Ошкорсозӣ 10:1-11

  • Фариштаи пурзӯр бо дастхати хурд (1–7)

    • «Вақти интизорӣ ба охир расид» (6)

    • Сирри муқаддас бояд иҷро шавад (7)

  • Юҳанно дастхати хурдро мехӯрад (8–11)

10  Сипас ман фариштаи пурзӯри дигареро дидам, ки аз осмон мефаромад. Он фаришта абрро чун либос пӯшида буд*, дар болои сараш рангинкамоне дошт, рӯяш мисли офтоб буд+ ва пойҳояш мисли сутунҳои оташ.  Ӯ дар дасташ дастхати хурди кушодае дошт. Он фаришта пойи росташро бар баҳр ва пойи чапашро бар замин гузошт  ва бо овози баланд, ки мисли наъраи шер буд,+ фарёд зад. Вақте ӯ фарёд зад, ҳафт раъд+ овоз бароварда сухан гуфтанд.  Вақте ки ҳафт раъд сухан гуфтанд, ман ба навиштан тайёр шудам, вале аз осмон овозе шунидам,+ ки чунин гуфт: «Суханонеро, ки ҳафт раъд гуфтанд, муҳр зан ва онҳоро нанавис».  Он гоҳ ман фариштаи бар баҳр ва бар замин истодаро дидам, ки дасти росташро сӯйи осмон боло кард  ва бо Абадзинда+ ва Офаридгори осмон, замин, баҳр ва мавҷудоти онҳо+ қасам хӯрда гуфт: «Вақти интизорӣ ба охир расид.  Дар рӯзҳое ки фариштаи ҳафтум+ ба навохтани карнай+ тайёр мешавад, сирри муқаддасе,+ ки Худо ба бандагони худ, ба пайғамбарон,+ чун хушхабар эълон карда буд, иҷро мегардад».  Пас аз ин ман овозеро аз осмон шунидам,+ ки боз ба ман сухан ронда гуфт: «Рафта, дастхати кушодаро аз дасти фариштае, ки бар баҳр ва бар замин истодааст, бигир».+  Ман назди он фаришта рафтам ва ба ӯ гуфтам, ки дастхати хурдро ба ман диҳад. Ӯ гуфт: «Онро гирифта, бихӯр.+ Он дар шикамат талх, лекин дар даҳонат мисли асал ширин мешавад». 10  Ман он дастхати хурдро аз дасти фаришта гирифта, хӯрдам+ ва даҳонам чун асал ширин шуд,+ лекин, вақте онро фурӯ бурдам, шикамам талх гашт. 11  Он гоҳ ба ман гуфтанд: «Ту бояд боз дар бораи халқҳо, миллатҳо, забонҳо ва подшоҳони бисёр пешгӯйӣ кунӣ».

Поварақҳо

Ё «бо абр печонида шуда буд».