Наҳемё 13:1-31

  • Наҳемё боз чора меандешад (1–31)

    • Бояд даҳяк дода шавад (10–13)

    • Қонуни рӯзи шанбе бояд поймол нашавад (15–22)

    • Наҳемё занҳои бегона гирифтанро манъ мекунад (23–28)

13  Дар он рӯз китоби Мӯсо ба самъи мардум хонда шуд+ ва онҳо аз рӯйи навиштаҳо фаҳмиданд, ки ҳеҷ аммӯнӣ ё мӯобӣ+ набояд ба ҷамоати Худо дохил шавад,+  зеро онҳо исроилиёнро бо нону об пешвоз нагирифтанд, балки Билъомро киро карданд, то онҳоро лаънат* кунад,+ вале Худои мо лаънатро ба баракат табдил дод.+  Ҳамин ки халқ ин суханони Шариатро шуниданд, ҳамаи бегонагонро* аз Исроил ҷудо кардан гирифтанд.+  Пеш аз ин коҳине, ки бар анборҳои хонаи Худоямон+ гузошта шуда буд, Элёшиби+ хеши Тубиё+ буд.  Ӯ ба Тубиё анбори калонеро дод, ки пеш дар он ҳадияи ғалла, лодан, ашёҳо, даҳяки ғалла, шароби нав ва равған,+ ки ҳиссаи левизодагон,+ сарояндагон ва дарбонон буд, ва ҳамчунин хайрияҳои коҳинон гузошта мешуд.+  Тамоми он муддат ман дар Ерусалим набудам, чунки дар соли 32-юми+ Ардашер,+ подшоҳи Бобил, ба наздаш рафтам, ва баъди чанд вақт аз подшоҳ барои рафтан иҷозат гирифтам.  Вақте ки ба Ерусалим баргаштам, дидам, ки Элёшиб+ анбореро, ки дар саҳни хонаи Худост, ба Тубиё+ дода, кореро кардааст, ки ба ақл рост намеояд.  Ин кор ба ман сахт нафорид ва ман тамоми асбобу анҷоми Тубиёро аз он анбор берун партофтам.  Баъд аз ин бо фармони ман анборҳоро пок намуданд ва ман ашёҳои хонаи Худоро,+ ҳамчунин ҳадияи ғалла ва лоданро*+ ба он ҷо баргардонидам. 10  Ман боз фаҳмидам, ки ҳиссаҳои левизодагон+ дода намешуданд+ ва аз ин сабаб левизодагону сарояндагон хизмати худро партофта, ҳар яке ба киштзори худ рафтаанд.+ 11  Ман сардоронро+ сарзаниш карда гуфтам: «Барои чӣ ба хонаи Худо бепарвоӣ кардед?»+ Баъд ман онҳоро* ҷамъ карда, аз нав ба ҷойҳояшон таъйин намудам. 12  Он вақт тамоми Яҳудо даҳяки+ ғалла, шароби нав ва равғанро ба анборҳо оварданд.+ 13  Пас аз ин ман Шаламёҳуи коҳин, Содӯқи нусхабардор ва Фадоёи левизодаро, ки Ҳонони писари Заккури писари Маттанё дастёрашон буд, бар анборҳо гузоштам, зеро ин мардон боваринок буданд. Вазифаи онҳо ин буд, ки ҳиссаҳои бародаронашонро тақсим кунанд. 14  Маро, эй Худои ман, барои ин ба ёд ор+ ва корҳоеро, ки нисбати хонаи ту ва хизмати он аз меҳру вафо кардаам, аз лавҳи хотират пок насоз!+ 15  Дар он айём ман дидам, ки мардуми Яҳудо дар рӯзи шанбе+ ангурро дар чархушт мефишоранд, ғалларо хирман намуда, бар харҳо бор мекунанд ва дар ин рӯз шароб, ангур, анҷир ва ҳар гуна борро ба Ерусалим меоранд.+ Инро дида ман онҳоро огоҳ кардам, ки дигар дар он рӯз хӯрокворӣ нафурӯшанд*. 16  Сӯриёне, ки дар шаҳр мезистанд, моҳӣ ва ҳар гуна молро оварда, дар рӯзи шанбе дар Ерусалим ба мардуми Яҳудо мефурӯхтанд.+ 17  Барои ҳамин ман калоншавандагони Яҳудоро сарзаниш карда ба онҳо гуфтам: «Ин чӣ кори бадест, ки шумо мекунед? Чаро қонуни рӯзи шанберо поймол менамоед? 18  Магар бобоёни шумо чунин накарданд ки, Худоямон тамоми ин мусибатро бар сари мо ва бар ин шаҳр овард? Шумо рӯзи шанберо+ поймол намуда, ғазаби Худоро бар Исроил зиёд мекунед». 19  Пеш аз фаро расидани рӯзи шанбе, ҳамин ки соя ба дарвозаҳои Ерусалим афтид, ман фармон додам, ки дарҳоро банданд. Ҳамчунин ман гуфтам, ки то шанбе нагузарад, онҳоро накушоянд ва ман баъзе аз хизматгузоронамро назди дарвозаҳо гузоштам, то дар рӯзи шанбе ҳеҷ гуна бор наоранд. 20  Аз ин сабаб савдогарон ва фурӯшандагони ҳар навъ мол як-ду бор шабро берун аз Ерусалим рӯз карданд. 21  Ман онҳоро огоҳ карда гуфтам: «Барои чӣ шумо дар назди деворҳои шаҳр шабро мегузаронед? Агар як бори дигар дар ин ҷо истед, ман шуморо зада пеш мекунам». Аз он вақт сар карда онҳо дигар дар рӯзи шанбе наомаданд. 22  Ман ба левизодагон гуфтам, ки онҳо бояд худро доимо пок намоянд ва омада, назди дарвозаҳо посбонӣ кунанд, то рӯзи шанбе муқаддас+ бошад. Инро низ, эй Худои ман, барои ман ба хотир ор ва аз рӯйи меҳру вафои беандозаат ба ман раҳм кун!+ 23  Дар он рӯзҳо ман ҳамчунин дидам, ки баъзеи яҳудиён занони ашдӯдӣ,+ аммӯнӣ ва мӯобӣ+ гирифтаанд.+ 24  Нисфи писарони онҳо ба забони ашдӯдиён ва нисфи дигарашон ба забони халқҳои дигар гап мезад, забони яҳудиёнро бошад, ҳеҷ каси онҳо намедонист. 25  Барои ҳамин ман онҳоро сарзаниш кардам ва гуфтам, ки ба балои бад гирифтор шаванд. Ман баъзе аз мардони онҳоро задам,+ мӯйҳояшонро кандам ва онҳоро ба номи Худо қасам дода гуфтам: «Духтарони худро ба писарони онҳо надиҳед ва духтарони онҳоро барои худ ё писарони худ ба занӣ нагиред.+ 26  Магар Сулаймон, шоҳи Исроил, аз ҳамин сабаб гуноҳ накарда буд? Ҳол он ки дар байни халқҳои зиёд подшоҳе мисли вай набуд.+ Худояш ӯро дӯст медошт+ ва бар тамоми Исроил подшоҳ кард, вале занони бегона ҳатто ӯро ба гуноҳ тела доданд.+ 27  Наход шумо чунин кори гӯшношуниде кунед? Ин чӣ гуноҳи азимест, ки шумо кардед, ва занҳои бегона гирифта ба Худои мо бевафоӣ намудед?»+ 28  Яке аз писарони Юёдоқи+ писари Элёшиби+ саркоҳин домоди Санбалати+ ҳорӯнӣ шуда буд ва барои ҳамин ман ӯро аз наздам пеш кардам. 29  Эй Худои ман, онҳоро ба бадӣ ба хотир ор, зеро онҳо хизмати коҳинон ва аҳди коҳинону+ левизодагонро+ нопок карданд! 30  Ман онҳоро аз ҳар нопокии бегонагон пок намудам ва коҳинону левизодагонро ба корашон, ҳар якеро ба хизматаш, таъйин кардам,+ 31  ҳамчунин фармудам, ки дар вақташ ҳезум+ ва навбарҳо оварда шаванд. Маро, эй Худои ман, ба некӣ ба ёд ор!+

Поварақҳо

Ё «дуои бад».
Ё «насли омехтаро».
Лодан — хокаи қиматбаҳое, ки ҳангоми сӯзонидан бӯйи хуш мебарорад. Ниг. ба луғат.
Яъне левизодагону сарояндагонро.
Ё, эҳтимол, «дар он рӯз онҳоро огоҳ кардам, ки хӯрокворӣ нафурӯшанд».