Ошкорсозӣ 18:1-24
18 Пас аз ин ман фариштаи дигареро дидам, ки аз осмон мефаромад. Ӯ қудрати бузург дошт ва замин аз ҷалолаш равшан гашта буд.
2 Он фаришта бо овози баланд фарёд зада гуфт: «Фурӯ ғалтид! Бобили бузург фурӯ ғалтид!+ Вай ҷойи зисти девҳо ва макони ҳар рӯҳи* нопок ва ҳар парандаи нопоку нафратангез шуд.+
3 Тамоми халқҳо қурбони шароби шаҳват* ва зинои* вай шуданд,+ подшоҳони замин бо ӯ зино карданд+ ва савдогарони замин аз сарвати бешумораш, ки бешармона ҷамъ оварда буд, бой гаштанд».
4 Сипас ман овози дигареро аз осмон шунидам, ки гуфт: «Аз вай берун оед, эй халқи ман,+ то ба гуноҳҳояш шарик нашавед ва ба балоҳояш гирифтор нагардед,+
5 зеро гуноҳҳои вай ҷамъ шуда, то худи осмон расидаанд+ ва Худо беадолатии ӯро* ба хотир овардааст.+
6 Бо ӯ ҳамон тавре рафтор кунед, ки вай бо дигарон мекард,+ бале, барои корҳои кардааш ӯро дучандон ҷазо диҳед,+ дар косае,+ ки вай шароб тайёр мекард, барояш ду баробар зиёд шароб тайёр кунед.+
7 Ҳар қадаре ки вай худро ҷалол медод ва шарм надошта бодабдаба зиндагӣ мекард, ҳамон қадар ӯро азоб диҳед ва ба ғаму андуҳ гирифтор кунед. Охир, вай дар дили худ мегӯяд: “Чун малика нишастаам, ман бева нестам ва ҳеҷ гоҳ ғаму андуҳро намебинам”.+
8 Бинобар ин дар як рӯз ба сараш балоҳо — марг, ғаму андуҳ ва гуруснагӣ, меояд ва ӯ пурра бо оташ сӯзонида мешавад,+ зеро пурзӯр аст Яҳува Худо, ки ӯро доварӣ кардааст.+
9 Подшоҳони замин, ки бо ӯ зино* мекарданду ҳамроҳаш шарм надошта бодабдаба мезистанд, аз дидани дуди сӯхтори вай гиря мекунанд ва барои ӯ аз ғаму андуҳ ба синаашон мезананд.
10 Онҳо, ки азобҳои ӯро дида ба тарс меоянд, аз дур истода, мегӯянд: “Ҳайф, сад ҳайф, эй шаҳри бузурги+ Бобил, эй шаҳри мустаҳкам, зеро ту дар як соат доварӣ шудӣ!”
11 Ҳамчунин савдогарони замин барои ӯ гиря мекунанд ва мотам мегиранд, чунки моли онҳоро дигар ҳеҷ кас намехарад.
12 Дигар ҳеҷ кас тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо, марворид, катони аълосифат, либосҳои бунафшранг, шоҳӣ, либосҳои сурхи қиматбаҳо, чизҳои аз чӯби хушбӯй, устухони фил, чӯби пурарзиш, мис, оҳан ва мармар сохтаро,
13 ҳамчунин дорчин, ҳел, бухур, равғани хушбӯй, лодан, шароб, равғани зайтун, орди маҳин, гандум, чорво, гӯсфандон, аспҳо, аробаҳо, ғуломон ва ҳаёти одамонро намехарад.
14 Бале, ту аз чизҳои хубе, ки дар орзуяшон будӣ, маҳрум шудӣ ва ҳар хӯроки болаззат ва чизи бошукӯҳ аз дастат рафт ва дигар ҳеҷ гоҳ ёфт намешавад.
15 Савдогароне, ки ин чизҳоро мефурӯхтанд ва аз ҳисоби вай бой мешуданд, аз тарси азобҳояш дуртар истода, гиряву нола мекунанд
16 ва мегӯянд: “Ҳайф, сад ҳайфи он шаҳри бузург, ки катони аълосифат ва либосҳои бунафшрангу сурх мепӯшид ва худро бо зару зевар, сангҳои қиматбаҳо ва марвориди бисёр оро медод,+
17 зеро дар як соат чунин сарвати бузург нобуд шуд!”
Ҳамаи киштибонон, киштисаворон, баҳрнавардон ва тоҷирони баҳр дур меистоданд
18 ва дуди сӯхтани вайро дида фиғон мекашиданду мегуфтанд: “Кадом шаҳр ба ин шаҳри бузург баробар аст?!”
19 Онҳо хок бар сар мепошиданд ва бо гиряву нола фарёд мезаданду мегуфтанд: “Ҳайф, сад ҳайфи он шаҳри бузург, ки ҳамаи киштидорони баҳр аз сарваташ бой гаштаанд, зеро вай дар як соат нобуд шуд!”+
20 Эй осмон, аз он чӣ бар сари ӯ омадааст, шодӣ кун!+ Шумо низ, эй покон,+ расулон ва пайғамбарон, аз ин шодӣ кунед, зеро Худо ба хотири шумо доварии худро дар ҳаққи вай эълон кардааст!»+
21 Фариштаи пурзӯре сангеро, ки мисли санги калони осиё буд, бардошта, ба баҳр партофту гуфт: «Бобил низ, ки шаҳри бузург аст, ҳамин тавр, башаст, партофта мешавад ва дигар ёфт намегардад.+
22 Дар ту дигар ҳеҷ гоҳ овози сарояндагони чангнавоз, найнавозон, карнайнавозон ва дигар навозандагон шунида намешавад. Ҳеҷ ҳунарманде, ки бо касбе машғул аст, дигар дар ту ёфт намешавад ва овози ҳеҷ осиёе дар ту садо намедиҳад.
23 Рӯшноии ягон чароғ дигар дар ту дида намешавад ва овози домоду арӯс дар ту шунида намешавад, зеро савдогарони ту мансабдорони дунё буданд ва сеҳру ҷодуи+ ту тамоми халқҳоро гумроҳ сохта буд.
24 Бале, дар ӯ хуни пайғамбарон, покон+ ва ҳамаи куштагони рӯйи замин ёфт шудааст».+