Наҳемё 6:1-19

  • Зиддият ба сохтмон давом дорад (1–14)

  • Девор дар 52 рӯз сохта мешавад (15–19)

6  Ҳамин ки Санбалат, Тубиё,+ Ҷашами араб+ ва дигар душманонамон шуниданд, ки ман деворро бино кардаам+ ва рахнае дар он намондааст — ҳарчанд он вақт ман ҳанӯз дарҳои дарвозаҳоро нашинонда будам+ —  Санбалат ва Ҷашам даррав ба ман чунин хабар фиристоданд: «Биё гапзанон кунем ва дар яке аз қишлоқҳои водии Уну+ вохӯрем». Аммо онҳо қасд доштанд, ки ба ман зарар расонанд,  барои ҳамин ман назди онҳо хабаррасононро фиристода, гуфтам: «Ман бо кори муҳиме банд ҳастам ва назди шумо фаромада наметавонам. Чаро назди шумо оям ва кор бозистад?»  Онҳо чор бор ба наздам кас фиристода, ҳамон суханонро гуфтанд, аммо ман ҳар дафъа як хел ҷавоб медодам.  Он гоҳ Санбалат бори панҷум хизматгузори худро бо ҳамон суханон назди ман фиристод ва ӯ номаи кушодае дар даст дошт.  Дар он чунин навишта шуда буд: «Дар байни халқҳо овоза паҳн шудааст ва Ҷашам+ низ мегӯяд, ки туву яҳудиён исён бардоштаниед+ ва ту барои ҳамин деворро сохта истодаӣ. Аз рӯйи ин гапҳо, ту подшоҳи онҳо шуданиӣ.  Ҳамчунин ту пайғамбаронро таъйин намудаӣ, то дар саросари Ерусалим дар бораат эълон карда чунин гӯянд: “Ана подшоҳи Яҳудо!” Акнун ин хабарҳо ба гӯши подшоҳ мерасад. Пас, биё ин масъаларо ҳаллу фасл кунем».  Лекин ман ба ӯ ҷавоб додам: «Он чизе, ки ту мегӯӣ, рӯй надодааст. Ту инро аз дили худат бофта баровардаӣ».  Ҳамаи онҳо моро тарсондан мехостанд ва мегуфтанд: «Дасту дили онҳо аз кор хунук мешавад ва ин кор нотамом мемонад».+ Худоё, дастони маро қавӣ гардон.+ 10  Баъд ман ба хонаи Шамаъёҳуи писари Далоёи писари Маҳитабъил, ки дарашро баста менишаст, омадам. Ӯ гуфт: «Биё вақтро таъйин карда, дар хонаи Худо, дар даруни ибодатгоҳ, вохӯрем ва дарҳои онро бандем, чунки онҳо барои куштани ту меоянд. Онҳо барои куштани ту шабона меоянд». 11  Аммо ман гуфтам: «Наход шахсе мисли ман гурезад? Оё касе мисли ман метавонад ба ибодатгоҳ дарояду зинда монад?+ Ман ба он ҷо намедароям!» 12  Баъд ман фаҳмидам, ки Худо ӯро нафиристода буд, балки Тубиё ва Санбалат+ ӯро киро карда буданд, ки бар зидди ман пешгӯйӣ кунад. 13  Онҳо ӯро киро карданд, то маро тарсонад ва ба гуноҳ тела диҳад, зеро мехостанд инро баҳона карда обрӯямро резонанд ва маро сиёҳ кунанд. 14  Эй Худоям, Тубиёву+ Санбалат ва ин корҳояшонро, ҳамчунин Нуадёи набия ва дигар пайғамбаронеро, ки доимо маро метарсонданд, ба ёд ор. 15  Девор рӯзи 25-уми моҳи элул*, дар давоми 52 рӯз, сохта шуд. 16  Вақте ки ҳамаи душманонамон аз ин хабар ёфтанд ва тамоми халқҳои гирду атроф инро диданд, шармандаю шармсор шуданд+ ва фаҳмиданд, ки мо ин корро бо ёрдами Худои худ ба анҷом расондем. 17  Дар он рӯзҳо калоншавандагони+ Яҳудо ба Тубиё номаҳои зиёде мефиристоданд ва ӯ ба онҳо ҷавоб медод. 18  Бисёриҳо дар Яҳудо бо ӯ аҳду паймон баста буданд, чунки ӯ домоди Шаканёи писари Ораҳ+ буд, ва писараш Еҳуҳонон духтари Машулломи+ писари Баракёро ба занӣ гирифта буд. 19  Ҳамчунин онҳо ӯро доимо ба ман таъриф мекарданд ва суханони маро ба ӯ мерасонданд. Тубиё бошад, номаҳо мефиристод, то маро тарсонад.+

Поварақҳо