Наҳемё 4:1-23

  • Кор бо вуҷуди зиддият пеш меравад (1–14)

  • Коргарон аслиҳа дар даст бино мекунанд (15–23)

4  Вақте Санбалат+ фаҳмид, ки мо деворро таъмир карда истодаем, ба қаҳр омад ва ин ба вай сахт нафорид ва ӯ яҳудиёнро масхара кардан гирифт.  Вай дар пеши бародаронаш ва лашкари Сомария чунин гуфт: «Ин чӣ корест, ки ин яҳудиёни нимҷон карда истодаанд? Магар онҳо худашон аз уҳдаи ин кор мебароянд? Оё онҳо қурбонӣ меоранд? Чӣ, онҳо дар як рӯз тамом карданианд? Оё онҳо ба сангҳои сӯхтаи харобаҳо ҷон бахшиданианд?»+  Тубиёи+ аммӯнӣ,+ ки дар назди ӯ истода буд, гуфт: «Ба ин девори сангинашон рӯбоҳ барояд, онро чаппа мекунад».  Бишнав, эй Худои мо, ки чӣ тавр моро паст мезананд.+ Бигзор бадгӯйии онҳо бар сари худашон ояд+ ва онҳоро асир карда, ба замини бегона баранд.  Аз хатои онҳо чашм напӯш ва гуноҳашонро набахш,+ зеро онҳо бинокоронро таҳқир карданд.  Мо сохтани деворро давом додем ва онро гирдогирди шаҳр пайваст карда, то нисфаш бардоштем ва халқ аз таҳти дил кор мекард.  Вақте Санбалат, Тубиё,+ арабҳо,+ аммӯниён ва ашдӯдиён+ шуниданд, ки сохтмони девори Ерусалим пеш рафта истодааст ва рахнаҳои онро пӯшонда истодаанд, хеле ба хашм омаданд.  Онҳо забон як карданд, ки омада, бар зидди Ерусалим ҷанг кунанд ва шаҳрро ба шӯр оранд.  Аммо мо ба Худои худ дуо гуфтем ва посбон гузоштем, ки моро аз онҳо рӯзу шаб ҳимоя кунанд. 10  Халқи Яҳудо мегуфт: «Хоку санги харобаҳо ҳоло бисёр аст, аммо қуввати коргарон барои кашонда партофтани он намерасад. Мо ҳеҷ гоҳ ин деворро сохта наметавонем». 11  Душманонамон бошанд, мегуфтанд: «Пеш аз он ки онҳо хабар ёбанд ё моро бинанд, мо ба миёни онҳо даромада, онҳоро мекушем ва корро мехобонем». 12  Вақте яҳудиёне, ки дар наздикии онҳо зиндагӣ мекарданд, ба шаҳр меомаданд, такрор ба такрор ба мо мегуфтанд: «Онҳо аз ҳар тараф омада, ба мо ҳамла мекунанд». 13  Барои ҳамин ман дар пушти девор, дар пастхамиҳо ва ҷойҳои кушода, мувофиқи хонаводаҳояшон посбон гузоштам ва онҳо дар даст шамшер, найза ва камон доштанд. 14  Вақте ман тарси онҳоро дидам, дарҳол бархоста, ба калоншавандагон,+ сардорон ва халқ гуфтам: «Аз онҳо натарсед.+ Яҳува, Худои бузург ва пурҳашаматро,+ дар хотир доред ва барои бародарон, писарон, духтарон, занон ва хонаҳоятон биҷангед». 15  Вақте душманонамон фаҳмиданд, ки мо аз корҳои онҳо хабардор шудем ва Худо қасдашонро вайрон кардааст, мо боз ба кори девор баргаштем. 16  Аз ҳамон рӯз сар карда нисфи одамонам кор мекарданд+ ва нисфи дигарашон найза, сипар ва камон дар дасту зиреҳ дар тан посбонӣ менамуданд. Мирон+ бошанд, аҳли Яҳудоро, 17  ки деворро месохтанд, дастгирӣ мекарданд. Онҳое, ки бор мекашонданд, бо як даст кор мекарданд ва бо дасти дигар аслиҳа медоштанд. 18  Ҳар як бинокор дар вақти сохтмон дар миёнаш шамшер дошт ва шохнавоз+ дар назди ман меистод. 19  Ман ба калоншавандагон, сардорон ва бақияи халқ гуфтам: «Кор хеле бисёр аст ва мо дар ҳар ҷойи девор парокандаему аз якдигар дур мебошем. 20  Вақте овози шохро шунавед, дар назди мо ҷамъ шавед. Худоямон барои мо ҷанг мекунад».+ 21  Мо аз дамидани субҳ то баромадани ситораҳо кор мекардем, нисфи дигарамон бошад, дар даст найза дошта меистод. 22  Он вақт ман ба халқ гуфтам: «Бигзор ҳар кас бо хизматгораш дар даруни Ерусалим шабро рӯз кунад, то онҳо шабона моро посбонӣ намоянд ва рӯзона кор кунанд». 23  Ман, бародаронам, хизматгоронам+ ва посбононе, ки ҳамроҳи ман буданд, ҳеҷ гоҳ либосамонро намекашидем ва ҳар якеамон доимо дар дасти рости худ аслиҳа доштем.

Поварақҳо