад ва аз гуноҳаш гузарад?+ Ӯ то абад хашм намегирад,Чунки аз меҳру вафо кардан шод мешавад.+ 19  Ӯ боз ба мо раҳм мекунад,+ бар хатоҳои мо дастболо мешавад. Ту тамоми гуноҳҳояшонро ба қаъри баҳр мепартоӣ.+ 20  Ту, чуноне ки аз давраҳои қадим ба бобоёнамон қасам хӯрда будӣ,Ба Яъқуб садоқат ва ба Иброҳим меҳру вафо мекунӣ.+

Поварақҳо

Ё «бо тӯр сайд мекунад».
Яъне дарёи Фурот.